СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Маводхо барои дарси геометрия дар синфи 7

Категория: Геометрия

Нажмите, чтобы узнать подробности

маводхо барои дарси геометрия дар синфи 7 (назария, масъала, супоришхо, тестхо)Мавзуъ: Порча

Просмотр содержимого документа
«Маводхо барои дарси геометрия дар синфи 7»

Маводхо барои дарси геометрия. Дарси 3 .Геометрия7 Мавзуъ: Порча.

Маводи назарияви.

Порча – мафхуми дигари асосии геометри аст ки шумо аз синфи 5-6 шиносед. Порча –шакли геометри аст , ва он кисми хати рост аст,ки байни ду нукта махдуд аст.Порча аввалу охир дорад. Нуктахое ки байни ин ду нуктаи додашуда мавчуданд мутаалики порча мебошанд. Ин нуктахо нугхои порча номида мешаванд. Порча бо ду харфи калони лотини номгузори карда мешавад ва ин харфхо дар нугхои порча навишта мешаванд: АВ; ВС ; АС…Хамон як порчаро ду хел номгузори кардан мумкин аст, мисол: АВ ва ВА

Порча дарозии муайяни аз нул фарккунанда дорад. Дарозии порча гуфта масофаи байни ду нугхои онро меноманд .Агар порча ба кисмхо таксим карда шавад ,он гох дарозии он ба суммаи дарозии кисмхои он баробар аст.

Хосиятхои порча:

Порча кисми хати рост аст.

Порча дарози дорад, ва он ченшаванда аст.

Порча бо ду харфи калони лотини номгузори карда мешавад.

Порча аз нуктахо сохта мешавад

Аз се нуктаи дар як порча хобида якеаш байни дутои дигараш вокеъ аст.

Порчахо метавонанд нуктаи умуми дошта бошанд.

Аз порчахои байни хам пайваст хати шикаста сохтан мумкин аст.

Масъалахо:

1.Дарозии порчаи АВ 5см аст. Онро бе истифода аз хаткашак тасвир кунед.

2.Дар порчаи АВ нуктаи С гузошта шудааст, ки онро ба порчахои 6см 12мм ва 7дм 8мм таксим мекунад.Дарозии порчаи АВ чанд см аст?

3.Дарозии порчаи АВ 24см аст.Дар он нуктаи С гузошта мешавад.Дарозии порчахои АС ва ВС-ро ёбед агар АС аз ВС 7см дарозтар бошад.

4. Дарозии порчаи АВ 24см аст. Дар он нуктаи С гузошта мешавад. Дарозии порчахои АС ва ВС-ро ёбед агар АС аз ВС 10см кутохтар бошад.

5.Дарозии порчаи АВ 36см аст.Дар байни ин нуктахо нуктаи С гузошта шудааст.Дарозии порчахои АС ва ВС-ро ёбед, агар АС аз ВС ду маротиба дарозтар бошад.

6.Дарозии порчаи АВ 81см аст. Дар он нуктаи С гузошта шудааст. Порчаи АС аз порчаи ВС 3маротиба хурдтар аст. Дарозии порчахои АС ва ВС-ро ёбед.

7.Дарозии порчаи АВ 15 см аст .Нуктаи С онро ба ду порча чудо мекунад. Порчахои АС ва ВС чун 2:3 нисбат доранд. Порчахои АС ва ВС-ро ёбед.

8.Дарозии порчаи АВ=90см,АС=25см ва ВС=65 см аст. Оё метавонад С байни нуктахои А ва В чойгир бошад.

9.Дарозии порчаи АВ= 68см ва порчаи АС =24см ,ВС=25см аст. Оё нуктаи С метавонад байни нуктахои А ва В чойгир шавад.

10. Дарозии порчаи АВ=100см ва АС=35см , ВС =75см аст . Оё метавонад нуктаи С байни нуктахои А ва В чойгир бошад.

Супоришхо:

  1. Порчаи АВ кашед. Дар он ду нукта гузоред. Нуктахоро ном гузоред ва хамаи порчахоеро номбар кунед ки дар натичаи ин амал хосил шуд.

  2. Чор нуктаи дар як хати рост нахобандаро дар хамвори гузоред. Онхоро бо хатхо пайваст кунед.Нуктахои пайвандро номгузори кунед. Порчахое ки хосил шуданд номбар кунед.

  3. Се порчаро чунон кашед ки чуфт –чуфт нуктаи умуми дошта бошанд . Оё порчаи нав хосил шуд? Онро номбар кунед.

  4. Порчаи АВ кашед. Дар байни ин нуктахо нуктаи С гузоред. Аз нуктаи С ба ду тараф дар масофахои баробар нукта гузоред. Порчаи АВ ба чанд порча таксим шуд. Онхоро номбар куне два дарозихояшонро чен кунед .

  5. Хати рости АВ кашед Порчаи АВ-ро дар он ишора кунед:

А) се нукта гузоред ки мутаалики порчаи АВ бошад.

В)се нукта гузоред ки ба хати рости АВ таалук дошта бошаду ба порчаи АВ не.

С)се нукта гузоред ки на муталики порчаи АВ бошаду на ба хати рости АВ таалук дошта бошад.

6. Хати шикастае кашед,ки аз чор порчаи пайдарпай пайваст иборат бошад. Чи гуна шакл хосил шуд?

7.Порчаи дарозииаш 100см-ро 10маротиба хурд карда дар дафтар кашед. Дарозии порчаи нав чанд аст?

8.Аз порчахо одамча созед.Чанд порча лозим шуд?

9.АВ=9см Онро ба ду кисми баробар таксим кунед Оё ин имкон дорад . Ба 7 кисми баробар чи?

10.Оё порча аввалу охир дорад? агар дошта бошад онхоро нишон дихед. Оё у метавонад самт дошта бошад. Чавобро шарх дихед.

Тестхо:

  1. Кисми хати рост ки бо ду нукта махдуд аст.

А)Порча, В) нур, С)нимхати рост.

2. Ишораи нугхои порча.

А) АВ, в)ПС С)ав

3. Дарозии порча.

А)Дарозии порча ва хати росте ки аз он порча сохта шудааст баробар аст.

В)Масофаи байни ду нуктае, ки нугхои порчаро ифода мекунад.

С)Хамеша бо сантиметр ифода карда мешавад.

4. Кадоме аз чумлахои зерин дуруст аст?

А)Аз се нуктаи додашуда дутояш байни дутои дигараш вокеъ аст.

В)Аз се нуктаи додашуда танхо яктояш байни дутои дигараш вокеъ аст.

С)Аз се нуктаи додашуда ягонтояш байни дигархояш вокеъ шуда наметавонад

5. Порчаи АВ-ро кашед , дар байни он ду нукта гузоред .Чанд порча хосил шуд?

А) 3-то В)5-то С) 6-то.

6.Порчаи АВ кашед , дар байни он ду нукта гузоред. Дарозии порчаи АВ-ро ифода кунед.

А) АВ=AC+DC B) AB=AC +BC+AD C)AB=AC+CD+DB.

7.Вохидхои дарози.

А) кг, т, г В) км/ч , м/с см/мин С) км, см ,мм .

8)Кадом вакт ду порча дарозихои баробар доранд?

А)Агар нугхои ин порчахо хамчоя шаванд.

В)Агар порчахо ба кисмхои баробар таксим шаванд.

С) Агар дарозихои онхо бо вохидхои якхелаи дарози ифода ёбанд

9 Кадоме аз порчахо дар хакикат баробаранд

А) АВ=ВС в)ВС=СЕ С) АС=СА

10. Кисмхои хати шикастаи АВСЕТМЕ-ро номбар кунед.

А) АВ. СЕ. ТМ ЕМ В) МЕ, СЕ ,АВ ЕТ. С) АВ, ВС, СЕ, ЕТ, ТМ, МЕ.


Скачать

Рекомендуем курсы ПК и ППК для учителей

Вебинар для учителей

Свидетельство об участии БЕСПЛАТНО!