481-500. Халли намунахои саволу масъалахои тести аз математика (ММТ-2019)
481.Тести фанни математика аз 27 саволу масъалаи алгебра ва геометрия иборат буда ,хамчун 5:4 нисбат дорад. Дар он чанд саволу масъала аз геометрия хаст?
Хал:
А:Г=5:4
А=5х
Г=4х
А+Г=27
5х+4х=27
9х=27
Х=3
Г=4х=4*3=12
482.Агар нархи нон 80 дирам бошад, бо 12 сомони чандто нон харидан мумкин аст?
Хал:
12сомони=1200дирам
1200:80=15 нон.
483.Дар мактаб хамаги 1195 хонанда хаст. Агар микдори писарон назар ба духтарон 45 нафар бештар бошад, чанд нафари хонандагонро духтарон ташкил медиханд.
Хал:
Д—х
П---х+45
Д+П=1195
Х+х+45=1195
2х=1195-45
2х=1150
Х=575
П=х+45=575+45=620 нафар.
484.Аз як бог 13 т 700кг хурмо, аз боги дигар назар ба якум 7т 800кг бештар ва аз боги сеюм хамон кадар хурмо чамъовари карданд,ки он ба хосили чамъи хосили хар ду боги аввала баробар аст.Аз се бог хамаги чанд килограмм хурмо чамъовари карданд?
Хал:
Б1----13,700кг
Б2---13,700+7,800=21,500кг
Б3---13,700+21,500=35,2
Б1+Б2+Б3=13,7+21,5+35,2=70,4
Чавоб:70400 кг
485.Дар мактаб 1380 хонанда хаст. Агар писарон 55%-и тамоми хонандагонро ташкил дихад, дар мактаб чанд нафар писар тахсил мекунад?
Хал:
1380---100%
Х-----55%
Х=(55*1380)/100=759 нафар.
486. Бастаи массааш 1 кг аз 220 варак иборат аст. Дар бастае ки 3,45кг вазн дорад, чанд варак хаст?
Хал:
1кг---220варак
3,45---х
Х=220*3,45=759 варак
487.Агар Мино 28%-и китоберо ки 250 сахифа дорад, хонда бошад, у чанд сахифа китобро хонд?
Хал:
250---100%
Х---28%
Х=(28*250)/100=70 сахифа.
488.Адади 576-ро мутаносибан ба ададхои 4,5 ва 9 таксим кунед
Хал:
а:в:с=4:5:9
а=4х
в=5х
с=9х
а+в+с=576
4х+5х+9х=576
18х=576
Х=32
а=4х=4*32=128
в=5х=5*32=160
с=9х=9*32=288
чавоб:128;160;288.
489.Агар нархи хомаву блокнот 11 сомони, блокноту албом 12 сомони ва албому хома 13 сомони бошад, як хома чанд сомони аст?
Хал:
Хома—а
Блокнот—в
Албом---с
а+в=11
в+с=12
а+с=13
-----------
в=11-а
с=13-а
11-а+13-а=12
24-2а=12
2а=12
а=6с
490.Дар гулдастаи Гулноз садбарги сурх ва сафед—7-то, садбарги сафед ва норинчи—8-то ва сабарги норинчи ва сурх—9-то. Гулдаста чанд садбарги норинчи дорад?
Хал:
Садбарги сурх---а
Сафед----в
Норинчи---с
а+в=7
в+с=8
а+с=9
в=8-с
а=9-с
8-с+9-с=7
17-2с=7
2с=10
С=5
491.Агар 1 кг зардолуву 3 кг шафтолу якчоя 18 сомони ва 2 кг зардолуву 1 кг шафтолу якчоя 16 сомони бошад, 4кг зардолуву 5 кг шафтолу хамаги чанд сомони аст?
Хал:
Зардолу—х
Шафтолу---у
Х+3у=18
2х+у=16
4х+5у=?
5у=20
У=4
Х+3*4=18
Х+12=18
Х=6
4х+5у=4*6+5*4=24+20=44с
492. Дилбар масофаи садметраро дар давоми 1/5 дакика, Гуландом дар 1/4 дакика, Паричехра дар 3/10 дакика ва Рудоба дар 4/15 дакика паси сар карданд.Онхо бо кадом тартиб ба марра расиданд?
Хал:
Д=1/5дак=1/5*60=12сония
Г=1/4дак=1/4*60=15сония
П=3/10дак=3/10*60=18сония
Р=4/15дак=4/15*60=16сония
Чавоб:Дилбар,Гуландом,Рудоба, Паричехра.
493.Ба 27 нафар хонандаи гимназия 162 дафтарро баробар таксим карданд. Хар як хонанда чанд дафтар гирифт?
Хал: 162:27=6-тоги
494.Агар Гулнор 34%-и китоберо,ки 250 сахифа дорад, хонда бошад,у чанд сахифа хонд?
Хал:
250---100%
Х-----34%
Х=(250*34)/100=85 с
495.Агар нархи ду нон 3 сомони бошад, бо 20 сомони аз хама бештар чандто нон харидан мумкин аст?
Хал:
2нон----3с
Х-----20с
Х=(2*20)/3=40:3=13нон(1с-бакия)
496.Бахман ададеро ба хотир гирифт. Агар ба он адади 8 чамъ ва хосили он ба 4 зарб шаваду аз хосили зарб адади 59 тарх гардад,боз хамон адад хосил мешавад. Бахман кадом ададро ба хотир гирифт?
Хал:
(Х+8)4-59=х
4х+32-59=х
4х-х=27
3х=27
Х=9
497.Ададеро ёбед ки 4/7 хиссаи он ба 104 баробар аст.
Хал: 4/7х=104
Х=104:4/7
Х=104*7/4
Х=182
498.Дар дукони дузандаги 28 куртаи занона ва 18 куртаи мардона духтанд. Барои хар як куртаи занона 4м 25 см матои атлас ва барои хар як куртаи мардона2м 50см матои пахтагин сарф карданд. Хамаги чи кадар матоъ сарф шуд?
Хал:
28 куртаи занона (28*4,25=119м)
18 куртаи мардона (18*2,50=45м)
Хамаги---119+45=164м
499.Аз симе ки 100м дарози дорад, 3 маротиба 12
метри ва баъд 5маротиба 11
метри буриданд. Чанд метр сим боки мемонад?
Хал:
3*51/4=153/4-аввал буриданд
5*237/20=237/4-баъдтар
Хамаги 153/4+237/4=97,5 м буриданд
100-97,5=2,5
500.Агар кимати 8м матоъ 68 сомони бошад, нархи 10м чунин матоъ чанд сомони аст?
Хал:
8м----68с
10м---х
Х=(10*68)/8=85с