СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Алгоритми хаттӣ

Категория: Информатика

Нажмите, чтобы узнать подробности

Просмотр содержимого документа
«Алгоритми хаттӣ»

Алгоритм

Барои муоинаи ҳар гуна масъалаи амалӣ зарур аст, ки мо пешакӣ пайдарпайии амалиётеро муайян созем, ки онҳо ба ҳалли ин масъалаҳо оварда мерасонанд. Ана ҳамин гуна тарзи иҷрои пайдарпайии амалиётро, ки ба ҳалли ин ё он масъала оварда мерасонад, алгоритм низ мегӯянд. Калимаи “алгоритм” аз шакли навишти лотинии номи риёзидони машҳури Осиёи Марказӣ (асри IX) Муҳаммад Алхоразмӣ (Algorithmi) гирифта шудааст. Алхоразмӣ аллакай дар ҳамон замон қоидаҳои иҷрои амалҳои арифметикиро дар системаи ҳисоби даҳи пешниҳод намуда буд.

Маҳфуми алгоритм хусусан ҳангоми ҳалли масъалаҳо бо ёрии компютер васеъ татбиқ карда мешавад. Умуман, ба алгоритм таърифи катъӣ додан мумкин нест. Онро танҳо маънидод кардан мумкин аст. Масалан:

Алгоритм маҷмӯи амрҳои барои иҷрочӣ фаҳмо ва нишондоди аниқи пайдарпайии амалиётест, ки барои ба даст овардани мақсад ё ҳал намудани масъалаи гузошташуда бояд онҳо пайдарпай иҷро карда шаванд.

Тарзҳои тасвири иҷрочӣ. Иҷрочиён алгоритмҳо ба мисли худи алгоритмҳо гуногунанд. Ҳар кадоми онҳо вобаста ба имконот ва синфи масъалаҳои кориашон маҷмуи амалиёти махсуси худро доранд. Маҷмӯи амалиётро, ки иҷрочи амалӣ гардонида метавонад, системаи фармонҳо иҷрочӣ мегӯянд.

Тарзҳои тасвири алгоритм.Барои он ки алгоритмро иҷрочӣ амали гардонида тавонад, бояд он бо ягон тарз тасвир карда шавад. Шаклҳои нисбатан бештар паҳнгардидаи алгоритмҳо матнӣ, формулавӣғматнӣ, ҷадвалӣ, блокғнақшавӣ ва барномавӣ мебошанд.

Шакли матнии алгоритм исконият медиҳад, ки алгоритм ба воситаи калима ва ҷумлаҳои забони муқаррарии гуфтӯйинавишта шавад. Дар шакли формулавӣғматнии алгоритм марҳалаҳои он бо ёрии формуҳои математикӣ тасви карда шуда, барои шарҳу эзоҳашон аз матнҳо истифода мебаранд. Шакли ҷадвалии алгоритм имконит медиҳанд, ки марҳалаҳои он дар сатру сутунҳои ҷадвал тасвир карда шаванд.

Блок-нақша тасвири графикии сохтори мантиқии алгоритм мебошанд, ки дар он ҳар як марҳалаи алгоритм ба воситаи ягон шакли геометрии мувофиқ ифода карда мешавад. Барои нишон додани самти идоракунӣ аз тирча истифода мебаранд. Ба сифати блокҳо шаклҳои зерин истифода мешаванд:

Шакли барномавии алгоритм – ин табдили алгоритм ба дастури махсусест, ки компютер маҳз дар асоси он кореро ба анҷом мерасонад. Барои эҷоди барномаҳо аз забонҳои барномарезӣ истифода мебаронд. Аслан барномаи компютерӣ- ин лгоритм дар забони компютер аст.

Хосиятҳои алгоритм. Ҳар гуна алгоритм дорои хосиятҳои зерин мебошад:

  1. Дискретӣ – тақсимкунии алгоритм ба марҳалаҳо (қадамҳо). Ҳар як қадам дар ягон фосилаи охирноки вақт ба таври дискретӣ (алоҳида - алоҳида) амалӣ мегардад.

  2. Аниқӣ – аз руйи тартиби муайян ва мушаххас иҷро гаштани қадамҳо.

  3. Детерминантӣ (муайянӣ) – фаҳмо ва қобили қабул будани ҳар як қадам барои иҷрочӣ. Ин хосит кқиматӣ ва якхелфаҳмии алгоритмро таъмин менамояд, яъне алгортм барои як маҷмӯи додаҳо доимо як натиҷаро пешкаш мекунад. Дар қадамҳои алгоритм ибораҳое ба мисли “якчанд дақиқа”, “зарби х ба яке аз ададҳои а ё б”, “ду-се қошуқ шакар” ва ғайра бояд дучор наоянд.

  4. Натиҷанокӣ – пас аз иҷрои ҳамаи қадамҳо ҳатман соҳиби натиҷаи зарурӣ шудан. Яъне, раванд бояд пас аз иҷрои алгоритм қатъ гардад ва натиҷаҳои зарурӣ дастрас шаванд.

  5. Оммавӣ – истифодаи алгоритм барои ҳалли синфи масъалаҳои навъи якхела. Яъне, алгоритм барои ҳалли як масъалаи мушаххас, балки барои ҳамаи масъалаҳои тарзи ҳаллашон ба ин масъала монанд, бояд истифода шавад.


Мисоли 22

Ҳангоми


Ибтидо






S



Интиҳо

import math

x=float(input('x='))

y=float(input('y='))

z=float(input('z='))

S=pow(abs(math.sin(x)-math.sin(y)),(1+2*math.cos(y)**2))*(1+z+(z**2/2+z**3/3+z**4/4))

print ('S=',S)






Мисоли 23

Ҳангоми


И бтидо







S



Интиҳо



import math

x=float(input('x='))

y=float(input('y='))

z=float(input('z='))

S=((x**(y+1)+math.exp(y-1))/(1+x*abs(y-math.cos(z))))*(1+abs(y-x))+((math.sqrt(y**2+ +x**2))/2-(math.sqrt(y**3+x**3)/3))

print ('S=',S)

Мисоли 24

Ҳангоми



Ибтидо






S



Интиҳо



import math

x=float(input('x='))

y=float(input('y='))

z=float(input('z='))

S=4**(-x)*math.sqrt(x+pow(abs(y),1/3))*pow((math.exp((x-1)/math.tan(z))),1/3)

print (‘S=’,S)

Адабиет

  1. К65. Комилиён Ф.С., Назаров А.П., Абдукаримов М.Ф. Роҳнамои фанни технологияи иттилоотӣ синфи 10-ум. Барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Душанбе, Маориф, 2018. 128 саҳ