Бар Ватан содиќ мемонем мо
(Ба рўзи Конститутсияи Тољикистон)
Моњи ноябр, дар рўзи шашум
Халќ Сарќонун ќабул бинмуд ба худ.
Кард эълон бар њама рўи љањон
Ки чунин як давлате дорад вуљуд.
Бо хати зарин навишта Ќонунаш,
Сохти давлатдориаш эълон кард.
Тибќи ќонун зистанро бар њама,
Сокинони давлаташ фармон кард.
Тољикистон ном дорад кишварам,
Воњиди том, соњибистиќлол авй
Дунявї, демократї давлат аст,
Њам њуќуќбунёду хушиќбол вай
Ањли ин кишвар њама бо њама якем,
Соњибони Тољикистонем мо.
Тибќи Сарќонун зиста доимо.
Бар Ватан содиќ мемонем мо.
Т. Фатњуллоев . 04.11.2010
Соати 3 20
Ту нишон аз давлату аз тољику аз тољу тахт
Тољикистон кишвари њар тољики рўи замин,
Парчамаш дорад ранги сурхи рухсору љабин
Њамчу як рамзе аз покию аз бахту умед,
Дорад ў дар худ сафедињои тиллои сафед.
Ранги сабзи кишвари сарсабзи мо љойгир дар он,
Партафшонї кунад серанг ливои тољикон
Њар куљо дар љилва бинам манн меваи кишварам,
Бо сарфарозї самобўс мешавад онљо сарам
Ман суруди бахти хешро месароям дам ба дам,
Тољикам, ман бо њама халќи љањонам њамќадам
Зинда бош, эй Тољикистон кишвари озоди ман,
Зинда бош, эй мулки сулњободи ман!
Љилвагар бош дар само эй парчам эй рамзи бахт!
Ту нишон аз давлату аз тољику аз тахту тољ !
Т. Фатњуллоев . 04.11.2010
Дўст медорам туро аз љон забони тољикї,
Чунки њастї бањри ман бењин нишони тољикї.
Њар куљое меравад тољик ту њамроњи вайї,
Бе муњобо, эй забон, пайванди љони тољикї.
Забон бувад узве зи тан,
Воситае бањри сухан.
Баёни фикру гуфтугў,
Барои њар халќу ватан.
Забон нишони миллат аст,
Дур аз нуќсу иллат аст.
Бибояд пок дошт варо,
Зи фањшу бад, ки зиллат аст.
Чун забони дил омўзї нахуст,
Мешавад кори забондонї дуруст.
Гар ба даст орї дили соњибзабон,
Бе муњобо, он забон аз они туст.
Тољикї, пас гуфтугў кун бо забони тољикї,
Дар љањони хеш бунёд кун љањони тољикї.
Тољикиро дўст дор бо љумла хубињои вай,
Дар тану љонат бикун пайдо равони тољикї.
Дўст дор, омўз забонро, ки нишони миллат аст,
Поку шевои равон, бе нуќсу дур аз зиллат аст.
Гар шавад пайдо хатое дар сухан ваќти баён,
Ин далел, ки донишатро бас сањву иллат аст.
Т. Фатњуллоев
Сухан, ки дар он нест зи некї нишон,
Нашояд, ки орї варо бар забон.
Суханро чунон гуй, ки дармон шавад,
Ба такрор шуниданш армон шавад.
Худ наомўзї, чї омўзони касс,
Даъвии бепоя кардан як њавоеву њавас.
Худ агар н- омўзї чї твонї биёмузї ба кас,
Гар ту омўзгор биомўзу амал кун бо њавас.
Чу аз нури худо равшан шавад дил,
Дар ў дўстиву мењр созанд манзил.
Сафо орад ба соњиб он дили пок,
Малоик ањсанаш гўяд зи афлок.