СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Дарси кушоди тарбияви " Рудаки -султони шоирон" Муаллиф : Комилова Ситора

Нажмите, чтобы узнать подробности

Дарси кушоди тарбияви : " Рудаки- султони шоирон " муаллиф : Комилова Ситора -омузгори МТМУ № 1 ба номи И П Разини ш Панчакент   

Просмотр содержимого документа
«Дарси кушоди тарбияви " Рудаки -султони шоирон" Муаллиф : Комилова Ситора»



Дарси кушоди тарбияви дар мавзуи

«Рудаки-султони шоирон»

  1. Дар ситоиши устод Рудаки:

Мирзоева Шукрона.

Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар ситоиши устод Рудаки гуфтаанд:

«Шеъри точики – форси аз Рудаки огоз гирифта…. Сухансарои бузург бо каломи тасхиркунандааш мардумонро ба накукори инсондусти ва кирдори хирадмандона даъват менамуд.»

Шерафкани Бахтиёр.

Имруз хам шеъри волову сухани миллатсози устод Рудаки ба рамзи фарханги оламгири точик, ба хирадманди ва созандагиву накукори табдил ёфта, дар шинохт ва бехдошти асолати милли накш мегузорад.

Умаров Сорбон

Устод Рудаки рамзи човидонаи миллати фархангсози точик мебошад.

  1. Шархи холи шоир.

Мухамадиев Мухаммад-Али.

Абуабдуллох Чафъар ибни Мухаммад Рудаки – бунёдгузори адабиёти точику форс, к ибо лакабхои «Одамушшуаро» , «Султонушшуаро» ва « Сохибкирони шоирон» маъруф аст, соли 858-и мелоди дар дехаи Панчруди нохияи Панчакенти Чумхурии Точикистон ба дуньё омадааст.

Сатторова Дилноза

Даврони кудаки ва чавонии шоир ба дурусти равшан нест, аммо бино ба накли сарчашмахои адабию таърихи Рудаки чунон тезхуш буд,ки дар хаштсолаги Куръонро ба тамоми аз бар кард ва хондану навиштан омухт ва шеър гуфтан гирифт ва маънии дакик дар колаби алфози рангину сода кард ва чун овози дилхуш дошт, хунёгарию барбатнавозиро бо шеърсарои ёр кард ва овозаи у ба атрофу акнофи олам бирасид.

  1. Сахна аз хаёти шоир.

Рови: (Зухайла Начмиддинова)

Садои сози руд аз боги дилкушою сабзу хуррам, ки онро « Боги булбулон» меномиданд, ба гуш мерасид. Бале , боги булбулон аст , кухи булбулони маст ва манзили вухушу тайр. Парандагон ба наво гуё хамовоз шуда чах-чах мезаданд. Зери дарахти гелоси пухта , ки мевахои он мисли гушворхои ёкути аргувони дар шамол алвонч мехурданд, духтарчаи фатиламуй, гандумгуну охучашм Робиа дар даст даф ба руднавозии амакписараш Чафъар пайрави мекард, менавохт.

Робиа: (Мирзоева Шукрона)

--- Биист , ин нагма ба тори дуюм гардониё, гарчи овоз гурранда барояд хам , бо ин дафи кухнаи ман хамовоз мегардад,соз бикун!

Рови

(Чафъар аз хохиши ногахонии Робиа хушнуд гашт ва макомро аз тори дуюм гирифт. Овози хушу форам баромад. Онхо шоду хуррам ромишкори мекарданд)

Чафъар: (Умаров Сорбон)

--- Биё , кунун туро макоми дигаре биомузам, банди аввал аз тори пеш мегирем.

Рови:

( Чафъар созро ба дасти Робиа до два уро ба омухтани машк хидоят намуд. Духтар руднавозиро кабл аз ин омухта бошад, хам навшогирдиаш маълум шуда меистод)

Чафъар:

---Агар ба ин шеър хамовоз шуда бинавози, омузиши маком ба хуби аз худ мешавад:

Охуи кухи ба дашт чи гуна давадо,

У надорад ёр , бе ёр чи гуна бувадо….

Робиа:

---Ин назми кист?

Чафъар:

--- Ин шеър аз хамдиёри худамон Хаким Абухафизи Сугдист. Медони, он кас ба навохтани асбобхои мусикор ва шахруд низ устоди сохибтабъ буданд.

Робиа:

---А-а… ман гумон кардам, ки шеър аз они ту бошад. Падарам гуфтанд, ки ту хам шеърхои хуб дори, оё ин рост аст?

Чафъар:

--- Ту на ба шеъри ман, балки ба назми Абухафизи Сугди хамовози бикун ва руд бинвоз!

Робиа:

---На! Агар аз ашъори худ нагуи , маро бо ту дигар коре набошад. Меравам.

Чафъар:

---Хайр , биё гуш кун:

Офтоб ояд ба бахшаш зи Бара

Руи гети сабз гардад яксара.

Рови:

(Хамин лахза Начот, рафики Чафъар тозон омаду афзуд)

Начот: (Шерафкан)

---Чафъаро, Чафъаро, ба хонаи шумо мехмонон омаданд ва туро пурсон шуданд. Зуд бош, ки модарат нигарон аст.

Рови:

(Чафъар рудро ба Робиа доду таъкид кард )

Чафъар:

--- Машкро ба шеъри Абухафизи Сугди хамовоз бинавоз. Ман меравам.

Рови:

( Рафикон аз боги дилкушо сарозер мерафтанду овози Робиа хушсадо ба гуш мерасид:

Офтоб ояд ба бахшаш зи Бара,

Руи гет сабз гардад яксара.

Чафъар бо табассум сар чунбониду бирафт)

Чафъар бо рафикаш Начот, ки онхо хамсолу хамсабаку хамсоя буданд, кадом як вокеаро наклкунон рох мерафтанд. Санге парида ба пеши пои онхо афтод.

Начот:

--- Ин хотаи кадхудои деха—Хисории андозгир аст ва ин маком ба чуз кори Гаюри чалипо касе нест.

Чафъар:

--- Андозро ку дода будем, вале чаро ин морзода ба мо хусумат дорад?

Начот:

--- Ана, ана! Диди, гурехта меравад!

Чафъар:

--- Сугури тарсу!

Модар: ( Иброхимова Хушнура)

--- Садкаат шавам, аз Самарканд мехмонони оликадр омадаанд. Дастонатро бишуй ва чомаи рахточатро пушида назди онхо даро! Зуд бош, писарам.

Падар: ( Ашуров Имомали)

--- Чафъаро!

Чафъар:

--- Ассалому алайкум!

Кулолии Самарканди : ( Мусоев Файзулло)

--- Ох-хооо… писари калон шудаед… Хм…м дар хакикат таъриф дар хакки шумо бехуда набудааст.

Чафъар : ( дар фикраш )

«Ачабо» Мехмон кадомин сифати ба ситоиш арзандаи маро ба забон гирифта истодааст. Эхтимол дар назди падарам худашро ба ман наздик мегирад? Барои чи дар хавои дили ман сухан мегуяд?

Мехмони ишкамкалон: Домулло- ( Гафоров Султонбек)

---Шумо дар мактаби деха тахсил мекунед?

Падар:

--- Оре , писари ман дар мактаби деха мехонад, вале он илмхое, ки мактабдор ба хонандагон медихад, хама аз бар шудаанд ва хукме дорам, ки дигар хочати ба он мактаб рафтан намонд. Мехостам ки….

Домулло:

---Хатто каломи Шарифро хам? Не-не , бовар намекунам, мухабатро бинед-а, бачаи хаштсола китоби «Куръон»-ро хатм карда бошад?! Ман домуллои мадраса, мегуям , ки ин аз имкон берун аст . Ё руяки кориёд карда бошад?

Падар:

--- У «Куръон»-и каримро бо кироати саъба мехонад

Домулло:

--- Чи-и? Бо кироати саъба? Бо хафт гуна хонишу лафз?

Падар:

--- Оре боз шеърхои худро низ дорад.

Домулло:

--- Домулло Бахтиёр , шунидед?

Хммм… ачаб?

Устод Бахтиёр: (Исмоилов Исроил)

--- Агар хохи туро ба шахри Самарканд барам, ки он чо ман ба толибилмони самарканди барбат, уд даф, най меомузонам ва ту низ омузи…

Рови:

(Чавон аз шоди чи гуфтанашро надониста, гуё дар куртааш намегунчид. У тайёр буд, ки худи хозир ба суи Самарканд парвоз кунад, дониш омузаду хирад омузад, соз навозаду хунёгари кунад)

Ахли дехаи Рудак мехмонони самаркандиро, ки Чафъар хамрохи онхо буд , гусел намуданд.

Робиа:

--- Чафъаро! Аз Самарканд ба ман дафи халкадор биёр!

Чафъар:

Дур монд сарои хешу табор,

Насаре сохт бар сари кухсор.

(ПАРДА)

  1. Давоми шархи холи шоир.

Махинаи Аличон:

Устод Рудаки бо эхтимоли кави дар шахри самарканд,ки аз марказхои фархангиву илмии давлати Сомониён буд, тахсил намудааст. Чун овозаи шоириву мутрибии у ба гуши амирони Сомони мерасад, уро ба дарбор даъват мекунанд.

Исмоилов Исроилчон:

Рудаки барои касидаву газалхои ноби худ аз амирону вазирон ва арбобони давлат бахшишу хадяхои фаровон мегирифт. Дар назди кудрату тавонои ва шеъри олии Рудаки хакимону амирон сари таъзим фуруд меоварданд. Балъами гуфтааст: «Дар Ачаму Араб мисли Рудаки шоире нест»

Амбачони Зариф:

Дар замони хукмронии амири чохпараст Ахмад Ибни Исмоил муддате аз хидмати дарбор барканор гашт. Баъди ба тахт нишастани Насри || Ахмади Сомони аз чониби Балъами боз Рудаки ба дарбор даъват шуд. Дарбор , ки маркази илм ва адабиёту хунар гашта буд, ба Рудаки ниёз дошт, зеро дар ин айём у ба мартабаи баланд расида буд. Бо ташвику мехрубонихои Балъами шоир надими Насри || гашт.

Мухиддинова Рохила:

Дар айёми пири ба сари шоир ранчу азоби зиёд афтод, дар нихояти кор у аз хидмати дарбор ва атохои гирифтааш сахт пушаймон шуд. Ба хокимони давр чунин рафтори бебоконаи шоир хуш наёмад. Рудакиро кармати номида ва ба чашмонаш мил кашида , нобино карданд. Дар хамин давр шояд осори гаронмояаш туъмаи оташ шуда бошад, ба дили моломоли гам ба зодгохаш – ба дехаи Панчруд баргашт ва соли 941 чахонро падруд гуфт.

Исмоилова Хушнура:

Касидахои Рудаки кариб 75 сол идома дошт. У девонхои бузург мураттаб намуд . Аввалин устоди суха наст, ки шеъри точикиро аз чихати бузурги тахтнишин кард, роху рушди ояндаи онро нишон дода , истиклоли фарханг ва адабиёти халки точикро амали гардонид. Шоир бо касидахои ноби худ ашъоре офарид,ки сухансанчонро аз гояти фасохату балогат моту махбут сохт.

Шукронаи Зафар:

Устод Рудакиро аз замони зиндагияшон то имруз меомузанду тахкик мекунанд. Ончи да сарчашмахои таърихи, адаби, ситоишномахо, шеъру таронахо, чавобияхо ва тазминхое, ки дар бораи устод гуфта шудааст, ин худ нишонаи арчгузорист.

Сангинов Сунатилло

Чандин муассисаи илмию таълими донишкадаву донишгох, мактаб, хиёбону кучахо ба номи Рудаки номгузори шудааст. Оромгохи устод Рудаки дар зодгохаш – дехаи Панчруд бино шудааст.

  1. Суруд аз ашъори Рудаки :

Дар ичрои Иброхимова Х, Мирзоева Ш, Мухиддинова Ф, Мутехова М, Сатторова Т ва Шарипова Ф.

Бе руи ту хуршеди чахонсуз мабод ,

Хам бе ту чароги оламафруз мабод,

Бе васли ту кас чу ман бадомуз мабод,

Рузе,ки туро набинам он руз мабод,

Номатро шунавам дил зи фарах зинда шавад,

Холи ман аз икболи ту фархунда шавад.

В-аз гайри ту харчо сухан ояд ба миён,

Хотир ба хазор гам пароканда шавад.

  1. Кироати шеърхо аз ашъори устод Рудаки

Мирзоева Шукрона:

Замона панде озодвор дод маро,

Замона чун нигари сар ба сар хама панд аст.

Ба рузи неки касон гуфт: « Гам махур зинхор»

Басо, касо, ки ба рузи ту орзуманд аст.

Замона гуфт маро: «Хашми худ дор нигох»

Киро забон на банд аст, пой дар банд аст.

Гаффоров Султонбек

Ин чахонро нигар бо чашми хирад,

Не бад- он чашм к- андар у нигари

Хамчу дарёст в-аз накукори

Киштие соз то бад-он гузари.

Сатторова Дилноза:

То кай гуйи , ки ахли гети

Дар хастию нести лаиманд



Чун ту тамаъ аз чахон буриди

Дони, ки хама чахон кариманд

Тошев Осими:

Хар ки н-омухт аз гузашти рузгор,

Низ наомузад зи хеч омузгор.

Бозорова Ганчина:

Бирав, зи тачрибаи рузгор бахра бигир,

Ки туро бахри дафъи хаводис ба кор ояд.

Ашуров Имомали:

Ба чашми дилат дид бояд чахон,

Ки чашми сари ту набинад нихон.

Бад-ин ошкорат бубин ошкор,

Нихонатро бар нихони гумор.

  1. Андар ситоиши устод Рудаки

Шахриёров Шамир:

Рудакиро «султони шоирон» гуфтааст Низомии Арузии Самарканди.

Мутехова Мехрона:

Рудаки дар назми форси миёни хамзамононаш аввалин буд. Уро дар Араб ва Ачам назир нест.

Абулфазли Балъами.

Мухиддинова Рохила:

Рудаки фарри фаршеди ва точи тамаддуни фарханги фарсизабонони чахон аст.

Амонова Мухлиса:

Тамоми касоне,ки баъд аз Рудаки омадаанд, резахури хони фасохат ва хушачини хирмани балогати у буданд.

Х. Этхе.

Амбачони Зариф:

Устод Рудаки чунон ки дар шеър ва адабиёти устод буд, инчунин дар санъат ва мусики хам устоди номдор ва аз чихати замон пешкадамтарин арбоби санъати точик будааст

Манижаи Имомиддин:

Устод Рудаки шоири пуркор ва пурсамар буд. Рашидии Самарканди гуфтааст:

Гар сари ёбад ба олам кас ба неку шоири,

Рудакиро бар сари он шоирон зебад сари.

Шеъри уро ман шумурдам сездах рах сад хазор,

Хам фузун ояд чунон , ки бояд бишмари.

Косимова Зебогул :

Рудаки дар байни халк аз доираи гуруххои равшанфикру андешапарвар ва ахли завк буд.

  1. Ракси «Бихандад ман бар сахро»

дар ичрои Иброхимова Х, Мухиддинова Р, Амонова М,

Мутехова М, Начмиддинова З, СаттороваТ.








Скачать

Рекомендуем курсы ПК и ППК для учителей

Вебинар для учителей

Свидетельство об участии БЕСПЛАТНО!