Предмет ва вазифаи фанни экология
Экология ( аз юнони Oikos- хона, бошишгох, чои зист, манзил, logos- таълимот ) илм дар бораи муносибатхои байни организмхои зинда ва мухити зист мебошад. Мафхуми «экология»-ро аввалин маротиба олими немис биолог Эрнест Геккел дар соли 1886 дар китоби « Морфологияи умумии организмхо» дохил карда буд.
Предмети асосии омузиши экология макроэкосистемахои биологи: популятсия, биосеноз, экосистема ва тагйирёбии онхо дар вохиди вакт ва фазо мебошад.
Экология хамчун фан аз кисми биология ба вучуд омад. Лекин дар давраи хозира экология васеъ гашта, ба як катор фанхои алохида чудо шуда рафт.
Экологияро ба биоэкология ва геоэкология таксим мекунанд.
Биоэкология – яке аз илмхои биологи, муносибатхои организмхо байни худ ва бо мухити зистро меомузонад. Предмети омузиши биоэкология сатхи ташкилии организми, популятсиони, намуди, биосенотики, биосфер ива таъсири хамдигарии онхо бо мухити зист мебошад.
Вазифаи биоэкология омухтани алокаи дутарафаи дар мачмуъхои организм- мухит, популятсия- мухит, чамоа- мухит, инчунин алокаи байни фардхо дар популятсия ва популятсия дар чамоа мебошад.
Геоэкология ( экологияи географи ё экологияи ландшафти ), шуъбаи экология ба конуниятхои экологи ба раванди географи марбут, ба экоситемахои сатхи баланди шачарави карда мешавад.
Предмети омузиши геоэкология экосистемахои бузург- биогеотсеноз, биосфера мебошад.
Дар таркиби геоэкология якчанд шуъбахо чудо карда мешавад. Муносибат бо типи ландшафтхо ба экологияи тундра, даштхо, биёбонхо ва дигар ландшафтхо чудо карда мешавад.
Экологияи амали принсипхои истифодаи окилонаи сарватхои таби ива нигох доштани мухити хаётро меомузад.
Методхои экологияи имруза.
Экологияи хозира методхои гуногуни тадкикотхоро дорост. Асосаш инхо мебошад:
Методи мушохида дар чамъовари ва тасвири далелхо ба хисоб меравад;
Методи мукоисави ба монанд ва фаркияти объектхои омузиш асос меёбад;
Методи таърихи рафти тараккиёти объектро меомузад;
Методи тачриба имконият медихад, ки ходисахои табиатро дар шароити додашуда омузад;
Методи моделони имконият медихад, ки ходисаи нисбатан мураккаби табииро бо моделхои нисбатан содда тасвир намояд;
Таърихи тараккиёти экология
Таърихи тараккиёти экологияро шартан ба се давра таксим кардан мумкин аст:
Давраи тавлид ва поягузории экология хамчун илм ( аз даврахои кадимтарин то миёнаи асри Х1Х).
Давраи дуюм – тасвири экология ба сохахои мустакили дониш ( аз миёнаи Х1Х то миёнаи асри ХХ)
Давраи сеюм – табдилёбии экология ба илмхои байнифанни ( аз миёнаи асри ХХ то вакти хозира).
Дар давраи хозира дастовардхои экология асоси амали барои кор карда баромадани стратегияи муносибатхои хамдигарии инсоният бо табиат, истифодабарии окилона ва хифзи табиат мебошад.
Дар давраи хозираи тараккиёти экологи дар чахон бо номхои олимони бузурги чахон ба монанди: Ю. Одум, М. Андерсен, Э. Пиака, Р. Риклефс, М. Бигон, Дж. Харпер, Т. Миллер, Б. Небел, А.В. Яблокова, А. Л. Яншина ва дигарон алокаманд.
Асоси бехбудии инсоният дар оянда – нигох доштани гуногуншаклии биологи аст. Устувори ва вазифанокии биосферахо бо мавчудияти гуногуншаклии чамоахо таъмин карда мешавад.
Дар давраи хозира барои нигох доштани гуногуншаклии биологи лозим аст: хифзи пурраи ландшафтхо хамчун комплекси экосистема; кисман хифз намудани объектхои табии хангоми нигох доштани тархи умумии ландшафт; бунёд ва нигох доштани ландшафтхои оптималии антропогени.
Ду шакли хифзи ландшафтхо бо марзхои мамнунъгохи ва богхои милли маълум аст.
Мамнунъгох шакли олии хифзи ландшафтхои табии аст. Китъаи хушки ва фазои обие, ки дар асоси тартиботи муайян гардида ва истифодаи хочагии кадоме набошад хифз намудан аст. дар мамнунъгоххо хамаи марзхои бап он дахлдор хифз карда мешавад. Дар Точикистон 4 мамнунъгоххои давлати амал мекунад: Ромит, Бешаи палангон, Дашти Чум ва Зоркул.
Боги милли – ин китъаи марзхое, ки барои нигох доштани табиат бо максадхои эстетики, солимгардони, илми, маъдани ва маърифати чудо карда мешавад. Дар бисёр давлатхо богхои милли шакли асосии хифзи ландшафтхо ба хисоб меравад. Дар Точикистон боги миллии точик дар маркази Бадахшон ва помир дар масохати 2,5 млн га ташкил карда шудааст.
Парваришгох – ин китъаи марзе, ки дар якчанд сол доимо ё дар муайяни мависими ва хамасола алохидаин ё он намудхои растани ва хайвонот ё кисми комплекси табии хифз карда мешавад.
Ёдгорихои табии – ин объекти алохидаи табиат; ахамияти илми, таърихи ва эстетикию маърифати дорад: масалан, дарахтони алохидаи бисёрсола ва дигархо.
Манбаьои ифлосшавии атмосфера.,
Манбаҳои ифлосшавии атмосфера. - Таърихи тарақиёти экология
Ду намуди ифлосшавии атмосфераро фарқ мекунанд: табии ва сунъи (антропогени). Манбаи ифлосшавии табиии атмосфера вулқонҳои оташфишон, бодлес шудани ҷинсҳои куҳи, туфонҳои пурчангу серғубор, сухторҳои бешазор, баромадани намакҳои баҳри ва ғайрахо мебошад. Ифлосиҳои антропогени ба атмосфераи шаҳрҳо, ноҳияҳои истеҳсолҳ ва хоҷаги хос мебошанд. Дар шаҳрҳо ва гирду атрофи онҳо муассисаҳои саноати, нақлиёт, таҷҳизотҳои гармкуни хеле бисёранд, ки ҳаворо аз дуд, хокистар, газ, оксиди сулфур, нитроген ва дигар моддаҳои зарарнок ифлос мекунанд.
Дар айни замон манбаи асосии ифлосшавии атмосфера хусусан нақлиёт, муассисаҳои саноати, истеҳсолот гаштаанд. Саноат партовҳои газ ва чангро ба атмосфера ба миқдори зиёд мебарорад. Манбаъҳои асосии ифлосиҳо истгоҳҳои гармидиҳи, заводҳои металлурги, кимиёви, коркарди нафт, сементбарори ва ғ. мебошанд.
Заводи алюминии - дуд, ангидридҳо, сулфидҳо, пайвастагиҳои фторро ба атмосфера бароварда муҳитро ниҳоят заҳролуд мекунад.
Заводи сементбарори масолеҳи сангмонандро реза ва орд карда чанги зиёдро мебарорад. Он бошад касалии вазнини силикозро ба вуҷуд меорад (касалии роҳи нафас) ва таъсири ҳалокатбор дорад.
Нақлиёти автомобили муҳити атрофро аз газҳои зарарнок ифлос мекунад. Газҳои автомобили мураккаби моддаҳо буда ба якчанд гуруҳ таысим мешаванд:
гуруҳи I безарар аст - N, О, Н, бущьои об ва СО2 дорад, ки миқдори камаш ба одам зарар намерасонад;
гуруҳи II - СО - оксиди карбон, ғубор беҳад зарарнок аст (12%).
гуруьи III - N0 - оксиди нитроген ва N02 диоксиди нитроген - хеле зарарнок мебошад;
гуруҳи IV - карбогидридҳо - этилен, атсетилен, метан, пропан, толуол -моддаҳои кансерогени, ба пайдошавии варамҳои ганда (саратон) мусоидат мекунанд;
гуруҳи V - алдегидҳо - формалдегид (формалин) - аз ҳад зиёд зарарнок;
гуруҳи VI - дуд, сиёҳи- хусусан барои муҳаррикҳои дизели, хос мебошад.
Миқдор ва таркиби газҳои дамдама аз намуди муҳаррик (карбуратор ё дизел), тарзи кори он, сифати сузишвори ва дигар омилҳо вобаста аст.
Маҳсулоти оксидшавии газҳои дамдама - фотооксидантҳо боз ҳам зарарноктар мебошанд. Масалан, озон (Оз), ки миқдори ками он фоиданок асту, консентратсияҳои баландаш бошад аз ҳад зиёд зарарнок мебошанд.Баъзе навъҳои бензин пайвастагиҳои сурб ва дигар оҳанҳои вазнин доранд. Дар миқёси ҷаҳон автомобилҳо дар як сол 300 ҳазор тонна сурбро ба атомсфера хориҷ мекунанд.Ифлосшавии радиоактивии атмосфера дар натиҷаи таркишҳои бомбаҳои атоми ё садамаи истгоҳҳои барқии атоми ба амал меояд. Унсурҳои афканишоти радиоактиви ба масофаҳои дур паҳн гашта, солҳои дароз дар муҳити атроф боқи мемонанд. Онҳо аз атмосфера боз ба Замин фаромада хок, обамборҳо ва ҳамаи мавҷудотро заҳролуд мекунанд. Аз ин сабаб ифлосшавии радиоактивиро фоҷиаи глобали меноманд.
Манбаьои ифлосии атмосфера ба 2 гур=ьи калон таысим мешаванд:
1.Ифлосиьои табии.
2.Ифлосиьои сунъц.
Ифлосиьои табии дар навбати худ ба 2 зергур=ь таысим мешаванд:
1.Кайьонц (жангьои кайьонц).
2.Ифлосиьои заминц иньо: а)континенталц, б) баьрц
Ифлосиьои континенталц иньо: а) щайри органикц, б) органикц,
в) дудьо.
Ба ифлосиьои щайриорганикц бодх=рдашави ва вулканьо дохиланд.
Ба ифлосиьои органикц атмосферц растанц ва ьайвонот дохиланд. Ифлосиьои сунъц атмосферц иньо: 1)Муьити зист, 2)Наылиёт, 3)С=хторьо, 4)Ьамаи намуди истеьсолот мебошанд.
Дар оихири асри VX ифлосиьои табии атмосферц 75% ва 25% онро ифлосиьои антропогенц ташкил мекард.
Ифлосиьои сунъц атмосферц иньо: а) Радиоактивц, б) Электромагнитц, в) Садои баланд, г) Наылиёт, д) Партовьои корхонаьои саноатц, е) Корхонаьои химиявц ва щайраьо мебошанд.
Моддаьое, ки атмосфера ифлос мекунад ба ду гур=ь таысим мешаванд:
1)Аввалин даража – моддаьое аз заводу фабрикаьо ва дигар сарчашмаьо ба ьаво партофта мешаванд;
2)Дувумин даража – ифлосиьое, к ибо ьавои атмосфера омехта шудаанд ва хеле хавфнок мебошанд.ПДК-и моддаьои зарарнок дар ьавои атмосферии жойьои аьолинишин, мг/м3
Табл. 1 Модда Бисёртарини якбора Шабонар=зц ба ьисоби миёна
Оксиди нитроген 0,6 0,06
Диоксиди нетроген 0,085 0,085
Аммиак 0,2 0,04
Атсетон 0,35 0,35
Бензол 1,5 0,8
Бенз(а)пирен - 0,000 001
Жанги безарар 0,5 0,15
Симоби оьанин - 0,0003
Сулфид 0,008 0,008
Сероуглерод 0,03 0,005
Оксиди карбон 5,0 3,0
Фенол 0,01 0,003
Формалдегид 0,35 0,003
Хлор 0,1 0,03
Дар таблитсаи 1 номг=и ифлосиьои атмосферц ва миыдори оньо дар атмосфера нишон дода шудааст.