ОДИНАЕВ Б.М., НОРМАҲМЕДОВ Н.О.,
ДАДАБАЕВА М.Т.
Бахшида ба “Бистсолагии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф”
ИНФОРМАТИКА
+
МАТЕМАТИКА
(Лоиҳаи таълимӣ барои хонандагони синфи 1)
душанбе – 2025
ТДУ 681.3+04:51(075.3)
ТКБ 73+22.1 Я73
О-33ДК:
В
Таҳиягар: Одинаев Б.М, Нормаҳмедов Н.О, Дадабаева М.Т. Информатика + Математика - синфи 1 – ум. Душанбе “01 октябри” 2025, 100 саҳ.
Муҳаррири масъул: Ғуломсафдаров А.Ғ – Мудири кафедраи “Барномасози ва зеҳни сунъӣ” номзади илмҳои техникӣ. и.в. дотсент.
Ҳ
уруфчин: Хайриддини А.
ОМӮЗГОРОНИ МӮҲТАРАМ!
ISBN 978-99985-802-3-7
мазмуни китоби дарси иловагии мёазкур ба нишонии
Илму маориф аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста мебошад. Эмомалӣ Раҳмон С А Р С У Х А Н
Хонандагони азиз! Китобе, ки ҳоло ба даст гирифтаед, шуморо ба олами муъҷизаҳои компютерӣ ворид месозад. Агар шумо «забони» компютерро хуб аз худ намоед, он гоҳ вай дар ҳалли масъалаҳои зиндагӣ ба шумо ёрирасони беғараз ва «дӯсти» беҳтарин хоҳад гашт. Итминони комил дорем, ки дар ин ҷода китоби мазкур ба шумо ёрмандии беандоза зиёд расонида метавонад.
Шумо тавассути фанни Информатика бо асосҳои техникаи компютерӣ ва технологияи коркарди электронии иттилоот шинос хоҳед шуд. Соли таҳсили ҷорӣ, ки ба синфи 1-ум қадам ниҳодаед, дар раванди омӯзиши китоби дарсии мазкур бо мафҳумҳои марказии ин илми муосир – иттилоот, барнома, компютер ва барномаҳои компютерӣ шинос хоҳед шуд.
Устодони гиромӣ! Китоби мазкур китоби намунаи нав буда, омӯзиши он аз Шумо ва шогирдонатон заҳмати зиёдро талаб менамояд. Азбаски ин китоб як навъ китоби таҷрибавӣ аст, шояд вай аз камбудиҳо низ орӣ набошад. Бинобар ин, аз Шумо – устодони гиромӣ ва шогирдони азиз, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки фикру андешаҳои хешро ба нишонии электронии [email protected] ирсол намоед. Мо ба маслиҳату пешниҳодҳои Шумо бисёр эҳтиёҷ дорем. Онҳо метавонанд нашрҳои навбатии китобро ғанӣ ва пурмазмунтар гардонанд. Ба Шумо – толибилмони арҷманд, дар омӯзиши компютер ва татбиқи информатика комёбиҳо таманно дорам!
Марҳабо ба олами компютер!
МУҲТАВОИ МАШҒУЛИЯТҲОИ ТАЪЛИМӢ МУВОФИҚИ САМТҲОИ АСОСИИ ФАН
Дар синфи 1-ум тавассути компютер унсурҳои одитарини фарҳанги иттилоотии хонандагон дар раванди тамошои филмҳо, истифодаи барнома-бозиҳо, тренажёрҳои сафҳакалидӣ ва манипуляторӣ, иҷрои машқҳои компютерӣ бо ҷузъҳои барномаи таълимии фанҳои алифбо, математика ва забони модарӣ, сохтан ва ҳалли кроссвордҳои компютерӣ ва ғайра ташаккул дода мешавад.
Робитаи одитарин бо компютер. Компютер дар дарсҳои математика ва алифбо. Тренажёрҳои одитарини кор бо сафҳакалид ва манипулятори «муш». Машқҳо доир ба ҳисоби муқаррарӣ ва баръакс. Тартиб додани ададҳо. Шиносоӣ бо сафҳакалиди компютер. Тарзи идораи курсор дар экран бо ёрии муш. Палитра – менюи ранга. Шиносоӣ бо ҳарфҳо. Машқҳои компютерӣ бо ҷузъҳои барномаи таълимии фанни забони модарӣ. Қимат ва аломат. Ҳарфсозӣ аз рӯи ягон шарти додашуда. Кори эҷодӣ бо «Конструктор»-и ҳарфҳо. Масъалаҳои татбиқӣ аз математика. Амалиёт бо шаклҳои (фигураҳои) геометрӣ. Сохтани шаклҳои геометрӣ. Калимасозӣ бо ёрии хазинаи ҳарфҳо. Тартибдиҳии ҳикоя аз рӯи расм. Ҳалли кроссвордҳо.
Хонандагон бояд:
истифодаи одитарини компютер – тарзҳои ба кордарорӣ, хомӯшкунӣ, ҷустуҷӯ ва иҷрои барнома-бозиҳо ва тренажёрҳо донанд;
функсияи тугмаҳои асоситарини сафҳакалидро азхуд намоянд;
амалиётҳои асосии кор бо манипулятори «муш»-ро иҷро карда тавонанд;
машқҳои компютериро бо ҷузъҳои таълимии фанҳои алифбо, математика ва забони модарӣ иҷро кунанд;
кроссвордҳои компютерии содаро созанд ва ҳал кунанд.
Тарзи дуруст навиштани рақамҳо
ШИНОСОӢ БО КОМПЮТЕР
1
МОШИНАИ ҲИСОББАРОР
СӮҲБАТИ
Баҳром ва Баҳодур бародари наздик ҳастанд. Онҳо дар бораи мошинаи ҳисоббарор сӯҳбат карда истодаанд.
Баҳодур: Салом Ако Баҳром, бубинед ин чӣ аст?
Баҳром: Воалейкум салом додаракам Баҳодур ин мошинаи ҳисоббарор аст, ва номаш компютер мебошад.
Баҳодур: Ин компютер чӣ корҳо карда метавонад Ако Баҳром?
Б
аҳром: Ин компютер як мошина ё техникаи замонавӣ ба ҳисоб меравад ва бисёр корҳоро метавонад бо роҳи осон ва сабуктар ба мо пешкаш кунад. Дар гирду атрофи мо бисёр намуди мошинаҳо ва техникаҳо мавҷуданд. Ҳозир мо якҷоя якчанд намуди мошинаи ҳисоббароро, яъне компютерро мебинем.
Компютери рӯйимизӣ
Ноотбук
КОМПЮТЕРҲО
Смарт соат
Смартфон
Планшет
Истифодабарии компютер
Баҳодур: Ако Баҳром Шумо метавонед каме барои ман дар бораи истифодабарии компютер маълумот диҳед?
Баҳром: Майлаш додарам Баҳодур, барои ту ман аз аввал ҳаммашро мефаҳмонам. Компютер – ин мошинаи ҳисоббарор аст, мо метавонем онро дар ҳар ҷой бубинем, ки ҳар коре мақсади асосии истифодабарии худро дорад. Биё якҷой ба расмҳои зерин назар мекунем.
Компютер дар мағоза барои ба тартибдарории молҳо истифода бурда мешавад.
Компютер дар корхона барои ба тартибдарории ҳуҷҷатҳо истифода бурда мешавад.
Компютер дар беморхона барои ташхис кардани бемор истифода бурда мешавад.
Баҳодур: Оббо, дар ҳақиқатан “КОМПЮТЕР” бисёрҳам мошинаи оқил будааст. Ако Баҳром кани гӯед чӣ, мо бачаҳо дар компютер чӣ кор карда метавонем.
Б
аҳром: Эҳ, додарам Баҳодур мо дар “КОМПЮТЕР” бисёр корҳоро карда метавонем, як ба тасвирҳо назар кунед:
Бозиҳои гуногун карда метавонем.
Расмҳо кашида метавонем.
Мусиқӣ гӯш карда метавонем.
СМС паёмакҳо равон карда метавонем.
Дар компютер навишта метавонем.
Бо интернет кор карда метавонем.
Видеоҳо, филмҳо ва аксҳоро тамошо карда метавонем.
Инчунин мисолҳои математикаиро бо воситаи компютер ҳал карда ва дигар корҳоро иҷро карда метавонем.