ОДИНАЕВ Б.М., НОРМАҲМЕДОВ Н.О.,
ДАДАБАЕВА М.Т.
Бахшида ба “Бистсолагии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф”
ИНФОРМАТИКА
+
МАТЕМАТИКА
(Лоиҳаи таълимӣ барои хонандагони синфи 2)
душанбе – 2025
ТДУ 681.3+04:51(075.8)
ТКБ 73+22.1 Я73
О-33ДК:
УДК:В
Таҳиягар: Одинаев Б.М, Нормаҳмедов Н.О, Дадабаева М.Т. Информатика + Математика - синфи 2 – юм. Душанбе “01 октябри” 2025, 100 саҳ.
Муҳаррири масъул: Ғуломсафдаров А.Ғ – Мудири кафедраи “Барномасози ва зеҳни сунъӣ” номзади илмҳои техникӣ. и.в. дотсент.
Ҳ
уруфчин: Хайриддини А.
ОМӮЗГОРОНИ МӮҲТАРАМ!
ISBN 978-99985-802-4-4
мазмуни китоби дари иловагии мазкур ба нишонии
Илму маориф аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста мебошад. Эмомалӣ Раҳмон С А Р С У Х А Н
Хонандагони азиз! Китобе, ки ҳоло ба даст гирифтаед, шуморо ба олами муъҷизаҳои компютерӣ ворид месозад. Агар шумо «забони» компютерро хуб аз худ намоед, он гоҳ вай дар ҳалли масъалаҳои зиндагӣ ба шумо ёрирасони беғараз ва «дӯсти» беҳтарин хоҳад гашт. Итминони комил дорем, ки дар ин ҷода китоби мазкур ба шумо ёрмандии беандоза зиёд расонида метавонад.
Шумо тавассути фанни Информатика бо асосҳои техникаи компютерӣ ва технологияи коркарди электронии иттилоот шинос хоҳед шуд. Соли таҳсили ҷорӣ, ки ба синфи 2-юм қадам ниҳодаед, дар раванди омӯзиши китоби дарсии мазкур бо мафҳумҳои марказии ин илми муосир – иттилоот, барнома, компютер ва барномаҳои компютерӣ шинос хоҳед шуд.
Устодони гиромӣ! Китоби мазкур китоби намунаи нав буда, омӯзиши он аз Шумо ва шогирдонатон заҳмати зиёдро талаб менамояд. Азбаски ин китоб як навъ китоби таҷрибавӣ аст, шояд вай аз камбудиҳо низ орӣ набошад. Бинобар ин, аз Шумо – устодони гиромӣ ва шогирдони азиз, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки фикру андешаҳои хешро ба нишонии электронии [email protected] ирсол намоед. Мо ба маслиҳату пешниҳодҳои Шумо бисёр эҳтиёҷ дорем. Онҳо метавонанд нашрҳои навбатии китобро ғанӣ ва пурмазмунтар гардонанд. Ба Шумо – толибилмони арҷманд, дар омӯзиши компютер ва татбиқи информатика комёбиҳо таманно дорам!
Марҳабо ба олами компютер!
МУҲТАВОИ МАШҒУЛИЯТҲОИ ТАЪЛИМӢ МУВОФИҚИ САМТҲОИ АСОСИИ ФАН
Дар синфи 2-юм унсурҳои одии фарҳанги иттилоотии хонандагон дар раванди истифодаи тренажёрҳо ва барнома-бозиҳои тарроҳӣ, иҷрои машқҳои тафаккурии компютерӣ бо ҷузъҳои пайдарпайиҳо, маҷмуъҳо ва зермаҷмуъҳо, усулҳои аппликатсионӣ ва кошинкории (мозаика) компютерии масъалаҳои тарроҳӣ, ҳалли масъалаҳои татбиқӣ аз математика, забони модарӣ ва ғайра мукаммал гардонида мешавад. Тасаввуроти аввалин оид ба маҷмуъҳо, зермаҷмуъҳо ва ҷузъҳои онҳо. Қонуният ва тартибот. Тасниф (классификатсия) ва конструксия (тарҳкашӣ). Компютер дар дарсҳои математика ва забони тоҷикӣ. Гузаронидани бозию машқҳо оид ба тасниф ва машқдиҳии тафаккур доир ба масъалаҳои тарҳкашӣ, ки ба барнома- бозиҳо аз бастаҳои «Классификатор» ва «Писарча» асос карда шудаанд. Масъалаҳои татбиқӣ аз математика. Ҷамъ ва тарҳ. Пропедевтикаи координатҳо. Ҷузъҳои конструксияи компютерии масъалаҳои арифметикӣ. Арифметика бо миқдори муайяни операндҳо. Компютер дар дарси санъати миллӣ. Мукаммалгардонии мафҳуми пиктограмма. Тасвири пиктограммаҳо дар масъалаҳои татбиқӣ. Қонуният дар пайдарпайиҳо. Занҷири қонуниятҳо. Машқҳои тафаккурӣ. Малакаҳои бахотиргирии иттилоот тавассути машқҳои амалӣ. Ҷузъҳои одитарини муайянкунии мавқеъ дар фазо. Аппликатсия ва кошинкорӣ (мозаика) ҳамчун усули тарроҳӣ. Масъалаҳои вариантии тарроҳӣ. Тарҳкашӣ ҳамчун масъалаи коллективӣ. Ҳалли масъалаҳои тарроҳӣ бо истифодаи хотираи шахс. Мантиқ ва комбинаторика.
Хонандагон бояд:
аз тренажёрҳо ва барнома-бозиҳои конструкторӣ истифода бурда тавонанд;
машқҳои тафаккурии компютериро бо ҷузъҳои пайдарпайиҳо, маҷмуъҳо ва зермаҷмуъҳо иҷро намоянд;
усулҳои аппликатсионӣ ва кошинкории компютерии масъалаҳои конструкториро дуруст истифода баранд;
масъалаҳои татбиқиро аз математика ва забони модарӣ ҷудо ва ҳал карда тавонанд.
Истифодабарии компютер
Компютер як мошинаи электронӣ аст. Дар атрофи мо навъҳои гуногуни мошинаҳо ҳастанд, ин мошинаҳо дар бисёр корҳо истифода бурда мешаванд, то кори моро осон ва зудтар ба анҷом расонанд. Баъзе мошинаҳо қувваи барқро истифода мебаранд ва баъзе мошинаҳо аз қувваи электрикӣ истифода намебаранд. Ба тасвирҳо якбор нигаред шогирдони азиз.
Чӣ тавре, ки дар расм дидед, духтарак мошинаро барои дузандагӣ, мошинаи ҷомашӯйиро барои либосшӯйи истифода бурда истодааст. Аммо боз мошинае ҳаст, бо номи МЭҲ (мошинаи электронии ҳисоббарор) “Компютер”, ки барои беҳтар намудани кори худ ва дар шакли электрони ба тартибдарории ҳуҷҷату барномаҳо, мағозаю маҳсулотҳо, беморхонаҳо ва бонкҳо истифода бурда мешавад. Мисол:
Назар ва Фирӯз доимо дар компютер бозиҳои шавқовар мекунанд.
Бобоҷон ҳуқуқшинос аст ва дар ҷойи кор парванда пур карда истодааст.
Меҳроб донишҷӯй аст ва ӯ дар компютер китоб мутолиа карда истодааст.
Озар духтур аст ва бо истифода аз компютер беморро муоина мекунад.
Баҳриддин муаллим аст ва ӯ дар компютер барои шогирдонаш маводҳои дарсӣ тайёр карда истодааст.
Комил дар Германия аст ва ӯ раиси бонк буда ҳаррӯза пули даромади бонкро дар компютераш назорат мекунад.
Техникаи бехатари дар синфхонаи компютерӣ
Шумо бори аввал ба синфхонаи информатика омадед. Он ба синфхонаи муқаррарии мактаб хеле монанд аст, аммо фарқият дарҳол маълум мешавад. Чунки дар ҳар як миз компютер мавҷуд аст. Аз имрӯз бо он кор карданро меомӯзем. Ман мехостам бовар кунам, ки компютер ёвари хуби шумо мешавад.
Барои он ки ёрдамчи мехрубон ва зебо бошад, ба ӯ эхтиёткорона муносибат кардан лозим аст. Компютер ба лой таҳаммул намекунад. Чанг, ки хамеша дар синфхонаи тозанашуда руй медиҳад, дар руи дастгоҳ ҷой гирифта, ба дохили он дохил шуда, асбобхои дакики электромеханикиро аз кор мебарорад ва схемахои электрониро вайрон мекунад.
Аз ин рӯ, аввалин талаботе, ки бояд дар синфхонаи компютерӣ риоя шавад,тозагӣ мебошад.
Шумо наметавонед бо пойафзол ва либосҳои ифлос омада бошед. Пеш аз дохил шудан ба дарс куртаю портфели худро тоза кунед.
Оё пеш аз дарси информатика ҳангоми танаффус вақти хӯроки нисфирӯзӣ надоштед? Беҳтараш сабр кунед, аммо бо худ нон, чормағз, ширинӣ ва тухмӣ наоваред. Онҳо ба компютери шумо бештар аз чанг зарар мерасонад. Агар онҳо дар байни калидҳои сафҳакалид резанд ё афтанд, тоза кардани онҳо он қадар осон нест.
Сақич хойдан, новобаста аз он ки он ба назари шумо то чӣ андоза болаззат менамояд, барои ҳар касе, ки дар назди компютер нишастааст, қатъиян манъ аст.
Вақте ки шумо ба дарси информатика меравед, ба дастҳои худ назар андозед. Ва агар нохунҳоят чиркин бошанд, ангуштонат чиркин ва равғанин бошанд, пас калидҳои сафҳакалиди компютерро низ Шумо ифлос хоҳед кард. Аммо дар ин клавиатура, ҳам муаллимони Шумо ва ҳам рафиқони Шумо аз синфи дигар кор хоҳанд кард! Ҳамеша дастонатонро тозаю озода нигоҳ доред хонандагони азиз.
Талаботи дуввуми муҳимтарин дар синфхонаи информатика ин интизом аст.
Ҳеҷ як тугмакалидҳои сафҳакалидро (ҳатто пас аз фаҳмидани он, ки онҳо чӣ маъно доранд!) набояд бе иҷозати муаллим пахш карда шаванд. Албатта, агар шумо тугмакалидро пахш кунед, таркиш ва сӯхтор ба амал намеояд. Аммо агар компютер барои дарс омода шуда бошад ва шумо бе огоҳии муаллим, қарор қабул кунед, ки бо клавиатура бозӣ кунед, пас эҳтимолан маводи омодашудаи омӯзгор дар компютер вайрон шавад.
Огоҳии махсус: Ҳеҷ гоҳ тугмаи барқро барои хомӯш кардани компютери худ пахш накунед. Ин метавонад боиси корношоямии компютери шумо гардад. Ва барои барқароршавӣ шояд соатҳои зиёд лозим мешавад.
Компютерҳо бо пайваст шудан ба шабакаи барқӣ метавонад ба кор дарояд, ки шиддати он барои ҳаёт хатарнок аст. Хонандагони мӯҳтарам эҳтиёт шавед! Ба симҳои ба компютер пайвастшуда даст нарасонед.
Ҳангоми пахш кардани тугмаҳои клавиатура қувваи зиёдро истифода набаред. Компютер ҳатто бо нармтарин пахши тугмакалидҳои сафҳа-калид шуморо мефаҳмад.
Шумо инчунин бояд ба муш ва дигар дастгоҳҳое, ки ба компютер пайвастанд, "мулоим" муносибат кунед.
Ҳатто бо ангуштони тоза ба экрани монитор даст нарасонед - аломатҳо дар он боқӣ хоҳанд монд.
Қоидаҳои рафтор дар синфхонаи информатика чандон мураккаб нестанд. Аммо онҳо бояд хеле қатъӣ риоя карда шаванд.