Мавзуъ: Функсияи ибтидои.
Методикаи дарс: баёни, баёни –аёни, проблемагузори, эвиристики.
Шакли фаъолияти хонандагон дар дарс: фарди, дунафара,гурухи, умуми.
Натичахои интизоршаванда :
Хонандагон бояд донанд: Таърифи хосила. Хисоб кардани хосила. Тарзи ёфтани функсияи ибтидои.
Максади дарс: омузонидани мафхуми функсияи ибтидои. Такмил додани махорат дар ёфтани функсияи ибтидоии функсияхои оддитарин.
Омухтани тахлили амалхои худ , мукоиса карда тавонистан ва хулосабарори.
Вазифахо:
Омузиши-дар асоси донишхои андухта доир ба хосила, ба хонандагон мухаё кардани имконияти худомузи. Дар якчояги бо хонандагон тартиб додани таърифи функсияи ибтидои.
Инкишофдиханда-омухтани тарзи хулосабарори сохтани алгоритми хал.
Тарбияви-омузонидани бахс карда тавонистан, фикри дигареро фахмида хак будани онро эътироф карда тавонистан.
Равиши дарс:
1)Ташкили дарс:
Се рох ба суи дониш мебарад: чустучу, таклид кардан, тачрибаи дигареро аз худ кардан. (Конфутсий)
Хосила –функсияи навро хосил мекунад.
Функсияи ибтидои-шакли аввалаи функсия мебошад.
2)Фаъолгардонии хонандагон.
Такрори таблитсаи хосилахо.
Маънои физикии хосила.
Супориш:Хосилаи функсияхои зеринро хисоб кунед:
Х2 , 2х3+6, 5х6-6х5+8х4-7х3+5
(х2+6х)(х6+8х), х-8 , 4х-8.
Маънои физикавии хосиларо гуед.
3)Ташкил кардани холати проблемави:
Масъала:Хангоми коркарди махсулот дар дастгох он то 1200 гарм кардан лозим аст.Ченкунихо бояд дар харорати 200 гузаронида шавад.Суръати хунукшавии махсулот ба фарки харорати хаво ва махсулот мутаносиб аст. Чи кадар вакт бояд интизор шуд , то махсулот хунук шавад?
Дар ин чо Т(t) харорати махсулот буда Т/(t)=k(T-180)/-суръати хунукшавии он аст.
Пеш аз халли ин масъала ба хонандагон супоришхо дода мешавад то дар чои нуктахо ифодахои лозимаро гузоранд:
(……)/=2х , (….)/=0 , (…..)/=4х3, (…..)/=25.
Яъне халли ин масъаларо дар ёфтани функсияи ибтидои дидан мумкин аст.Акнун дар якчояги таърифи функсияи ибтидоиро месозем.
Функсияи F(x) барои ягон функсияи f(x) функсияи ибтидои ном дорад ,агар шарти F/(x)=f(x) ичро шавад.
Мустахкамкунии мавзуъ:
1)Оё функсияхои зерини F(x) барои функсияи f(x) функсияи ибтидои шуда метавонанд
a)F(x)=x3-2x+1 f(x)=3x2-2
b) F(x)=x4-7 f(x)=4x3
c) F(x)=10 f(x)=0
2) Функсия ибтдоии функсияхои зеринро ёбед:
f(x)=x3
f(x)=x2
f(x)=x
3) Алгоритми ёфтани функсияи ибтидоиро созед.
1)Интихоби функсияи f(x).
2)Ёфтани функсияи ибтидои F(x)
3) Тафтиши дурустии кор бо хосила.
4) Агар чавоб мувофикат кунад, пас мисол хал шудааст, агар не пас бармегардем ба кадами аввала.
5) Бо истифода аз алгоритм мисолхои зеринро хал кунед:
a) f(x)=1
b) f(x)=x3
c) f(x)=0.25
d) f(x)=5x
e) f(x)=6/x
m) f(x)=7x8
хонандагон ба гуруххо таксим шуда супоришхо мегиранд.Мазмуни кори хар як гурух ин исботи функсияи ибтидои будани F(x) барои функсияи f(x).
Гурухи 1
1)f(x)=C F(x)=Cx
2) f(x)=sinx F(x)=-cosx
Гурухи 2
1) f(x)=0 F(x)=C
2) f(x)=x2 F(x)=x3/3
Гурухи 3
1) f(x)=1 F(x)=x
2) f(x)=x F(x)=x2/2
Гурухи 4
1)f(x)=cosx F(x)=sinx
2) f(x)=xn F(x)=xn+1/(n+1)
Супориши мустакилона: мисолхо аз китоби дарси.
Супориши хонаги:
Арзёби:Дар дарс шумо чи омухтед?
Чи барои шумо номаълум монд?