Дарси геометрия бо усули таълими салохиятнок дар синфи 7. Мавзуъ : Кунчхо
Барнома: Кунч. Намудхои кунчхо.Чен кардани кунчхо.
Салохиятхо: Мавзуи чорум дар геометрия , бинобар ин хонандагон чи будани шаклхои геометри ,чи гуна тасвир кардани содатарин шаклхо, ишорати онхоро медонанд.Хосиятхои он шаклхоро баён намуда тадкик намуда метавонанд. Дар бораи кунчхо низ аз синфхои поён маълумот доранд. Дарс кариб такрори ва мустахкамкунии донишхои пешина мешавад.
Максади дарс: Бояд таърифи кунч, хелхои он, хосиятхо, ишора, ва тарзи тасвири геометрии кунчхо аз тарафи хонандагон аз худ шавад.
Истилохот: Кунч.Кунчи рост,кунчи кунд,кунчи тез,кунчи кушод
Ташкили дарс:Тайёр намудани маводхои таълими аз тарафи омузгор ва хонандагон.
Такрори мавзуи гузашта ва фаъолгардонии хонандагон:
Азбаски мавзуи дарс ба хонандагон шинос аст,яке аз усулхои хамфаъол «Микрофон»-ро истифода мебарем.Яъне пурсиш бо воситаи «микрофон» ягон предмет дар синф роли микрофонро мебозад,масалан пенал ё хаткашак.Шахсе,ки савол медихад(омузгор) ба «микрофон» савол медихад,шахси чавобдодаистода низ «микрофон»-ро истифода мебарад. Ин амал саволу чавобро ба шакли бози табдил медихад.
1Кадом шаклхои асосии геометриро медонед?(нукта ва хати рост)
2.Барои чи ин шаклхо асосианд?(аз ин шаклхо дигар шаклхо иборатанд)
3.Аз ин шаклхо чи гуна шаклхоро сохтан мумкин аст.(нур,порча,…..)
4.Яке аз шаклхое ки шумо номбар кардед ва онро мо омухтем ин нур аст.Агар ду нурро хамчоя кунем чи хосил мешавад?(хати рост, кунч)
5.Дуруст кайд кардед,ки дар натича хати рост,ё кунч хосил мешавад,пас ба кунч чи хел таъриф додан мумкин аст.
6.Чавобхои шумо хело олианд:Ду нури ибтидоаш умуми, Ду нури хамчояшуда.Ду нуре ки аз як нукта мебароянд. Аз ин таърифхо ба фикрам охиронаш пуратар аст. Шумо дар ин бора чи фикр мекунед?
7.Нурхо хар хел чойгир мешаванд.Оё кунчхоро ба намудхо чудо кардан мумкин аст?
8.Намудхои кунчхо,ки ба шумо маълум аст номбар кунед.
9.Кадоме аз ин кунчхоро шумо барои мукоиса кардани дигар кунчхо интихоб мекардед?
10.Албата ба фикри ман низ кунчи рост мувофиктар аст,инро шарх дихед.
11.Акнун нисбати фаркияти ин кунч бо кунчи тез ва кунчи кунд, фикри худро баён кунед.
12.Мо кунчи кушодро чи хел таъриф медихем?(Ду нимхати рости пуркунанда)
13. Кунчи кушодро чи хел хосил кардан мумкин аст?
14.Бале худи ибораи «кунчи кушод» яъне кунчро то охир кушодан дар бораи хосил кардани кунчи кушод маълумот медихад.
15.Хамаи кунчхоро дар дафтаратон тасвир кунед,ва ба кунчхо ном гузоред.
16 Номхои гузоштаи худро гуед.(Суханхои дар зер оварда шуда аз омузгоранд ки хулосахои у дар бораи тасвирхои дар дафтар кардаи хонандагон аст)
А)шумо кунчи худро бо як харфи калони лотини А ишора кардед, ин дуруст аст аммо барои он ки кунч будани он бидуни тасвир аник гардад ба он ишораи кунчро хамрох кунед:
В)шумо кунчи худро бо ду харфи хурд а ва в ишора кардед,чаро(чунки тарфхои кунч хати рост дурусттараш нимхатхои ростанд)Дуруст аст а ва в тарафхои кунч ном доранд ва кунч хамеша дорои ду тараф аст .Ишораи хаттии он
)
С) Шумо кунчи худро бо се харфи калони лотини АВС ишора намудед,чаро?(нурхо АВ ва АС хамчоя шуда кунч сохтанд) Дуруст аст,то ки дар кулла кадом нукта буданаш аник шавад,харфи дар кулла бударо дар байн менависанд:
.
17.Як ба дафтархои хамдигар нигаред.Кунчхои кашидаи шумо хархелаанд,пас кунчхо ченшавандаанд.
Онхоро бо кадом асбоб чен мекунанд(транспортир)
18.Ки дар назди тахта тарзи чен кардани кунчхоро бо истифодаи транспортир бараси мекунад.
19.Ки мехохад дар бораи кисмхои транспортир маълумот дихад.
20.Супориши хонаги: дар хона ба кунчхо бо истифодаи маълумот дар бораи бузургиашон таъриф тартиб дихед.(масалан-кунче,ки ба 1800 баробар аст кунчи кушод ном дорад)
Каме аз таърих:Хануз дар замонхои кадим кунчро чен мекарданд.Бо ин максад аз давра истифода мебурданд.Дар шахри Урук (охирхои соли 4000 то мелод)навиштахое боки мондаанд ки дар онхо давра ба 360 кисм таксим шуда буд.(кунчи пурра 3600)Зеро як сол он вактхо 360 руз буд (12мох 30-рузи).Фактхои таърихи аз он гувохи медиханд ки транспортир(мекучонам)хамчун асбоб аз тарафи архитектори мисри Фёдор аз Самос дар асри7 пеш аз мелод ихтироъ карда шудааст.
Супоришхои амали(гурухи: 4-нафара)
Варианти 1
1)Се нури ибтидояш умумиро кашед. Кунчхо хосилшударо ном гузоред ва номбар кунед.Бузургии хар як кунчро чен кунед.
2)Як кунчи рост ва як кунчи тез кашед.Кунчхоро чен кунед,ва фарки онхоро гуед.
Варианти 2
1)Кунчи кунд кашед . Дар дохили он кунчи рост кашед.Кунчхоро ишора кунед.Номхояшонро нависед. Бузургии кунчхои хосилшударо чен кунед.
2)Як кунчи рост ва як кунчи кушод кашед.Фарки ин кунчхоро гуед.
Варианти 3
1)Кунчи кушод кашед. Аз ибтидои он ду нур бароред.Кунчхои хосилшударо ном гузоред.Бузургихои ин кунчхоро чен кунед.
2)Кунчи кунд ва тез кашед.Онхоро чен кунед ва фаркашонро ёбед.
Варианти 4
1)Кунчхои 100, 1000,130,1250,1790,890-ро тасвир созед , ном гузоред ва аз руи бузургиашон ба гуруххо чудо кунед.
2)Кунчи кушод кашед,аз ибтидои он як нур кашед Ду кунчи нави хосилшударо чен куне два суммаашонро ёбед.
Варианти 5
1)Ду хати рости хамдигарро бурандаро тасвир кунед.Чанд кунч хосил шуд. Ин кунчхоро ном гузоред ва хелхояшонро гуед.
2)Оё шумо метавонед бо транспортири худ кунчи бузургиаш 2500-ро кашед. Чавобро шарх дихед.
Машкхо:
1)Кунчи АОВ дода шудааст .Дар он нури ОЕ гузаронида шуд. Кунчхои АОЕ ва ВОЕ чанд градусианд агар маълум бошад ки АОВ=680 ва ОЕ онро ба ду кисми баробар таксим мекунад?
2)Кунчи АОВ 1640 аст .Кунчхои АОЕ ва ВОЕ –ро ёбед агар яке аз дигаре 100 хурд бошад.
3)Кунчи АОВ 1230 аст. Кунчхои АОЕ ва ВОЕ-ро ёбед агар яке аз дигаре 150 калон бошад.
4)Кунчи АОВ 1250 аст . Кунчхои АОЕ ва ВОЕ-ро ёбед агар яке аз дигаре 4 маротиба хурд бошад.
5)Кунчи АОВ 990 аст.Кунчхои АОЕ ва ВОЕ-ро ёбед агар яке аз дигаре 2 маротиба калон бошад.
6)Кунчи АОВ 880 аст. Кунчхои АОЕ ва ВОЕ-ро ёбед агар онхо чун 3:5 нисбат дошта бошанд.
7)Кунчи кушод кашед,Аз ибтидои он нур гузаронед.Се нукта гузоред ки ба кунч таалук надошта бошад.Се нукта гузоред ки танхо ба кунчи кушод таалук дошта бошад. Се нукта гузоред ки таалуки кунч бошад вале ба кунчи кушод таалук надошта бошад.
8)Чадвал кашед .Ба чор кисм таксим кунед.Кисмхоро мувофикан чунин номхо гузоред:кунчи кушод, кунчи рост, кунчи тез, кунчи кунд.Ба хар як кисми он кунчхои мувофикро кашед ва бузургихояшонро чен карда нависед
9)Ду кунч кашед ки яке аз дигаре се баробар калон бошад. Бузургихои онхоро нависед ва фаркашонро ёбед.
10)Кунчи кушод кашед.Аз ибтидои он се нур бароред. Хамаи кунчхои хосилшударо чен кунед.Онхоро ба гуруххо мувофики бузургиашон чудо кунед.
Супориши хонаги.