Танзиму анъана ва чашну маросимхо
Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба конунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи танзиму анъана ва чашну маросимхо да Чумхурии Точикистон» бо назардошти дархосту пешниходи сокинони мамлакат зимни вохурихо, баромадхо тавассути воситахои ахбори омма, инчунин зимни мулокот ба муносибати 10 солагии кабули Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи танзиму анъана ва чашну маросимхо дар Чумхурии Точикистон» 11 июли соли 2017 баёншуда, бо максади бехдошти вазъи ичтимои, пешгири ва кам кардани харочоти барзиёд хангоми баргузории чашну маросимхо, манъи баъзе маросимхо, баланд бардоштани сатхи зиндагии мардуми Точикистон, комиссияхои доимии махалли ва чамъиятиро дар ин соха ба таври илова муайян мекунад.
Мувофики тагйиру иловахои воридгардида дар рузхои иди Рамазон ва Курбон оростани дастурхони маънави ва хоксорона, рох надодан ба исрофкори ва зиёдарави, дар доираи оила бе хизматрасонии санъаткорон гузаронидани хатнасур, бо розигии падару модар аз рузи таваллуди писар то рузи бистуми пас аз таваллуд дар муассисахои тибби ба таври ройгон анчом додани хатна пешбини гардидааст.
Гузаронидани маъракахои номгузори, гахворабандон, чиллагурезон, муйсаргирон ва дигар маъракахои ба таваллуди кудак вобаста дар доираи оила, бе забхи чорво ва хизматрасонии санъаткорон ичозат дода мешавад. Гузаронидани маъракаи акика, ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбоди, шахтоз (рохбандон) ва хочизиёрат манъ карда шудааст.
Хамчунин маросими дафн ва азодори, аз чумла маросими «се», «чил» ва «сол» бе забхи чорво ва бе додани таом гузаронида мешавад.
Тагйиротхои назарас ба моддаи 14 Конун, ки тартиби баргузории чашну маросимро ба танзим медарорад, пешниход гардидаанд. Дар он дар асоси шартнома расонидани хизматрасонихо пешбини гардида, маъмурияти кахвахонахо, ошхонахо, тарабхона ва туйхонахо дар баробари сохибони маърака барои шумораи даъватшудагон ва вакти баргузории тую маъракахо масъул мебошанд.
Мувофики тагйироти дохилгардида тую маросим дар шахрхо дар рузхои истирохат аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рузхои кори аз соати 18-00 то соати 22-00, дар шахраку дехот (аз чумла шахраку дехоти тобеи шахр) дар рузхои истирохат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6-00 то соати 22-00, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8-00 то соати 22-00 ва дар рузхои кори аз соати 18-00 то соати 22-00 гузаронида мешаванд. Давомнокии тую маросим то се соат мукаррар карда шудааст.
Хамзамон шахсони вокеи ва хукуки ухдадор карда мешаванд, ки ба рукнхои фарханги милли, аз чумла забони давлати ва сару либоси милли эхтиром гузошта, онхоро аз таъсирхои манфии замони муосир хифз намоянд.
Ба Конун меъёри нав пешниход гардидааст, ки мувофики он аъзои Хукумат, раисони вилоятхо ва шахру нохияхо, дигар шахсони мансабдори давлати, хизматчиёни давлати, судяхо, кормандони макомоти прокуратура, амният, корхои дохили, назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони макомоти хифзи хукук, андоз, гумрук ва хизматчиёни харби барои вайрон кардани талаботи Конуни мазкур аз чониби онхо ва фарзандонашон мутобики конунгузори Чумхурии Точикистон аз мансаб озод карда мешаванд.
Дар баробари ин мувофики тагйиру иловахои ба моддаи 481 Кодекси хукуквайронкунии Чумхурии Точикистон воридгардида, чавобгарии шахсони алохида барои вайрон намудани талаботи Конуни Чумхурии Точикистон
«Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо да Чумхурии Точикистон» пурзур карда шуда, андозаи чарима нисбати шахсони мансабдор аз 12500 сомони то 25 хазор сомон ива нисбати шахсони хукуки аз 25 хазор то 35 хазор сомони баланд бардошта шудааст.
Ба сохибкорони инфироди, ходимон ва уламои дин барои содир намудани хамин кирдор 35 хазор сомони чарима мукаррар карда шудааст.
Барои дагалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва чашну маросимхо чавобгари мукаррар карда шуд, ки мувофики он ба шахсони вокеи ба андозаи 30 хазор сомони, ба шахсони мансабдор ба андозаи 40 хазор сомони ва ба шахсони хукуки 50 хазор сомони таъйин карда мешавад