Просмотр содержимого документа
«Маълумоти кутох дар бораи "таълими омехта"»
Дарси омехта
Барои бехтар ва рангоранг гардонидани дарсхо, шаклхои нави таълим , мунтазам пешниходи омузгорон мегардад. Омузгори имрузаро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатхи дониши худ ва такмили махорату малакаи педагогиву омузгори, аз навигарихо дар ин соха бархурдор бошад. Ба хама алакай усули фаъоли таълим, тарзи хамфаъол (интерактив) ва таълими салохиятнок маълум аст. Инак усули дигари гузариши дарс , дарси омехта , пешниходи шумо мегардад,ки дар замони имруза татбик шуда истодааст.
Ин гуна дарс барои он номи «дарси омехта»-ро гирифтааст,ки дар он хам тарзи анъанави, хам усулхои нави таълим ва хам таълим бо истифодаи технологияхои замонави чори карда шудааст.
Барои дурусттар дарк намудани шумо яке аз моделхои ин дарсро намуна меорам: Синфро ба се гурух таксим мекунем (се зона-минтака):1)минтакаи омузгор-дар ин минтака омузгор ба хонандагон дарс мегуяд,бо онхо саволу чавоб мекунад. 2)минтакаи бози-дар ин минтака хонадагон ба бозихои интелектуали машгул мешаванд.Бозихо бояд бо дарс алокаманд бошанд (кроссворд, ребус,муаммо, лото ва гайра) 3) минтакаи маълумот-дар ин минтака хонандагон ба худомузи машгул мешаванд (ба онхо супориш дода мешавад ва вобаста ба супориш маводхо дода мешавад,ки онхо аз ин маводхо истифода бурда супоришро ичро мекунанд.
Сипас дар давоми дарс хонандагон чои худро иваз мекунанд.Хамин тарик дар дарс хонанда дар се минтака давр зада истода хам худаш маълумоти нав чустучу мекунад,хам бо ёрии омузгор мушкилихоро бартараф месозад, хам бозихои интелектуали кумак мекунанд ки у донишхои худро мустахкам созад.
Модели дигари дарси омехта ин «дарси чаппа» аст.Яъне омузгор мавзуи навро ба чои вазифаи хонаги медихад.Хонанда дар хона бо истифодаи расонахои интернети, китоби дарси ва гайра манбаъхо дарси навро меомузад.Баъд маълумоти азхудкардаи у дар дарс дида баромада ва аз тарафи омузгор пурра карда мешавад.
Боз як модели дигар : «гурухи автономи». Хангоми дарс гурухеро иборат аз 4-6 хонанда иборатро интихоб карда ба онхо супориши махсус дода мешавад.Ин супоришро онхо то охири дарс бо истифода аз маводхои гуногун мустакилона бе ёрии омузгор ичро мекунанд.Дар охир омузгор барои онхо 10-15 дакика вакт чудо мекунад то маълумоти гирифтаи худро ба ахли синф барраси кунанд.
Ин буд камакак дар бораи «дарси омехта». Агар маълумоти бештаре ё пешниходоти хубтаре доред мархамат!