СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Математика шохи фанхост

Категория: Прочее

Нажмите, чтобы узнать подробности

Макола доир ба мухим будани омузиши фанни математика

Просмотр содержимого документа
«Математика шохи фанхост»

Математика шохи фанхост.

Ба мо хамеша хануз аз бачаги мегуянд: «Математика шохи фанхост» , « Ададхо чахонро идора мекунанд» . Оё ягон вакт дар бораи он ки то кадом дарача ин гуфтахо дурустанд фикр кардаед? Вакте,ки дар синфхои болои ба омузиши дигар фанхои дакик огоз мекунанд , аник мегардад, ки бе донишхои математики омузиши ин фанхо номумкин аст. Физика , химия , биология ва хатто география талаб мекунанд,ки шахси ин илмхоро омузанда бояд акаллан математикаи элементариро бояд донад.

Умуман кобилияти математики хам ба кудакон ва калонсолон лозим аст.

Оё метавонед гуед ки омузиши математика ба шумо чи дод? Оё метавонед ба хонанда фахмонед ки омухтани математика барои у чи зарурият дорад?

Бояд хар як шахс хар як хонанда хис кунад , донад ,ки машгул шудан бо математика махсусан зарур аст , хатто агар дар оянда хаёти у бо математика алокаманд набошад.

  1. Математика тафаккури мантикиро инкишоф медихад

Математикаро омухта истода хонанда чунин махоратхоро сохиб мешавад.

  • Умумигардони ва муайян кардани фикри асоси.

  • Тахлил кардан ва ба тартиб даровардани акида.

  • Конуниятхоро дарёфт кардан.

  • Муайян намудани сабаб ва натича.

  • Мухокима рондан,хулосаи дуруст баровардан.

  • Мантики, абстракти ва стратеги фикр карда тавонистан.

Чи гунае ки варзиши бадан чисми инсонро инкишоф медихад, хамин хел омузиши математика майнаи сарро такомул дода чахонбиниро васеъ мекунанд ва зехнро кави мегардонад.

  1. Машгулият бо математика хотираро мустахкам мегардонад.

Олимон донишгохи Стэнфорди ШМА равиши халкунии масъалахои математикиро омухта истода ба хулосае омаданд, ки дар бештар холат маълумот аз хотира дарёфт карда мешавад. Кудакон хангоми хисоб чубчахо, ангуштон ё предметхоро истифода мебаранд. Калонтар ки шуданд аллакай ин амалхоро дар хотираи худ ичро мекунанд.

Тадкикоти ачоибро олимон дар мачаллаи «Nature Neuroscience» соли 2014 оварданд ки он чо масъалаи ташаккули фаъолияти омузишии кундакон мавриди тахлил карор гирифта шуда буд. Хулосаи ин тадкикот : халли масъалахои математики хотираро мустахкам мекунад.

  1. Математика тарбия мекунад.

Барои халли дурусти масъалахои математики ва мантики диккатноки, масъулиятноки, вазифашиноси, покизакори ва боинтизоми заррур аст.

Чи кадаре ки кудак «мушакхои акл»-и худро машк медихад, хамон кадар бартараф кардани дуворихо осонтар мегарданд.

  1. Математика омузиши фанхои гуманитариро осон мегардонад.

Дар омузиши илмхои гуманитари хотираи кави ва диккатноки зарур аст ки

ин хислатхоро метавон дар равиши омузиши математика пайдо кард.

Математика –фаннест илмхоро ёрирасон ва бо физика, химия , география

ва геология алокамандии зич дорад. Сотсиология , иктисодиёт чузъи чудонашавандаи онанд. Лекин чунин фанхо ба монанди лингвистика, журналистика ба мафхумхо ва моделхои математики, конуниятхои мантикии математики такя мекунанд.

  1. Махорати халли масъалахои рузгорро такмил медихад.

Тахмин намуда ба куввахои гайр умед бастанро математика инкор мекунад.

У дуруст мухокима рондан ва алгоритми амалхои худро тартиб дода хулосаи дуруст бароварданро талкин мекунад.

  • Хулосаи бемантик инкор карда мешавад, амалхо бо тартиби муайян накшабанди мешаванд.

  • Маълумот зуд азхуд мешавад. Он на танхо азхуд мешавад балки дар натичаи фикрронии мантики хулосахои дуруст пайдо мешаванд ва холати баамаломада дуруст тахлил мегардад.

  1. Математика гарави инкишоф дар зинахои касби аст.

Агар якчанд сол пеш забондони барои инкишоф дар зинахои касби мухим буд,хозир бо донистани якчанд забон касеро ба хайрат гузоштан осон нест.Имруз зарур аст бо технологияи замонави шинос бошед, сохиби тафаккури мантики бошед, масъалахо гайристандартиро хал карда тавонед умуман кобилияти математики бояд дошта бошед.

Машгулиятхои математикии натичабахш ба шахс бовари ба амалхои худ, максаднок фаъолият намудан, аз мушкилихо нахаросиданро меомузонанд.

  1. Халли масъалахо пойдориро дар холати рухи (психологи) хосил мекунад.

Халли масъалахои математики мувофики хулосаи кормандони донишгохи Дюки ШМА инсонро аз хавотири озод намуда холати рухиро ба танзим медарорад. У барои худидоракуни ёрии амали расонда асабнокиро бартараф месозад

Умуман халли мисолу масъалахои математики ба шахсе ки математикаро чиддан меомузад кайфиятеро медихад ки навозандагону сарояндагон онро эхсос мекунанд, шоирону нависандагон хангоми мутолиаи асари худ аз он лаззат мебаранд. Зебогии формулаву халхоро математик бо чашмони рассом мебинад.