Дарси математика дар синфи 5
Мвзуъ: Фоиз.
Максади дарс: Шинос намудани хонандагон бо мафхуми фоиз.
Ишора кардани фоиз,ёфтани фоизи адад.
Табдил додани фоиз ба касри дахи ва баръакс
Омухтани хонандагон ба халли масъалахои матни.
Такмили махорати хисобкуни.
Омухтани татбики донишхои гирифта дар амал.
Салохиятхо: Дар бораи касрхои дахи маълумот доранд. Касри дахиро ба одди табдил дода метавонанд. Мафхуми хиссаи ададро медонанд.
Саволхо: Касри одди чист?
Касри дахи чист?
Чи гуна касри дахиро ба одди овардан мумкин аст?
Чи гуна касри оддиро ба касри дахи меоранд?
Хиссаи ададро чи хел мефахмед ?
Дар бораи хиссаи адад мисолхо оред?
Хиссаи адад чи хел ёфта мешавад ?
Адад аз руи хиссааш чи хел ёфта мешавад?
Кори хатти:
Барои он ки номи мавзуи имрузаро ёбед ададхоро аз руи зиёдшавиашон бо харфхояшон нависед.
Х | Н | Е | С | О | Т | О | П | Р |
3,5 | 3,2 | 1,5 | 0,9 | 7,9 | 3,21 | 0,36 | 0,1 | 0,25 |
2.Таксимро ичро кунед:
24/100; 567/100; 89/100 ; 1/100; 100/100.
3.Ёбед:
а)0,01 аз 50
в)0,36 аз 360
Сарсухан: Жан Жак Руссо суханвари бузург , философ солхои 1712-1778 умр ба сар бурдааст.У барои шумо чунин суханхоро мерос гузоштааст: « Шумо кудакони боистеъдодед! Ягон вакт шумо худ аз ин хабар меёбед ва аз аклу заковати худ дар ба хайрат мемонед ва мефахмед ки агар шумо хама вакт назди худ максад гузоред ва барои ба максади худ ноил гаштан мехнат кунед хело куллахоро фатх хохед кард!».
Инак пас аз ичрои машки якуми супориши имруза шумо вокиф гардидед ки мавзуи имруза просентхо яъне «Фоизхо» будааст . Дар забони байналхалки ин мафхум просент ном бурда мешавад. Пайдошавии ин мафхум ин талаботи амалия аст.Онро хисобчихо,хисоби омор, иктисодчихо,банкхо ва гайра истифода мебаранд . Хулоса татбики амалии он хис карда мешавад.
Масалан: Дар интихобот 75% иштирок карданд. Карзи 25%. Давомот дар синф 100%. Матоъ 97% аз пахта иборат аст. Махсулот 30% равганнок аст. Шумо монанди ин мисолхои зиёд шунидаед.
Калимаи «просент» аз калимаи лотини гирифта шудааст ва pro centum маънои «аз сад»-ро дорад. Соли 1685 дар Париж хангоми чопи китоб чопкунанда ба хатоги рох дода бачои 100 чунин навишт 010 монанди ишораи %.Баъди ин хатоги математикон просентро чун % ишора мекардаги шуданд. Хиндухо вакте ки карз мегирифтанд судхур чунин талаб мекард: «Ба хар 100 танга 16 танга изофа медихи» . Ана хамин тавр фоизро мефахманд: Садяк хиссаро фоиз меноманд.
Яъне: 2%=0,02; 6%=0,06; 49%=0,49; 129%=1,29% 3,9%= 0,039.
Ва баръакс: 0,87=87%; 0,907=90,7% ; 1,46=146%; 3,456=345,6%
Акнун аз муоинаи ададхои зерин хулоса бароварда ба саволхо чавоб дихед:
Фоиз чист?
Чи тавр фоизро ба касри дахи меоранд?
Чи тавр касри дахиро ба фоиз меоранд?
Масъалахо (бо хамрохии синф)1) Фабрикаи дузандаги 1200 костюм духт . 32 %-и он мувофики муди нав духта шуд.Костюмхои муди нав чандтоянд?
1)32%=0,32
2)0,32*1200=384
2)Дар синф аз кори хатти 30%-и хонандагон бахои 5 гирифтанд ки онхо 12 нафаранд .Дар синф чанд хонанда хаст?
1)12*100=1200
2)1200:30=40
3) Аз 1800 га замин 558га шудгор шудааст. Чанд фоизи замин шудгор шудааст?
1)558/1800=0,31
2)0,31*100=31%
Масъалахоро дар гуруххо (4-нафари)тахлил кунед ва алгоритми хар намудро созед.
Кори мустакилона:
Варианти 1.
Ба касри дахи оред:
1%; 5%; 123%
Дар намуди фоиз нависед:
0,87; 8,97; 67,8.
3.Касрхои оддиро ба намуди касри дахи оред баъд дар намуди фоиз нависед:
1/2; 4/5; 6/8
4.Дар китобхонаи мактаб 7000 китоб хаст Нигина 1%-и ин китобхоро хонд .Нигина чанд китоб хонд?
Варианти 2.
Дар намуди касри дахи нависед.
6%; 78%; 456%;
2)Ба намуди фоиз оред:
0,78; 6,9; 21,546.
3)Касрхои оддиро ба намуди касри дахи оред баъд дар намуди фоиз нависед.
2/5; 6/20; 45/90.
15%-и ангур ба фуруш рафт ки ин 150 сомони аст. Хамаи ангур чанд пул нарх дорад?
Варианти 3
1). Дар намуди касри дахи нависед.
123% ; 67% ; 7%
2)Ба намуди фоиз нависед:
8,9; 56,9; 234,87.
Касрхои оддиро ба касри дахи оред баъд дар намуди фоиз нависед.
9/25; 7/40; 9/2
Аз 200 сахифаи китоб Шариф 50 сахифаро хонд Шариф чанд фоизи китобро хондааст?
Супориши хонаги: Халли машк. Аз худ намудани фоиз мафхуми фоиз.