СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Метод шакл ва воситахои омузиши интерактиви (давомаш)

Категория: Прочее

Нажмите, чтобы узнать подробности

Боз якчанд намунаи стратегияхои омузиши интерактиви .

Просмотр содержимого документа
«Метод шакл ва воситахои омузиши интерактиви (давомаш)»

Метод шакл ва воситахои омузиши интерактиви (давомаш)

Ин навбат боз баъзе шаклхои омузиши интерактивиро пешниходи шумо мегардонам бо намунахои истифодаи ин стратегияхо дар дарсхои математика оварда мешавад.

ЧАРХОФАЛАК

Истифодаи ин стратегияро дар дарсе ки ба халли мисолхо бахшида мешавад нишон медихам.

Одатан дар синфхо мизхои нишаст дар се катор гузошта мешавад, хар катор 5-тоги миз дорад

Пешаки омузгор барои хар катор 5 тоги мисолхои бо 5 кадам хал мешуда тартиб медихад.Дар огоз ба хар як миз яктоги мисол гузошта мешавад. Ба хонандагон равиши кор чунин фахмонида мешавад:Корро ду нафари ичро мекунем.Хозир хар як мизе ки супориш гирифт танхо амали якумро ичро мекунад ва вараки худро ба мизи кафо месупорад.Онхо амали дуро ичро карда варакро ба мизи дар паси худ буда медиханд Мизе ки амали 5-умро ичро мекунад корро ба мизи аввала бармегардонад.Онхо халро пурра тафтиш карда ба ахли синф камбудихо(агар бошад) ё дурустии корро барраси мекунанд.

ЭСТАФЕТА.

Ба фикри ман ин стратегия хангоми мустахкамкунии мавзуъ дар дарси математика басо кулай аст.

Барои амали кардани ин усул омузгорро зарур аст варакахо тайёр кунад ки аз мисолхои содда фахмо иборат бошад ва дар тахтаи синф хам чои бисёр нагирад.Зеро мисолхоро хонандагон дар тахтаи синф ки ба се кисм (барои се катор) таксим карда шудааст ичро мекунанд.Шумораи варакахо ба микдори хонандагони синф бояд баробар бошад.Варакахо дар мизи омузгор гузошта мешавад ,хар як хонанда аз се катор яктоги варака гирифта дар тахтаи синф супориши дар он навиштаро ичро мекунанд.Сипас навбатро ба хамкатори худ медиханд.Эстафета то он дам давом мекунад ки аъзоёни каторхо пурра баромад кунанд.

УСУЛИ СУКРОТ

Ин стратегияро ба усули таълими салохиятнок низ дохил кардан мумкин аст.Яъне омузиши ягон мавзуъ

ё чавоб ба ягон савол бо воситаи савол сурат мегирад.Мисол: Мавзуъ: Суммаи кунчхои хамсоя.

Савол: Кунчи хамсоя чист?

Чавоб: Кунче ки як тарафаш умуми буда ду тарафи дигараш нимхатхои рости пуркунандаанд кунчи хамсоя аст.

Савол: Кунчи хамсояро тасвир кунед ва гуед ки чанд кунчро дар накша мебинед.

Чавоб: Кунчи АОВ ; АОС ва СОВ .Се кунч.

Савол: Оё ин кунчхо якхелаанд?

Чавоб: Не . Кунчи АОВ—кушод, кунчи АОС—кунд, кунчи СОВ—тез . Се хел.

Савол: Кунчи АОВ чанд градус

Чавоб: 1800

Савол: Оё метавонем гуем ки азбаски ОС тарафи умуми аст ,кунчи АОВ ба ду кунч АОС ва ВОС таксим мешавад?

Чавоб : Ха

Савол: Пас ба фикри шумо суммаи ин ду кунч чанд мешавад?

Чавоб: 1800.Чунки ин кунчхо дар натичаи ба ду кунч чудо кардани кунчи кушод хосил мешаванд.

Савол:Оё хама вакт,суммаи кунчхои хамсоя 1800 аст?

Чавоб : Ха.

Омузгор: Инак теорема:Суммаи кунчхои хамсоя 1800 аст. Теоремаро нависед ва онро хатти исбот кунед.

ДЕБАТ:

Ин тарзро барои нишон додани якчанд рохи халли мисолхои математики истифода бурдан мумкин аст.

Бояд хонандагон супоришхоро гиранд ва онро бо тарзхои гуногун ичро кунанд.Хангоми баррасии хал, онхо бояд бартарии амалхои худро ба ахли синф исбот кунанд.

Мисол:

Супориш: 1/2 + 3/4 -2/5

Хонандаи якум: Барои халли ин мисол ман хар як касрро ба касри дахи гардонида амалхоро ичро мекунам: 0,5+0,75-0,4=0,85

Хонандаи дуюм: Тарзи кулай барои ман ин ёфтани махрачи умуми аст: 10/20+15/20-8/20=17/20.

Супориш:Муодилаи 2(х+6)=14-ро хал кунед.

Хонандаи якум: Пеш аз хама кавсхоро мекушоям ва номаълумро меёбам.

2х+12=14

2х=2

Х=1

Хонандаи дуюм: Аз хосиятхо истифода бурда аввал таксимро ичро мекунам.

Х+6=14:2

Х+6=7

Х=1

Супориш; Адади 20-ро 40% зиёд кунед.

Хонандаи якум: Аввал 40%-и 20 ро ёфта баъд онро чамъ мекунам

20----100%

Х----40%

Х=(20*40)/100=8

20+8=28

Чавоб: 28

Хонандаи дуюм:Азбаски 20 40% зиёд мешавад пас чавоби мо 140%-и 20 мешавад.

20----100%

Х------140%

Х=(20*140)/100=28

Чавоб : 28

Сипас хонандагон доир ба интихоби халли худ бахс мекунанд.

АУКЦИОН

Ин шакли тафтиши донишхои андухташуда аст.Равиши он чунин аст.Синф ба гуруххо таксим карда мешавад.Омузгор ба гуруххо як микдор хол медихад,ки онхоро барои харидани саволхо метавонанд сарф кунанд.Саволхо тартиб дода мешаванд ва ба онхо нарх гузошта мешавад.Савол бо нархаш пешниходи хонандагон мегардад.Гурухе хакки ба савол чавоб доданро пайдо мекунад ки ба он нархи баландтар аз будааш дихад.Баъди ба савол дуруст чавоб додан гурух ба ин хол сохиб мешавад, агар не аз холхои будаи гурух ин микдор тарх карда мешавад.Агар холхои гурух тамом шавад онхо ё аз бози мебароянд, ё тестхо хал карда холхо ба даст меоранд.Дар охири дарс холхоро ба бахо иваз мекунанд.

БОРХАЛТА

Дар тахтаи синф масъалае навишта мешавад, ки халли он донистани бисёр хосиятхоро талаб мекунад, ва дар гушае расми борхалта тасвир мешавад.Хонандагон барои нишон додани хал,формулахо ва хосиятхое ,ки онхоро мебояд истифода баранд дар дохили борхалта менависанд

Сипас албата бо истифодаи ин маводхо масъаларо хал мекунанд.

Усулхои интерактиви басо зиёданд, онхоро худ метавонед эчод кунед.Зеро хар як дарси шумо бояд донишеро ба хар як хонанда дихад.Шумо хонандаи сустхон надоред,хонандае доред,ки барои у дарси шумо дастнорас аст.Пас кушиш кунед то дарси шумо хар як хонандаро дар синф фаро гирад!