СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Муҳити зист чист

Категория: Экология

Нажмите, чтобы узнать подробности

Просмотр содержимого документа
«Муҳити зист чист»

Муҳити зист чист?

Одатан зери мафҳуми муҳит маҷмӯи шароитҳо (об, хок, ҳаво, дарё, ҷангал, иклим) ва таъсироте дар назар дошта мешавад, ки одам дар иҳотаи онҳост. Масалан, ҳамаи он чиро, ки ба ҳаёт ва фаъолияти одам алоқаи бевосита ё ба-восита дорад муҳити ҳаётӣ мегӯянд. Тамоми олами моддии моро иҳотакарда муҳити атроф аст. Як кисми он ҳаМ, ки бо мо дар таъсири тарафайн аст, муҳити мост. Вай сабабгори хамаи шароитҳои табиии зисти одам ва мавҷудоти зиндаи сатҳи сайёра буда, чун манбаи захираҳои зарурӣ хизмат ме-кунад. Дар табиат ҳама чиз дар мувозинати динамикӣ буда, гардиши биологии модда даврӣ такроршаванда_аст. 
Инсон хастии табиӣ ва ҷамъиятист ва аз ин рӯ фаъо-лияти вай ҳангоми маҷмӯи муайяни шароитҳои табиӣ ва зуҳуроти ҷамъиятй мегузарад. Сайёраи Замин ва он соҳаи фазои кайҳон, ки имрӯз инсон қудрати омузиш дорад, ҷузъи табиии муҳити мост. 
Мутобиқан ба фарди олами набототу ҳайвонот е як ор-ганизми зинда кисми маҳдуди табиат муҳити атроф аст, зе-ро таъсири ҳамдигарии фарду муҳит нисбатан мураккаб нест. Пас, муҳити зист он қисми табиат аст, ки организми зиндаро иҳота карда, байни онҳо таъсири тарафайни бево-сита амал мекунад. Соҳаи фазоеро ҳам муҳити зист ҳисобидан равост, ки дар он организм ва мухити органики-ву минералии наздиктарин ба ҳамдигар таъсир мекунанд. Гуногунрангӣ ва сершумории шароитҳои физикиву кимиё-вии табиати атроф тасдиқи таърифи болост, зеро ҳатто дар минтақаҳои якхелаи ҷугрофӣ муҳитҳои зист айнан якхела намешаванд. Масалан, хирси сафед ва намояндаи дигари ин оила дар минтакаҳои ҷанубтар зери таъсироти гуногуни муҳити   зистанд.   Вобаста   ба   баландиҳои   гуногуни  як муҳити обӣ (масалан уқёнус) шакли моҳиҳо гуногун меша-ванд, яъне моҳиҳои сатҳи боло ва қаъри об муҳити зисти гуногун доранд
Қисмҳои таркибиву хосиятҳои муҳит ҳамеша доимӣ не-станд. Вобаста ба тарзу суръати тағйироти муҳити зист фаъолияти мавҷудоти зинда тағйир ёфта, ба шароити нав мутобиқ мешаванд. Ба муҳити нав мутабиқшавии организ-мро адаптатсия меноманд.Чунин қобилият дар ҳамаи да-раҷаҳои инкишоф хосияти муҳими мавҷудияти орга-низмҳост. 
Дар сатҳи сайёраи мо об муҳити зисти аввалин буд. Бо-лотар қайд кардем, ки организмҳои зиндаи рӯизаминӣ ва ҳаво сонитар пайдо шудаанд, ки барои онҳо хоку ҳаво муҳити зисти мувофиқ_буданд. 
Таҳаввулоти фаъолияти ҳаётии мавҷудоти обӣ, обхо-киҳо ва ниҳоят набототу ҳайвоноти сатҳи хушкӣ ба шумо аз биология маълуманд. 
Қайд кардан бамаврид аст, ки организми алоҳида низ муҳити махсусеро ташкил медиҳад, ки онро чун олами маҳдуд муоина карда_метавонем. 
Ба сифати муҳити зист истифодашавии организми зин-да ҳодисаи кадимиву маълуми табиист. Бисёр навъҳои ор-ганизмҳои гетеротрофй тамоми умр ё давраи муайян дар ҷисми организмҳои азимтар ҷой гирифта, инкишоф меё-банд. Амалан ягон организми бисёрҳуҷайрае нест, ки муҳити зисти организмҳои дигар (бактерия, микробу пара-зитҳо) набошад. Ҳатто шароитҳои ғайриякҷинсаи аъзои як организми бисёрҳуҷайра сабаби гуногунии шароити узвҳои алоҳида ва сукунати микрофаунаи гуногун мешавад. Чунин мавридҳое низ маълуманд, ки ҷисми хурди паразитҳо муҳити зисти навъҳои дигар мешавад ва онро дар биоло-гия гиперпаразитизм меноманд. 

Барои мухофизат кардан ва тозаю озода нигох доштани табиати Замин хар як одам бояд сахм гузорад. Танхо дар ин холат мо метавонем бо табиат созиш намоем ва дустона зиндаги кунем. Агар мо мухити синфхона, мактаб ва махаллеро, ки дар он зиндаги мекунем, тозаву озода нигох дорем, навдаи дарахтонро нашиканем, гулхоро бисёр начинему поймол накунем, хайвонхоро озор надихем ва дар корхои кабудизоркуни зиёд иштирок намоем, пас дар масъалаи хифзи мухити зист ва табиати сайёра хиссаи худро мегузоpем.




Скачать

Рекомендуем курсы ПК и ППК для учителей

Вебинар для учителей

Свидетельство об участии БЕСПЛАТНО!