ГИМНАЗИЯИ ИЌТИСОДИИ ШАЊРИ ДУШАНБЕ

Эњтиром нисбати рамзњои давлатии Љумњурии Тољикистон
Мавзўъ: «Парчам – муќаддасоти миллї»
Хуршедсифат ба даст Парчам дорам,
Монандаи кўњ рўњи мањкам дорам.
Ойини ватандории ман меросист,
Дар домани Кова дасти Рустам дорам.
(Озарахш)
Роњбари синф: Насриддинов С. М.
ДУШАНБЕ
Њар як миллату халќият муќаддасоти худро дорад.
Бо шарофати истиќлол Тољикистон соњиби Парчам, Нишон, Суруди миллї ва пули миллї гардид.
Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон соли 24 ноябри 1992 тасдиќ шудааст.
Нишони давлати 24.01.1992, Суруди миллї 07.09.1994 тасдиќ шудааст. Сарќонуни Љумњурии Тољикистон 06.11.1994 тасдиќ шудааст.
Муќаддастњои миллї аз њастии миллати соњибтамаддун гувоњї медињад.
Ифтихор аз муќкаддасоти миллї ва эњтироми он вазифаи муќаддаси њар шањванд аст.
20 ноябри соли 2009 аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи рўзњои ид», ки аз тарафи Маљлиси намояндагон ќабул гардида аз љониби Маљлиси миллї љонибдорї ёфтаанд, ба имзо расиданд ва мавриди амал ќарор гирифтанд.
Мутобиќи ќонунњои ќабулгардида њар сол 24 ноябр њамчун Рўзи Парчами Љумњурии Тољикистон љашн гирифта мешавад.
Рўзи Парчами Љумњурии Тољикистон бо маќсади эњтиром ва ќадршиносї ба рамзи давлатии Љумњурии Тољикистон – Парчами Љумњурии Тољикистон њамчун муќаддасот ва яке аз рамзњои асосии давлат ќабул карда шудааст.
Ба рамзњои давлатї эњтиромона муносибат намудан зарур аст, зеро рамзњои давлатї муќаддасоти миллї ба њисоб рафта, ќадрдонии онњо барои њар як шањрванди Тољикистон бояд мояи ифтихор бошад.
Ќайд кардан ба маврид аст, ки Парчами давлатї дар низоми давлатдории мо, дорои ањамияти бузург аст. Бори аввал 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тољикистон, њамчун рамзи давлати соњибистиќлол ва нишонаи соњибихтиёрї аз тарафи Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардида буд.
Миллати тољик дорои фарњанги ќадимаи давлатдорї буда, дар гузаштаи таърих борњо давлатњои бузурги худро бо тамоми рукнњояш арзи њастї бахшидааст, ки Дурафши Ковиён њамчун яке аз рамзњои давлатї дар миён наќш ва мавќеи хоса дошт ва он дар Ливои Президенти кишвар њамчун рамзи пойдорї ва бардавомии давлати миллии мо тасвир ёфтааст.
Парчам дар њаёти њар як давлату миллат мавќеъ ва наќши хоси худро дорад. Парчами давлатї ифодагари маќсаду маром бо ранг ва наќшњои хос дар он таљассум ёфтаанд. Дар он рангњои сурх, сафед ва сабз њамчун таљассумгари мубориза барои озодї ва истиќлолият, бахту иќболи сафед, ояндаи њаёт, сулњу суббот, саъю кўшиш бањри сарсабзию хуррамии кишвар, тољ ва њафт ситора њамчун таљассумгари соњибдавлатї ва соњибихтиёрї инъикоси худро ёфтаанд. Парчам моро бањри њаёти осоиштаю сулњу суббот ва мубориза бањри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соњибихтиёрї ва соњибдавлатї њидоят ва рањнамої менамояд.
ДАСТИ БОЛОИ МО ПАРЧАМ АСТ.
Дар кафи пешсаф Парчам аст,
Аз матои њадаф Парчам аст.
Эътибору шараф Парчам аст,
Халќи моро ба каф Парчам аст.
Як нишонаи Ватан Парчам аст,
Шаъну шони Ватан Парчам аст.
Ќудрати лашкар аз Парчам аст,
Шавкати кишвар аз Парчам аст.
Љилвааш љилваи болњост,
Љилваи мурѓи иќболњост.
Боли парвозњо Парчам аст,
Фахри сарбозњо Парчам аст.
Рањнамо дар сафар Парчам аст,
Пайки рўзи зафар Парчам аст.
Ваќти боло шуданњои он
Резад ашки фарањ ќањрамон.
Мењрафзои моПарчам аст,
Дасти болои мо Парчам аст.
Эътибору шараф Парчам аст,
Халќи моро ба каф Парчам аст.