Масохати трапетсия
Дарси геометрия дар синфи 9
Максади дарс: Омузиши тарзи хисобкунии масохати трапетсия. Хосил намудани формулаи масохати трапетсия.Хали масъалахо доир ба хисоби масохати трапетсия.
Вазифахои дарс: Такмил додани махорату малака дар хисоби масохатхо..Инкишофи махорати тадкикотбари. Ташакули кобилияти мукоиса намудан , хамчоя кардани хосиятхои геометри, тахлил намуда хулосаи дуруст ва асоснок баровардан.
Шиори дарс: « Хама дар табиат ченшаванда аст, хамаро хисоб кардан мумкин аст!». Лобачевский.
Сарсухани омузгор: Хирадманде гуфтааст: «Аспро назди об овардан мумкин аст , лекин уро ба нушидан мачбур сохтан имкон надорад.»Инсон низ чунин аст.Ба у донишро пешниход кардан мумкин аст , аммо омухтани онро не! Бинобар ин хонандагони азиз биёед кушиши омузиш мекунем, на танхо тамошои дарс.
Пурсиши мавзуи гузашта.
Чи омухта истодаем?(масохатхо)
Чиро масохат мегуем?(масохат бузургиии сатхе ки онро бисёрруя ишгол кардааст)
Вохидхои масохат(1мм2, 1см2,1м2…… дар хочагии халк ---1га 1ар….)
Хосиятхои масохат ( 1. Бисёрруяхои баробар масохатхои баробар доранд. 2. Масохати бисёрруя аз суммаи масохатхои бисёрруяхое ки ин бисёрруя сохта шудааст иборат мебошад. 3. Масохати квадрат ба квадрати тарафи он баробар аст.)
Масохатро чи хел ёфтан мумкин аст? (1.Онро ба квадратхои баробар таксим мекунем. 2.Бо ёрии формулахо )
Барои чи ёфтани масохати шаклхоро омухтан ба мо зарур аст?
Акнун навбат ба тестхо .Дафтархоро кушода танхо чавобхои тестхоро кайд мекунем.
Чумлахои дурустро интихоб кунед.
А)Масохати росткунча ба хосили зарби тарафхояш баробар аст.
Б)Масохати квадрат ба квадрати тарафаш баробар аст.
В)Масохати росткунча ба дучанди хосили зарби тарафхояш баробар аст.
2. Чумларо ба охир расонед: Масохати ромб ба нисфи хосили зарби…..
А)тарафхои он баробар аст.
Б)тарафаш бар баландии ба ин тараф фаровардашуда баробар аст.
С)диагоналхои он баробар аст.
3.Аз руи формулаи S=aha ёфтан мумкин аст:
А) масохати параллелограмм
Б)масохати секунча
С)масохати росткунча
4.Чумлаи дурустро интихоб кунед: Масохати секунчаи росткунча баробар аст ба…
А)нисфи хосили зарби тарафи он бар ягон баланди
Б)нисфи хосили зарби катетхо
С)Тарафи он бар баландии ба ин тараф фаровардашуда
5.Масохати секунча аз руи се тараф аз руи кадом коидахои дар зер овардашуда хисоб кардан мумкин аст.
А) теоремаи Пифагор
Б) теоремаи Фалес
В) формулаи Герон
Акнун дафтархои худро ба хамсояи худ иваз мекунем ва чавобхои хамдигарро тафтиш мекунем ва бахогузори мекунем.
Баёни мавзуи нав:
Хосияти шаклро баён мекунам , Шумо аз руи ин хосиятхо ёбед дар бораи кадом шакл сухан меравад. Хосиятхои ин шаклро такрор мекунем ва формулаи масохати ин шаклро месозем.
1.Ин бисёрруя барчаста аст.
2.Суммаи кунчхои он 3600 аст
3. Суммаи кунчхои яктарафа 1800 аст.
4.Ин шаклро ба секунча ва параллелограмм таксим кардан мумкин аст.
Шакл чи ном дорад? (трапетсия)
Эълони мавзуъ: МАСОХАТИ ТРАПЕТСИЯ
Барои ёфтани масохати трапетсия назди худ масъалахои зерин мегузорем.
*хосиятхои он
*онро ба кадом шаклхои ба мо маълум таксим кардан мумкин аст?
Ба гуруххо (4-нафари) таксим шавед ва кушиш намоед ки формулаи масохатро хосил кунед.
Чавобхои гуруххо:
Ду тарз 1)масохати трапетсияро ба ду секунчаи росткунча ва як росткунча тасим карда формула месозем
2)масохати трапетсия ба ду секунча таксим карда формула месозем
Хулоса тарзи дуюм кулайтар аст.Онро бараси менамоем
S=S1+S2=1/2ah+1/2bh=1/2h(a+b)
Ин формулаи масохати трапетсия аст.
Масъалахоро доир ба ёфтани масохати трапетсия хал мекунем.
Кори мустакилона(гурухи)
Асосхои трапетсия 6 ва 8 ,баланди 4 ёбед масохати трапетсия.
S=1/2h(a+b)=1/2*4(6+8)=28
Асосхо 10 ва 20 тарафхои пахлуи 6 ва 8, ёбед масохати трапетсия.
FE=20-10=10
AF=x EF=10-x
h2=62+x2 h2=82-(10-x)2
36-x2=64-100+20x-x2
X=3.6 h=4.8 S=24
Асосхои трапетсияи баробарпахлу 4 ва 32.Тарафи калони пахлуи 16 ва кунчи тези ба он часпида 300 аст.Масохати трапетсияро ёбед.
Sin 300=h/16 h=8 S=144
Охирсухан.Хангоме,ки се шахс аз сангкашони бармеаштан , шахсе ба онхо савол дод: Шумо имруз чи кор кардед? Яке гуфт: Ман имруз факат сангхои лаънатиро кашондам.
Дигари чавоб дод: Имруз ман кори худро бовичдонона ичро кардам. Сеюми гуфт: Ман дар сохтмони масчид сахми худро гузоштам.
Бачахо фикр кунед , кадоме аз инхо шумоед?
Супориши хонаги:
1.Масохати трапетсияи тарафхои параллелаш 25 ва11 ,тарафхои пахлуиаш 13 ва 15-ро бо якчанд тарз ёбед.
2. Трапетсияро аз ду секунчаи баробарпахлу созед ва тарафхои онро муайян карда масохаташро ёбед.