СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Призентатсия дар мавзӯи рангуборкунӣ

Категория: Информатика

Нажмите, чтобы узнать подробности

Призентатсия дар мавзӯи рангуборкунӣ дар Paint.

(Надо будет немножко доработать)

Просмотр содержимого документа
«Призентатсия дар мавзӯи рангуборкунӣ»

МАВЗӮЪ: РАНГУБОРКУНӢ Саҳифаи 99

МАВЗӮЪ:

РАНГУБОРКУНӢ

Саҳифаи 99

Пурсиши дарси гузашта Пахши якҷояи тугмаҳои

Пурсиши дарси гузашта

Пахши якҷояи тугмаҳои "Ctrl" ва "С" кадом амалро иҷро мекунад?

Пахши якҷояи тугмаҳои "Ctrl" ва "X" кадом амалро иҷро мекунад?

Пахши якҷояи тугмаҳои "Ctrl" ва "V" кадом амалро иҷро мекунад?

Амалҳои нусхабардорӣ кардан ва буридан аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?

Мавҳуми рангубор Бо мавҳуми рангубор иҷрои амалҳои сохтани контурҳои рангаи объектҳои графикӣ, заминаҳои онҳо, рангпуркунии сатҳи объектҳо ё қисмҳои алоҳидаи онҳо ва инчунин дигар амалҳои вобаста ба истифодаи рангҳо алоқаманд мебошанд.

Мавҳуми рангубор

Бо мавҳуми рангубор иҷрои

амалҳои сохтани контурҳои

рангаи объектҳои графикӣ,

заминаҳои онҳо, рангпуркунии

сатҳи объектҳо ё қисмҳои

алоҳидаи онҳо ва инчунин

дигар амалҳои вобаста ба

истифодаи рангҳо алоқаманд мебошанд.

Афзорҳои рангуборкунии Paint Афзорҳои рангуборкунии виросто- ри графикии Paint дар блоки рангҳои тасмаи абзори банди Асосии менюи ин барнома ҷой дода шудаанд. Бо ёрии абзори ин блок ранги асосии контур (цвет 1) ва замина- вии (цвет 2) тасвир, палитраи рангҳо ва

Афзорҳои рангуборкунии Paint

Афзорҳои рангуборкунии виросто-

ри графикии Paint дар блоки

рангҳои тасмаи абзори банди

Асосии менюи ин барнома ҷой

дода шудаанд.

Бо ёрии абзори ин блок ранги

асосии контур (цвет 1) ва замина-

вии (цвет 2) тасвир, палитраи

рангҳо ва "рангсозиҳои хусусӣ" -

ро интихоб ва тағйир додан

имконпазир мебошад.

ТАҒЙИРИ ПАЛИТРА ( ИЗМЕНЕНИЕ ПАЛИТРЫ) ТАҒЙИРИ ПАЛИТРА Барои тағйирдиҳии палитраи рангҳо аз восита- ҳои зербанди

ТАҒЙИРИ ПАЛИТРА ( ИЗМЕНЕНИЕ ПАЛИТРЫ)

ТАҒЙИРИ ПАЛИТРА

Барои тағйирдиҳии палитраи рангҳо аз восита-

ҳои зербанди "рангсозиҳои хусусӣ"- и блоки ранг-

ҳои тасмаи абзори менюи барномаи Paint исти-

фода мебаранд. Майдони кории ин равзана

аз ду блоки рангзахиракунӣ - "рангҳои асосӣ"

ва "рангҳои иловагӣ", 6 зерблоки блоки рангсозӣ - тобиш , "ранги муқобил", "равшанӣ", сурх, сабз,

кабуд ва 3 тугмаи амрӣ - Ок, Лағв ва "Иловакунӣ

ба маҷмӯъ" иборат аст. Рангҳои хусусӣ бо усули пахшкунӣ ба болои қатори рангҳои тарафи рости майдони кории равзана ва интихоби тобиши мувофиқи рангҳо сохта мешаванд.

ИМКОНИЯТИ ҲАЛКУНАНДАГӢ Яке аз хосиятҳои тасвир - имконияти ҳалкунандагӣ ном дорад. Тасвирҳо бо ёрии миқдори нуқтаҳо дар як дюӣм (dpi*) чен карда мешаванд. Масалан, барои он ки тасвир дар экран инъикос ёбад, бояд имконияти халкунандаги он на камтар аз 72 dpi бошад. Барои дар қоғаз чоп кардан бошад, набояд аз 300 dpi кам бошад. Бузургии ҳалкунандагии тасвир дар парвандаи он нигоҳ дошта мешавад. ( dpi - d ots p er i nch )*

ИМКОНИЯТИ ҲАЛКУНАНДАГӢ

Яке аз хосиятҳои тасвир - имконияти ҳалкунандагӣ ном дорад. Тасвирҳо бо

ёрии миқдори нуқтаҳо дар як дюӣм (dpi*)

чен карда мешаванд. Масалан, барои он

ки тасвир дар экран инъикос ёбад, бояд имконияти халкунандаги он на камтар аз

72 dpi бошад. Барои дар қоғаз чоп кардан бошад, набояд аз 300 dpi кам бошад.

Бузургии ҳалкунандагии тасвир дар

парвандаи он нигоҳ дошта мешавад.

( dpi - d ots p er i nch )*

МИҚДОРИ ИТТИЛООТ Ҳангоми тасвирсозӣ дар компютер, ба ғайр аз донистани андозаи тасвир, инчунин донистани миқдори рангҳои дар парванда рамзбандшуда бисёр муҳим мебошад. Ранги ҳар як пиксели тасвир бо миқдори муайяни битҳо рамзбандӣ карда мешавад. Вобаста ба миқдори битҳои рамзи ранги пиксел, тарзҳои гуногуни рамзбандиҳои рангӣ рӯйи кор омадаанд. Масалан, агар барои рамзбандии ранги пиксел як бит иттилоот ҷудо шавад, он гоҳ дар он танҳо ё ранги сафед (1) ё ранги сиёҳ (0)-ро ҷойгир намудан имконпазир аст (рамзбандии монохромӣ).

МИҚДОРИ ИТТИЛООТ

Ҳангоми тасвирсозӣ дар компютер, ба ғайр аз донистани андозаи тасвир, инчунин донистани миқдори рангҳои дар парванда рамзбандшуда бисёр муҳим мебошад. Ранги ҳар як пиксели тасвир бо миқдори муайяни битҳо рамзбандӣ карда мешавад. Вобаста ба миқдори битҳои рамзи ранги пиксел, тарзҳои гуногуни рамзбандиҳои рангӣ рӯйи кор омадаанд.

Масалан, агар барои рамзбандии ранги пиксел як бит иттилоот ҷудо шавад, он гоҳ дар он танҳо

ё ранги сафед (1) ё ранги сиёҳ (0)-ро

ҷойгир намудан имконпазир аст

(рамзбандии монохромӣ).

Миқдори иттилоотеро, ки барои рамзбандии ранги нуқтаи тасвир истифода бурда мешавад, амиқии ранг меноманд. Амиқии рангҳои тасвирҳои ранга бо ёрии 4, 8, 16 ё 24 бит чен карда мешаванд. Масалан, агар дар рамзбандии нуқтаи тасвир 4 бит иттилоот истифода шавад, он гоҳ бо ёрии комбинатсияи рақамҳои дуии 0000, 0001,..., 1111 - шонздаҳ (2^4=16) ранги гуногунро рамзбандӣ кардан мумкин аст. Тасвири рангаи 8-бита=256, 16-бита=65536, 24-бита=16777216 рангро рамзбандӣ кардан муҳайё мегардад. Рамзбандии 16-битро рамзбандии рангҳои баланд (high colors) ва 24-битаро рамзбандии рангҳои асил (true colors) ном мебаранд.

Миқдори иттилоотеро, ки барои рамзбандии ранги нуқтаи тасвир истифода бурда мешавад, амиқии ранг меноманд.

Амиқии рангҳои тасвирҳои ранга бо ёрии 4, 8, 16 ё 24 бит чен карда мешаванд. Масалан, агар дар рамзбандии нуқтаи тасвир 4 бит иттилоот истифода шавад, он гоҳ бо ёрии комбинатсияи рақамҳои дуии 0000, 0001,..., 1111 - шонздаҳ (2^4=16) ранги гуногунро рамзбандӣ кардан мумкин аст. Тасвири рангаи 8-бита=256, 16-бита=65536, 24-бита=16777216 рангро рамзбандӣ кардан муҳайё мегардад. Рамзбандии 16-битро рамзбандии рангҳои баланд (high colors) ва 24-битаро

рамзбандии рангҳои асил (true colors)

ном мебаранд.

АМСИЛАҲОИ РАНГӢ АМСИЛАҲОИ РАНГӢ Тарзи бо компонентҳои асосӣ тақсим намудани рангҳоро амсилаи рангӣ меноманд   Дар графиксозии компютерӣ се амсилаи рангӣ истифода бурда мешавад: R G B - сурх, сабз, кабуд  C M Y K - осмонӣ, гулобӣ, зард, сиёҳ  HSB- тобиш, пуррагӣ, дурахши ранг

АМСИЛАҲОИ РАНГӢ

АМСИЛАҲОИ РАНГӢ

Тарзи бо компонентҳои асосӣ тақсим намудани рангҳоро амсилаи рангӣ меноманд

Дар графиксозии компютерӣ се амсилаи рангӣ истифода бурда мешавад:

R G B - сурх, сабз, кабуд

C M Y K - осмонӣ, гулобӣ, зард, сиёҳ

HSB- тобиш, пуррагӣ, дурахши ранг

АМСИЛАИ РАНГИИ RGB Усули аз ҳама маъмули рамзбандии рангҳо мебошад. Дар ин амсила дилхоҳ ранг бо ёрии комбинатсияи тобишҳо ва ҷилои се ранги асосӣ - сурх, сабз ва кабуд сохта мешавад. Қимати тобиши ҳар яке аз ин се ранг 1 байт (0 то 255) ғунҷойиш дорад. Аз амсилаи RGB бештар дар рангсозии экрани мониторҳо ва телевизорҳои хонагӣ истифода мебаранд.

АМСИЛАИ РАНГИИ RGB

Усули аз ҳама маъмули рамзбандии рангҳо мебошад. Дар ин амсила дилхоҳ ранг бо ёрии комбинатсияи тобишҳо ва ҷилои се ранги асосӣ - сурх, сабз ва кабуд сохта мешавад.

Қимати тобиши ҳар яке аз ин се ранг 1 байт (0 то 255) ғунҷойиш дорад.

Аз амсилаи RGB бештар дар рангсозии экрани мониторҳо ва телевизорҳои хонагӣ истифода мебаранд.

АМСИЛАИ РАНГИИ C M Y K  Аз амсилаи рангии C M Y K дар вақти чоп кардани тасвир (рангсозиҳои типографӣ) истифода мебаранд.   Рангҳои асосии CMYK - Осмонӣ(cyan), гулобӣ (magenta), зард (yellow) ва сиёҳ (black) ба ҳисоб мераванд. Ин рангҳо дар натиҷаи аз ранги сафед кам намудани тобиши рангҳои RGB ҳосил мешаванд

АМСИЛАИ РАНГИИ C M Y K

Аз амсилаи рангии C M Y K дар вақти чоп кардани тасвир (рангсозиҳои типографӣ) истифода мебаранд.

Рангҳои асосии CMYK - Осмонӣ(cyan), гулобӣ (magenta), зард (yellow) ва сиёҳ (black) ба ҳисоб мераванд. Ин рангҳо дар натиҷаи аз ранги сафед кам намудани тобиши рангҳои RGB ҳосил мешаванд

АМСИЛАИ РАНГИИ HSB Ин амсила дорои се компонент мебошад: Hue Saturation Brightness of the color Тобиш (hue - тон) - шакли мушаххаси зуҳури ранг Пуррагӣ (saturation - насыщенность) - шиддати серии тобиши ранг Дурахши ранг (brightness of the color - яркость цвета) - дараҷаи баландии ҷилои ранг

АМСИЛАИ РАНГИИ HSB

Ин амсила дорои се компонент мебошад:

Hue

Saturation

Brightness of the color

Тобиш (hue - тон) - шакли мушаххаси зуҳури ранг

Пуррагӣ (saturation - насыщенность) - шиддати серии тобиши ранг

Дурахши ранг (brightness of the color - яркость цвета) - дараҷаи баландии ҷилои ранг

Дар амсилаи рангии HSB қимати ранг ҳамчун векторе, ки аз маркази доира ибтидо мегирад, интиҳоб карда мешавад. Нуқтаи марказии доира ранги сафед ва нуқтаҳои сарҳадии он рангҳои шаффоф доранд. Равиши вектор тобишҳои рангиро муайян сохта, бо дараҷаҳои кунҷи ифода карда мешавад.

Дар амсилаи рангии HSB қимати ранг ҳамчун векторе, ки аз маркази доира ибтидо мегирад, интиҳоб карда мешавад. Нуқтаи марказии доира ранги сафед ва нуқтаҳои сарҳадии он рангҳои шаффоф доранд. Равиши вектор тобишҳои рангиро муайян сохта, бо дараҷаҳои кунҷи ифода карда мешавад.

Миқдори иттилоотеро, ки барои рамзбандии ранги нуқтаи тасвир истифода бурда мешавад, амиқии ранг меноманд. Тарзи бо компонентҳои асосӣ тақсим намудани рангҳоро амсилаи рангӣ меноманд Дар графиксозии компютерӣ се амсилаи рангӣ истифода бурда мешавад: RGB, CMYK, HSB Дар RGB ҳама рангҳо бо ёри се ранги асосӣ сурх, сабз ва кабуд сохта мешавад. Рамзбандии 16-битро рамзбандии рангҳои баланд (high colors) ва 24-битаро рамзбандии рангҳои асил (true colors) ном мебаранд. Рангҳои асосии CMYK - Осмонӣ(cyan), гулобӣ (magenta), зард (yellow) ва сиёҳ (black) Аз амсилаи рангии C M Y K дар вақти чоп кардани тасвир (рангсозиҳои типографӣ) истифода мебаранд.

Миқдори иттилоотеро, ки барои рамзбандии ранги нуқтаи тасвир истифода бурда мешавад, амиқии ранг меноманд.

Тарзи бо компонентҳои асосӣ тақсим намудани рангҳоро амсилаи рангӣ меноманд

Дар графиксозии компютерӣ се амсилаи рангӣ истифода бурда мешавад: RGB, CMYK, HSB

Дар RGB ҳама рангҳо бо ёри се ранги асосӣ сурх, сабз ва кабуд сохта мешавад.

Рамзбандии 16-битро рамзбандии рангҳои баланд (high colors) ва 24-битаро рамзбандии рангҳои асил (true colors) ном мебаранд.

Рангҳои асосии CMYK - Осмонӣ(cyan), гулобӣ (magenta), зард (yellow) ва сиёҳ (black)

Аз амсилаи рангии C M Y K дар вақти чоп

кардани тасвир (рангсозиҳои типографӣ)

истифода мебаранд.

САВОЛҲО 1. Афзорҳои рангуборкунии виростори графикии Paint дар кадом қисми тасмаи абзори барнома ҷойгир шудаанд? 2. Палитраи рангҳо гуфта, чиро мефаҳмед? 3. Имконияти ҳалкунандагии тасвир чист? 4. Амиқии ранг чист? 5. Амсилаи рангӣ чист? 6. Кадом амсилаҳои рангиро номбар карда метавонед?

САВОЛҲО

1. Афзорҳои рангуборкунии виростори графикии Paint дар кадом қисми тасмаи абзори барнома ҷойгир шудаанд?

2. Палитраи рангҳо гуфта, чиро мефаҳмед?

3. Имконияти ҳалкунандагии тасвир чист?

4. Амиқии ранг чист?

5. Амсилаи рангӣ чист?

6. Кадом амсилаҳои рангиро номбар карда метавонед?


Скачать

Рекомендуем курсы ПК и ППК для учителей

Вебинар для учителей

Свидетельство об участии БЕСПЛАТНО!