СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Призентация. Мавзӯъ: Тобиши рангҳо.

Категория: Информатика

Нажмите, чтобы узнать подробности

Просмотр содержимого документа
«Призентация. Мавзӯъ: Тобиши рангҳо.»

МАВЗӮЪ: ТОБИШИ РАНГҲО

МАВЗӮЪ:

ТОБИШИ РАНГҲО

МАҚСАДИ ДАРС: Таълими: Бо тарзҳои рамзбандии рангҳо ва моделҳои рангҳо шинос шаванд. Вазифа ва хосиятҳои онҳоро донанд.  Тарбиявӣ: Тарбияи эстетикӣ, ватанпарварӣ

МАҚСАДИ ДАРС:

Таълими: Бо тарзҳои рамзбандии рангҳо ва моделҳои рангҳо шинос шаванд. Вазифа ва хосиятҳои онҳоро донанд.

Тарбиявӣ: Тарбияи эстетикӣ, ватанпарварӣ

Пурсиши дарси гузашта 1. Имконияти ҳалкунандагии экран чист? 2. Чанд навъи графиксозиро медонед? 3. Дар формати растрии графиксозӣ тасвир чӣ гуна сохта мешавад? 4. Дар формати векторӣ тасвир чӣ гуна сохта мешавад? 5. Фарқи асосии графики растрӣ аз графики векторӣ дар чист? 6. Барои чӣ дар графики формати фракталӣ рамзбандии иттилоот истифода намешавад? 7. Иттилооти графикиро дар компютер чӣ тавр рамзбандӣ мекунанд ва нигоҳ медоранд?

Пурсиши дарси гузашта

1. Имконияти ҳалкунандагии экран чист?

2. Чанд навъи графиксозиро медонед?

3. Дар формати растрии графиксозӣ тасвир чӣ гуна сохта мешавад?

4. Дар формати векторӣ тасвир чӣ гуна сохта мешавад?

5. Фарқи асосии графики растрӣ аз графики векторӣ дар чист?

6. Барои чӣ дар графики формати фракталӣ рамзбандии иттилоот истифода намешавад?

7. Иттилооти графикиро дар компютер чӣ тавр рамзбандӣ мекунанд ва нигоҳ медоранд?

АМИҚИИ РАНГ Миқдори иттилоотеро, ки барои рамзбандии ранги нуқтаи тасвир истифода бурда мешавад, амиқии ранг меноманд. Ҳангоми тасвирсозӣ дар компютер, ба ғайр аз донистани андозаи тасвир, инчунин донистани миқдори рангҳои дар парванда рамзбандшуда бисёр муҳим мебошад.

АМИҚИИ РАНГ

Миқдори иттилоотеро, ки барои рамзбандии ранги нуқтаи тасвир истифода бурда мешавад, амиқии ранг меноманд.

Ҳангоми тасвирсозӣ дар компютер, ба ғайр аз донистани андозаи тасвир, инчунин донистани миқдори рангҳои дар парванда рамзбандшуда бисёр муҳим мебошад.

АМИҚИИ РАНГ Ранги ҳар як пиксели тасвир бо миқдори муайяни битҳо рамзбандӣ карда мешавад. Вобаста ба миқдори битҳои рамзи ранги пиксел, тарзҳои гуногуни рамзбандиҳои рангӣ рӯйи кор омадаанд. Масалан, агар барои рамзбандии ранги пиксел як бит иттилоот ҷудо шавад, он гоҳ дар он танҳо ё ранги сафед (1) ё ранги сиёҳ (0)-ро ҷойгир намудан имконпазир аст (рамзбандии монохромӣ).

АМИҚИИ РАНГ

Ранги ҳар як пиксели тасвир бо миқдори муайяни битҳо рамзбандӣ карда мешавад. Вобаста ба миқдори битҳои рамзи ранги пиксел, тарзҳои гуногуни рамзбандиҳои рангӣ рӯйи кор омадаанд.

Масалан, агар барои рамзбандии ранги пиксел як бит иттилоот ҷудо шавад, он гоҳ дар он танҳо

ё ранги сафед (1) ё ранги сиёҳ (0)-ро

ҷойгир намудан имконпазир аст

(рамзбандии монохромӣ).

Амиқии рангҳои тасвирҳои ранга бо ёрии 4, 8, 16 ё 24 бит чен карда мешаванд. Масалан, агар дар рамзбандии нуқтаи тасвир 4 бит иттилоот истифода шавад, он гоҳ бо ёрии комбинатсияи рақамҳои дуии 0000, 0001,..., 1111 - шонздаҳ (2^4=16) ранги гуногунро рамзбандӣ кардан мумкин аст. Тасвири рангаи 8-бита=256, 16-бита=65536, 24-бита=16777216 рангро рамзбандӣ кардан муҳайё мегардад. Рамзбандии 16-битро рамзбандии рангҳои баланд (high colors) ва 24-битаро рамзбандии рангҳои асил (true colors) ном мебаранд.

Амиқии рангҳои тасвирҳои ранга бо ёрии 4, 8, 16 ё 24 бит чен карда мешаванд. Масалан, агар дар рамзбандии нуқтаи тасвир 4 бит иттилоот истифода шавад, он гоҳ бо ёрии комбинатсияи рақамҳои дуии 0000, 0001,..., 1111 - шонздаҳ (2^4=16) ранги гуногунро рамзбандӣ кардан мумкин аст. Тасвири рангаи 8-бита=256, 16-бита=65536, 24-бита=16777216 рангро рамзбандӣ кардан муҳайё мегардад. Рамзбандии 16-битро рамзбандии рангҳои баланд (high colors) ва 24-битаро рамзбандии рангҳои асил (true colors) ном мебаранд.

АМСИЛАҲОИ РАНГӢ МОДЕЛИ РАНГӢ Тарзи бо компонентҳои асосӣ тақсим намудани рангҳоро модели рангӣ меноманд   Дар графиксозии компютерӣ се модели рангӣ истифода бурда мешавад: R G B - сурх, сабз, кабуд  C M Y K - осмонӣ, гулобӣ, зард, сиёҳ  HSB- тобиш, пуррагӣ, дурахши ранг

АМСИЛАҲОИ РАНГӢ

МОДЕЛИ РАНГӢ

Тарзи бо компонентҳои асосӣ тақсим намудани рангҳоро модели рангӣ меноманд

Дар графиксозии компютерӣ се модели рангӣ истифода бурда мешавад:

R G B - сурх, сабз, кабуд

C M Y K - осмонӣ, гулобӣ, зард, сиёҳ

HSB- тобиш, пуррагӣ, дурахши ранг

МОДЕЛИ РАНГИИ RGB Усули аз ҳама маъмули рамзбандии рангҳо мебошад. Дар ин модел дилхоҳ ранг бо ёрии комбинатсияи тобишҳо ва ҷилои се ранги асосӣ - сурх, сабз ва кабуд сохта мешавад. Қимати тобиши ҳар яке аз ин се ранг 1 байт (0 то 255) ғунҷойиш дорад. Аз модели RGB бештар дар рангсозии экрани мониторҳо ва телевизорҳои хонагӣ истифода мебаранд.

МОДЕЛИ РАНГИИ RGB

Усули аз ҳама маъмули рамзбандии рангҳо мебошад. Дар ин модел дилхоҳ ранг бо ёрии комбинатсияи тобишҳо ва ҷилои се ранги асосӣ - сурх, сабз ва кабуд сохта мешавад.

Қимати тобиши ҳар яке аз ин се ранг 1 байт (0 то 255) ғунҷойиш дорад.

Аз модели RGB бештар дар рангсозии экрани мониторҳо ва телевизорҳои хонагӣ истифода мебаранд.

МОДЕЛИ РАНГИИ C M Y K  Аз модели рангии C M Y K дар вақти чоп кардани тасвир (рангсозиҳои типографӣ) истифода мебаранд.   Рангҳои асосии CMYK - Осмонӣ(cyan), гулобӣ (magenta), зард (yellow) ва сиёҳ (black) ба ҳисоб мераванд. Ин рангҳо дар натиҷаи аз ранги сафед кам намудани тобиши рангҳои RGB ҳосил мешаванд

МОДЕЛИ РАНГИИ C M Y K

Аз модели рангии C M Y K дар вақти чоп кардани тасвир (рангсозиҳои типографӣ) истифода мебаранд.

Рангҳои асосии CMYK - Осмонӣ(cyan), гулобӣ (magenta), зард (yellow) ва сиёҳ (black) ба ҳисоб мераванд. Ин рангҳо дар натиҷаи аз ранги сафед кам намудани тобиши рангҳои RGB ҳосил мешаванд

МОДЕЛИ РАНГИИ HSB Ин модел дорои се компонент мебошад: Hue Saturation Brightness of the color Тобиш (hue - тон) - шакли мушаххаси зуҳури ранг Пуррагӣ (saturation - насыщенность) - шиддати серии тобиши ранг Дурахши ранг (brightness of the color - яркость цвета) - дараҷаи баландии ҷилои ранг

МОДЕЛИ РАНГИИ HSB

Ин модел дорои се компонент мебошад:

Hue

Saturation

Brightness of the color

Тобиш (hue - тон) - шакли мушаххаси зуҳури ранг

Пуррагӣ (saturation - насыщенность) - шиддати серии тобиши ранг

Дурахши ранг (brightness of the color - яркость цвета) - дараҷаи баландии ҷилои ранг

Дар модели рангии HSB қимати ранг ҳамчун векторе, ки аз маркази доира ибтидо мегирад, интиҳоб карда мешавад. Нуқтаи марказии доира ранги сафед ва нуқтаҳои сарҳадии он рангҳои шаффоф доранд. Равиши вектор тобишҳои рангиро муайян сохта, бо дараҷаҳои кунҷи ифода карда мешавад.

Дар модели рангии HSB қимати ранг ҳамчун векторе, ки аз маркази доира ибтидо мегирад, интиҳоб карда мешавад. Нуқтаи марказии доира ранги сафед ва нуқтаҳои сарҳадии он рангҳои шаффоф доранд. Равиши вектор тобишҳои рангиро муайян сохта, бо дараҷаҳои кунҷи ифода карда мешавад.

Хулоса Миқдори иттилоотеро, ки барои рамзбандии ранги нуқтаи тасвир истифода бурда мешавад, амиқии ранг меноманд. Тарзи бо компонентҳои асосӣ тақсим намудани рангҳоро модели рангӣ меноманд Дар графиксозии компютерӣ се модели рангӣ истифода бурда мешавад: RGB, CMYK, HSB Дар RGB ҳама рангҳо бо ёри се ранги асосӣ сурх, сабз ва кабуд сохта мешавад. Рамзбандии 16-битро рамзбандии рангҳои баланд (high colors) ва 24-битаро рамзбандии рангҳои асил (true colors) ном мебаранд. Рангҳои асосии CMYK - Осмонӣ(cyan), гулобӣ (magenta), зард (yellow) ва сиёҳ (black) Аз модели рангии C M Y K дар вақти чоп кардани тасвир (рангсозиҳои типографӣ) истифода мебаранд.

Хулоса

Миқдори иттилоотеро, ки барои рамзбандии ранги нуқтаи тасвир истифода бурда мешавад, амиқии ранг меноманд.

Тарзи бо компонентҳои асосӣ тақсим намудани рангҳоро модели рангӣ меноманд

Дар графиксозии компютерӣ се модели рангӣ истифода бурда мешавад: RGB, CMYK, HSB

Дар RGB ҳама рангҳо бо ёри се ранги асосӣ сурх, сабз ва кабуд сохта мешавад.

Рамзбандии 16-битро рамзбандии рангҳои баланд (high colors) ва 24-битаро рамзбандии рангҳои асил (true colors) ном мебаранд.

Рангҳои асосии CMYK - Осмонӣ(cyan), гулобӣ (magenta), зард (yellow) ва сиёҳ (black)

Аз модели рангии C M Y K дар вақти чоп

кардани тасвир (рангсозиҳои типографӣ)

истифода мебаранд.

Мустаҳкамкунӣ: 1. Рамзбандии монохромӣ чист? Ваӣ аз рамзбандии ранга чӣ фарқ дорад? 2. Амиқии ранг чист? 3. Барои тасвирҳои ранга кадом амиқии рангро истифода бурда мешаванд? 4. Агар амиқии ранги тасвир 4 битро ташкил диҳад, пас ба воситаи он чанд ранги гуногунро рамзбандӣ кардан мумкин аст? Бо ёрии 8 бит, 16 бит, 24 бит чӣ? 5. Модели рангӣ чист? Чанд навъи моделҳои рангиро медонед? 6. Дар кадом мавридҳо аз модели рангии RGB истифода бурдан беҳтар аст? Аз модели рангии CMYK чӣ?

Мустаҳкамкунӣ:

1. Рамзбандии монохромӣ чист? Ваӣ аз рамзбандии ранга чӣ фарқ дорад?

2. Амиқии ранг чист?

3. Барои тасвирҳои ранга кадом амиқии рангро истифода бурда мешаванд?

4. Агар амиқии ранги тасвир 4 битро ташкил диҳад, пас ба воситаи он чанд ранги гуногунро рамзбандӣ кардан мумкин аст? Бо ёрии 8 бит, 16 бит, 24 бит чӣ?

5. Модели рангӣ чист? Чанд навъи моделҳои рангиро медонед?

6. Дар кадом мавридҳо аз модели рангии RGB истифода бурдан беҳтар аст? Аз модели рангии CMYK чӣ?

МАНБАЪ ВА АДАБИЁТҲО: Китоби дарсӣ ТИ синфи 8 Единая коллекция Цифровых образовательных ресурсов.  модель CMYK (N 179601)  модель HSB (N 179727)  модель RGB (N 179672)   https://multiurok.ru/id55676808/ Сомона:

МАНБАЪ ВА АДАБИЁТҲО:

Китоби дарсӣ ТИ синфи 8

Единая коллекция Цифровых

образовательных ресурсов.

модель CMYK (N 179601)

модель HSB (N 179727)

модель RGB (N 179672)

https://multiurok.ru/id55676808/

Сомона:


Скачать

Рекомендуем курсы ПК и ППК для учителей

Вебинар для учителей

Свидетельство об участии БЕСПЛАТНО!