ЧОРЯКИ 1
1.Кадом илм сатҳи Заминро меомӯзад?
А)География Б)Геометрия В)Геодезия Г)Геоморфология
2.Давр задани Замин дар гирди Офтоб чанд вақтро ташкил медиҳад?
А)365 рӯзу 6 соат
Б)350 рӯзу 5 соат
В)366 рӯзу 6 соат
Г)363 рӯзу 8 соат
3.Як солро ба чанд фасл тақсим мешавад?
А)12 Б)4 В)6 Г)10
4.Замин нур ва равшаниро аз чи мегирад?
А)Моҳ Б)Миррих В)Офтоб Г)Зуҳал
5.Асосгузори илми “ГЕОГРАФИЯ” кадом олим аст?
А)Арасту Б)А.Берунӣ В)Х. Колумб Г)Эратосфен
6.География аз кадом калима гирифта шудааст?
А)Лотинӣ Б)Юнонӣ
В)Испанӣ Г)Портуғолӣ
7.Эратосфен олими куҷо буд?
А)Юнони Қадим Б)Рими Қадим
В)Карфаген Г)Мисри Қадим
8.Маънои илми “ГЕГРАФИЯ” чист?
А)тасвири Замин Б)қишри Замин
В)тавсифи Замин Г)табақаҳои Замин
9.География ба чанд қисми калон ҷудо мекунанд?
А)3 Б)5 В)2 Г)1
10.Кадом қисми “ГЕОГРАФИЯ” табиати сатҳи Замин, қисмҳои ҷудогонаи он ва мамлакатҳои алоҳидаро меомӯзад?
А)географияи иқтисодӣ Б)географияи табиӣ
В)географияи иҷтимоӣ Г)географияи сиёсӣ
11.Кадом қисми география аҳолӣ , хоҷагӣ ва қонуниятҳои ҷойгиршавии онҳоро меомӯзад?
А)геог.иқтисодию иҷтимоӣ Б)геог.табиӣ
В)геог.сиёсӣ Г)геог.иқтисодӣ
12. “Географияи табиӣ” - ро ба чанд қисм ҷудо мекунанд?
А)2 Б)6 В)3 Г)4
13.Қонунияти инкишоф ва хусусиятҳои хосу умумитарини табақаи сатҳи Замин - ро кадом қисми “ГЕОГРАФИЯ” меомӯзад?
А)геог.Ноҳиявӣ Б)геог.Иқтисодӣ
В)геог.Табиии умумӣ Г)геог.Иҷтимоӣ
14.Нақша, харита ва глобус дар таълими география чанд вазифаро иҷро мекунанд?
А)3 Б)2 В)1 Г)4
15.Муаллифони китоби фанни “ГЕОГРАФИЯ” – и синфи 6 - ум киҳоянд?
А) М.Раҳимов, З.Мӯсоев, Ш.Раҳмонов, Д.Ҷалолов
Б) Б.Одинаев, О.Мирзоев, Ф.Асоев
В) А.Файзиев, С.Саиднасимов, Ю.Акрамов
Г) Б.Каримов, А.Хайриддин, А.Ю.Финстелвалдер
16.Аввалин шуда кадом олим курашаклии Замин - ро исбот кард?
А)Арасту Б)Эратосфен В)Берунӣ Г)Хайём
17.Ба андӯхти дониш дар бораи Замин кадоме аз ин олимон саҳм гузоштаанд?
А)Абӯзубайди Балхӣ Б)Абӯалӣ ибни Сино
В)Абӯрайҳони Берунӣ Г)Ҳамаи ҷавобҳо дурустанд
18.Суханони зерин ба қалами кӣ тааллуқ доранд: «дар об (баҳри кушод) киштиро... ибтидо сари бодбонаш намоён мешавад, баъд садри кишти падидор(намоён) мегардад.
А)Абӯрайҳони Берунӣ
Б)Абӯалӣ ибни Сино
В)Носири Хусрав
Г)Аристотел Арасту
19.Абӯзубайди Балхӣ чанд адад “ХАРИТА” тартиб дода буд?
А)12 Б)20 В)16 Г)14
20.Харитаҳои тартиб додаи Аӯзубайди Балхиро баъдтар ҷамъбаст намуда бо кадом ном ба табъ расониданд?
А)«Атласи географи» Б)«Атласи исломӣ»
В)«Харитаи исломӣ» Г)«Харитаи географи»
21.Чанд дарсад (%) – и рӯйи Замин - ро об ташкил кардааст?
А)90% Б)80 % В)21% Г)71%
22.Дар харитаи Птолемей кадом Уқёнус ҳамчун баҳри дохилӣ хушкӣ тасвир ёфта буд?
А)уқёнуси Ором Б)уқёнуси Ҳинд
В)уқёнуси Атлантик Г)уқёнуси Ҷанубӣ
23.Аввалин харитаи ҷаҳон кадом сол нашр шудааст?
А)1700 Б)1492 В)1521 Г)1000
24.Чанд фоизи рӯйи Замин - ро хушки ташкил медиҳад?
А)71% Б)36 % В)29% Г)15%
25.Қисми сатҳи Замин - ро, ки аз боло бо миқёси муайян дар рӯйи қоғаз ба шакли хурд тасвир карда шудааст чӣ меноманд?
А)нақша Б)нақшаи маҳал В)харита Г)харитаи материкҳо