ЧОРЯКИ 3
1.Расадхонае, ки хати нисфирӯзии асосӣ аз болои он мегузарад дар кадом шаҳр воқеъ гардидааст?
А)Лондон Б)Тошкент В)Париж Г)Дублин
2.Хати нисфирӯзии ибтидоӣ кӯраи Заминро ба чанд қисми баробар тақсим мекунад?
А) 4 Б) 2 В) 6 Г) 3
3.Дар харита табиӣ пастию баландиҳоро бо кадом хатҳо ифода мекунанд?
А)Уфуқи Б)Мувозӣ В)Параллел Г)Качукилеб
4.Дар кадом навъи харитаҳо ҷадвали пастию баландиҳо тартиб дода шудааст?
А)Харитаҳои сиёсӣ Б)Харитаҳои табиӣ
В)Харитаҳои нимкураҳо Г)Харитаҳои давлатҳо
5.Дар харитаи табиӣ баландиҳои гуногунро бо чи гуна хати уфуқи ифода мекунанд?
А)Сафед
Б)Сиёҳ
В)Ҷигарранг
Г)Кабуд
6. “Коинот” аз кадом калима гирифта шудааст?
А)Арабӣ Б)Юнонӣ В)Порсӣ Г)Лотинӣ
7.Системаи Офтобӣ аз чанд сайёра иборат аст?
А)5 Б)13 В)8 Г)9
8.Вақтеро, ки Замин дар гирди меҳвари худаш давр мезанад чанд соатро ташкил медиҳад?
А)10 Б)18 В)23 Г)24
9.Дар соли Кабиса моҳи феврал чанд рӯз дорад?
А)29 Б)28 В)31 Г)30
10.Масофаи байни Замину Моҳ чӣ қадар аст?
А)384402 км Б)149000 км В)423365 км Г)40009 км
11.Кадом олим асосгузори фарзияҳо оид ба пайдоиши Манзумаи Офтоб ва Замин ба ҳисоб меравад?
А)И.Кант Б)Шмидт В)Фесенков Г)Белоусов
12.Пас аз чанд шабонарӯз Моҳ шакли ҳилолро мегирад?
А)24 Б)29,5 В)18 Г)10
13.Калимаи «Био» чӣ маъно дорад?
А)Санг Б)Рупӯш В)Замин Г)Ҳаёт
14.Мавҷудоти зинда дар ҳаво то баландиҳои чанд километр паҳн гардидаанд?
А)10-12 км Б)3 км В)8-10 км Г)5 км
15.Мавҷудоти зинда (микроорганизмҳо) дар хоку ҷинсҳои кӯҳи то чуқурии чанд километр паҳн гардидаанд?
А)10-12 км Б)3 км В)8-10 км Г)5 км
16.Кадоме аз ин қабатҳо як қисми атмосфера, литосфера ва тамоми гидросфераро дар бар мегирад?
А)Тропосфера Б)Ядро В) Литосфера Г)Биосфера
17.Ғафсии мантия то чанд километр мерасад?
А)1200 км Б)2900 км В)3261 км Г)6471 км
18.Сатҳи ядроро кадом қабат иҳота кардааст?
А)Атмосфера Б)Гидросфера В) Мантия Г)Биосфера
19.Ҳодисаҳои ҷудошавии моддаҳои вазнин ва сабук дар кадом қабати геосфера ба амал меояд?
А)Атмосфера Б)Гидросфера В) Ядро Г) Мантия
20.Қисми болои мантияро кадоме аз ин қабатҳо дар бар мегирад?
А)Литосфера Б)Гидросфера В) Ядро Г) Атмосфера
21.Сатҳи қишри Замин чӣ гуна мебошад?
А)Ҳамвор Б)Ноҳамвор В)Нишеб Г) Чуқур
22.Ҳоло дар Африқои Ҷанубӣ, Америкои Лотинӣ, Урал, Қафкази Шимолӣ ва нимҷазираи Кола барои фаҳмидани таркиб ва шароити ҳосилшавии ҷинсҳои кӯҳии қабати аз ҳама болои Замин чоҳҳо сохтаанд, ки онҳо чӣ қадар чуқури доранд?
А)10-12 км Б)13-16 км В)12-15 км Г)15-20 км
23.Суръати гузаштани мавҷҳои сейсмикӣ дар ҷинсҳои таҳшин чанд км/сония-ро ташкил медиҳад?
А) 5 Б) 6 В) 4 Г)3
24.Менералҳо асосан чандҷинса мебошанд?
А)Якҷинса Б)Гуногунҷинса В)Дуҷинса Г)Сеҷинса
25.Ҷинсҳои кӯҳи асосан чандҷинса мебошанд?
А)Якҷинса Б)Гуногунҷинса В)Дуҷинса Г)Сеҷинса