СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Саволҳои синфи 8 чоряки 1

Категория: Право

Нажмите, чтобы узнать подробности

Просмотр содержимого документа
«Саволҳои синфи 8 чоряки 1»

ЧОРЯКИ 1

1. Барои давлати феодалӣ кадом аз ин типи ҳуқуқҳо рост меояд?

А) Ҳуқуқи ғуломдорӣ

Б) Ҳуқуқи феодалӣ

В) Хуқуқи сармоядорӣ

Г) Ҳуқуқи сотсиалистӣ

2. 9 сентябри соли 1991 кадом хуҷҷати таърихии ҶТ қабул гардидааст?

А) Эъломия дар бораи истиқлолияти ҶТ

Б) Конститутсияи ҶТ

В) Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф”

Г) Барномаи ислоҳоти иқтисодии ҶТ

3. Мафҳуми “Волоияти қонун” чиро дар назар дорад?

А) вайрон кардани қонунро

Б) барои ҳама ҳатмӣ будани иҷрои қонун

В) риоя кардани қонун

Г) нафаҳмидани қонунро

4. Конститутсияи Ҷумњурии Тољикистон чандумин конститутсияи Тоҷикистон аст?

А) Конститутсияи 2

Б) Конститутсияи 3

В) Конститутсияи 4

Г) Конститутсияи 5

5. Суруди миллии ҶТ дар кишвар чӣ мақом дорад?

А) Оиннома аст

Б) Эъломия аст

В) Рамзи давлатӣ аст

Г) Дастуруламал аст

6. Сохти давлатии Тоҷикистон дар кадом моддаи Конститутсияи ҶТ нишон дода шудааст?

А) дар моддаи 1

Б) дар моддаи 3

В) дар моддаи 13

Г) дар моддаи 7

7. Дар моддаи 3 Конститутсияи ҶТ кадоме аз ин меъёрҳо омадаанд?

А) Забони давлатии Тоҷикистон

Б) Рамзҳои давлатии Тоҷикистон

В) Пойтахти ҶТ

Г) Сохти давлатии ҶТ

8. Маҷлиси Олии ҶТ чӣ хел мақомоти давлатӣ аст?

А) Ҳокимияти маҳаллӣ

Б) Ҳокимияти қонунгузор

В) Ҳокимияти иҷроия

Г) Ҳокимияти судӣ

9. Вазифаи ҳокимияти судӣ аз чӣ иборат аст?

А) аз муайян намудани сиёсати иқтисодии давлат

Б) аз таҳия ва қабули қонунҳо

В) аз ба амал баровардани адолати судӣ

Г) аз таҳмини иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави ҶТ

10. Кадом зуҳуроти муҳим пайдоиши давлат ва ҳуқуқро тақозо кард?

А) пайдоиши чорводорӣ

Б) пайдоиши косибӣ ва ҳунармандӣ

В) пайдоиши зироатпарварӣ

Г) моликияти шахсӣ ва хусусӣ

11. Дар давлатҳои асримиёнагӣ кадом намуди таърихии ҳуқуқ истифода бурда мешуд?

А) њуқуқи асри санг

Б) њуқуқи феодалӣ (деҳқонӣ)

В) њуқуқи буржуазӣ

Г) њуқуқи ғуломдорӣ

12. Дар ҶТ кадом шакли ҷумҳурӣ амал мекунад?

А) Ҷумҳурии президентӣ

В ) Мутлақият

В) Ҷумҳурии парлумонӣ

Г) Мутлақияти маҳдуд

13. Ҷумҳурии исломии Эрон ба кадом намуди ҷумҳурӣ мутаалиқ аст?

А) ба президентӣ

Б) ба исломӣ

В) ба парлумонӣ

Г) ба парлумонию президентӣ

14. Оид ба президенти ҶТ кадом боби Конститутсияи ҶТ бахшида шудааст?

А) Боби 4

Б) Боби 5

В) Боби 6

Г) Боби 7

15. “Ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон” яке аз нишонаҳои кадом давлат аст?

А) давлати сотсиалистӣ

Б) давлати феодалӣ

В) давлати капиталистӣ

Г) давлати демократӣ

16. Меъёрҳои ҳуқуқӣ дар кадом санадҳо инъикос ёфтаанд?

А) дар маълумотномаҳо

Б) дар қонунҳо

В) дар рӯзномаю маҷаллаҳо

Г) дар маводи бойгонӣ

17. Меъёрҳои аввалини ҳуқуқӣ дар кадом давраи таърихии инсоният ба миён омадаанд?

А) дар ҷамъияти ғуломдорӣ

Б) дар ҷамъияти феодалӣ

В) дар ҷамъияти сотсиалистӣ

Г) дар ҷамъияти сармоядорӣ

18. Ҳуқуқ ба типҳои таърихии давлат чӣ муносибат дорад?

А) типҳои таърихии ҳуқуқ аз типҳои таърихии марбутаи давлат ба миён омадаанд

Б) типҳои таърихии ҳуқуқ ба типҳои таърихии

давлат ягон муносибат надоранд

В) типҳои таърихии ҳуқуқ ба яке аз типҳои таърихии давлат тааллуқ доранд

Г) типҳои таърихии ҳуқуқ эҳтимол аз давлати сотсиалистӣ ба миён омада бошанд

19. Забони давлатии ҶТ дар кадом моддаи Конститутсияи ҶТ инъикос гардидааст?

А) дар моддаи 1

Б) дар моддаи 2

В) дар модаи 3

Г) дар моддаи 4

20. Раъйпурсии охирин оид ба даровардани тағироту иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ кай доир гардид?

А) 9 сентябри 1991

Б) 22 июни 2003

В) 6 ноябри 1994

Г) 26 сентябри 1999

21. Дар ҶТ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор кадом аст?

А) Ҳукумати ҶТ

Б) Суди Олии ҶТ

В) Прокуратураи Генералии ҶТ

Г) Маҷлиси Олии ҶТ

22. Оё ҳуқуқ бо ахлоқ ягон робитае дорад?

А) надорад

Б) эҳтимол дошта бошад

В) шояд дар оянда пайдо кунад

Г) бевосита дорад

23. Оид ба МО ҶТ дар конститутсияи Тоҷикистон кадом боб мавҷуд аст?

А) Боби 1

Б) Боби 2

В) Боби 3

Г) Боби 4

24. Ҳукумати ҶТ ба кадом мақоми ҳокимияти давлатӣ тааллуқ дорад?

А) ба ҳокимияти иҷроия

Б) ба ягон ҳокимият тааллуқ надорад

В) ба ҳокимияти қонунгузор

Г) ба ҳокимияти судӣ

25. Баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият ба кадом низоми давлатии Тоҷикистон дохил аст?

А) ба низоми сиёсӣ

Б) ба низоми иқтисодӣ

В) ба низоми фарҳангӣ

Г) ба низоми иҷтимоӣ