ЧОРЯКИ 3
1. Ба вазифањои судяњои судњои шањрї ва ноњиявї, суди иќтисодии ВМКБ, вилоятњо ва шањри Душанбе кїтаъин шуда метавонад?
A) шахсоне, ки на кам аз 35 ва на беш аз 65 сол дошта, собиќаи касбии корашон аз 5 сол кам набошад
Б) шахсоне, ки аз 25 кам ва аз 60 сол зиёд надошта, собиќаи касбии корашон на камтар аз 5 сол бошад
В) шахсоне, ки на кам аз 25 ва на бештар аз 65 сол дошта, собиќаи касбии корашон на кам аз 3 сол бошад
Г) шахсоне, ки на кам аз 30 ва на бештар аз 65 сол дошта, собиќаи касбии корашон аз 10 сол кам набошад
2. Сарчашмаҳои ҳуқуқро номбар кунед?
А) ќонун, фармон, қарор, низомнома, шартномаҳои
ҳуқуқӣ
Б) ќарор, таъинот, фармон
В) ќонун, актҳои зерқонунӣ
Г) ќонун, таъинот, қарор, актҳои нормативӣ
3. Рафтори ҳуқуқӣ чист?
А) Рафторест, ки бо меъёрҳои ҳуқуқ мувофиқ аст.
Б) Рафторест, ки бо урфу одатҳо мувофиқ аст.
В) Рафторест, ки бо меъёрҳои ахлоқ мувофиқ аст.
Г) Рафторест, ки бо меъёрҳои ташкилотҳо муайян карда шудааст.
4. Кадом мақомот ҳуқуқи қабул намудани қонунҳоро дорад?
А) Президент
Б) Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагон
В) Ҳукумат
Г) Раёсати маҷлиси намояндагон
5. Муҳлати интихоби Президенти ҶТ чӣ қадар аст?
А) 5 сол
Б) 8 сол
В) 4 сол
Г) 7 сол
6. Кадом сабабҳо боиси пайдошавии синфҳо гардид?
A) тақсимоти чамъиятии меҳнат ва бавучудоии моликияти хусуси
Б) бадастоварии сарват дар натичаи муҳорибаҳои ҳарбї
В) муттаҳидшавии авлодҳо
Г) қодир набудани одамон дар назди офатҳои табии
7. Ваколати ҳукумати Чумҳурии Точикистонро номбар кунед.
A) ҳукумат роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иљтимої, фарҳангї ва иљрои қонунҳо, қарорҳои Маљлиси Олї, амру фармонҳои Президентро таъмин мекунад, қарор мебарорад ва фармон медиҳад, ки иљрои онҳо дар ҳудуди Љумҳурии Тољикистон ҳатмист, барномаҳои иқтисодиву иљтимої сиёсати пулию қарзии давлатро муайян намуда, лоиҳаи буљети давлатї ва ғайраро ба Маљлиси Олї пешниҳод менамояд
Б) роҳбарии самаранокии соҳаҳои иқтисодї, иљтимої, фарҳангї ва таъмини иљрои қонунҳо, қарорҳо ва ғайра
В) барномаҳои иқтисодиву иљтимої, сиёсати пулию қарзи давлатї ва ёрии иқтисодї ба дигар давлатҳоро тасдиқ мекунад ва ғайра
Г) ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои љумҳурї, қарор, таъинот мебарорад ва фармон медиҳад, ки иљрои онҳо дар ҳудуди Тољикистон ҳатмист, қонунҳоро тавсиф мекунад ва ғайра
8. Мувофиќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон надонистани ќонун …
A) ба шахс имтиёз медињад
Б) шахсро аз љавобгарї озод карда наметавонад
В) фардро аз љавобгарї озод менамояд
Г) љавобгариро истисно намекунад
9. Судя аз рўи парвандаи љиноятї бо тартиби ќонунгузории љиноятиву мурофиавї чї ќабул мекунад?
A) эътироз
Б) њалнома
В) муќарарот
Г) њукм
10. Конфедератсия чї гуна давлат аст?
A) давлати иттифоқї
Б) идтиҳоди давлатҳои муштарак
В) воҳидҳои марзию маъмурии давлатҳои гуногун
Г) иттиҳоди ҳарбию сиёсии давлатҳои људогона
11. Њуќуќвайронкунї чист?
А) Њуќуќвайронкунї кирдори гунањкорона ва зиддињуќуќии шахсе мебошад, ки ба љамъият, давлат ё шахсони алоњида зарар мерасонад.
Б) Њуќуќвайронкунї –кирдори (њаракат ё бењаракати) гунањкорона ва зиддињуќуќии шахсе мебошад, ки ба љамъият, давлат ё шахсони алоњида зарар ва зиён мерасонад.
В) Њуќуќвайронкунї –кирдори (њаракат ё бењаракати) гунањкорона ва зиддињуќуќии шахсе мебошад, ки ба љамъият, давлат ё шахсони њуќуќї зарар ва зиён мерасонад.
Г) Њуќуќвайронкунї –кирдори гунањкоронае мебошад, ки ба љамъият, шахсони алоњида зарар ва зиён мерасонад.
12. Таркиби муносибатњои њуќуќї:
А) субъект, объект, мазмун
Б) тарафи субъективї ва объективї
В) шањрвандон ва шахсони њуќуќї
Г) воњидњои марзию маъмурї
13. Нишонаи маданияти њуќуќиро муайян намоед:
А) аз сатњи шуури њуќуќии ањолї вобаста мебошад.
Б) эътирофи њуќуќ ва озодињои табиии инсон ва њифзи самаранокии он
В) мављуд набудани монополизми идеологї
Г) бартарии њуќуќ ва волоияти ќонун
14. Шакли сохти давлатдории Суѓд чї гуна буд?
А) ягона (унитарї)
Б) федеративї
В) конфедеративї
Г) худкома
15. Вобаста ба субъект шуури њуќуќї ,шуури њуќуќи ба кадом гуруњњо људо мешавад?
А) ба чор гуруњ
Б) ба се гуруњ
В) ба ду гуруњ
Г) ба панљ гуруњ
16. Адолати судиро кадом мақомот ба амал мебарорад?
А) Вазорати адлия
Б) Шӯрои адлия
В) Ҳукумат
Г) Суд
17. Суди Конститутсионӣ ба кадом навъи ҳокимият дохил мешавад?
А) ба ҳокимияти халқӣ
Б) ба ҳокимияти намояндагї
В) ба ҳокимияти иҷроия
Г) ба ҳокимияти судӣ
18. Тоҷикистон кай соҳибихтиёр шуд?
А) 24 августи 1990
Б) 10 ноябри 1931
В) 25 ноябри 1925
Г) 9 сентябри 1991
19. Шумораи вакилони Маҷлиси намояндагони МО аз ҳисоби ҳизбҳои сиёсӣ чанд нафар мебошанд?
А) 20 нафар
Б) 22 нафар
В) 25 нафар
Г) 30 нафар
20. Чанд нафар аъзоёони Маҷлиси миллиро Президент таъин мекунад?
А) 11 нафар
Б) 10 нафар
В) 4 нафар
Г) 8 нафар
21. Раисони вилоят, шаҳр ва ноҳияњоро кӣ таъин ва озод мекунад ?
А) Маҷлиси Олӣ
Б) Ҳукумат
В) Сарвазир
Г) Президент
22. Вакилони маҷлиси маҳаллӣ ба мӯҳлати чанд сол интихоб мешаванд?
А) 4 сол
Б) 3 сол
В) 6 сол
Г) 5 сол
23. Ҳокимияти маҳаллӣ аз кадом мақомотҳо иборат аст?
А) судӣ, намояндагӣ
Б) намояндагӣ ва иҷроия
В) ќонунгузор, иҷроия, судӣ
Г) ќонунгузор ва судӣ
24. Сохти давлатии ҶТ чӣ гуна аст?
А) федеративӣ
Б) конфедеративӣ
В) ягона (унитарӣ)
Г) унитарӣ бо аломатҳои федеративӣ
25. 9 сентябри соли 1991 кадом хуҷҷати таърихии ҶТ қабул гардидааст?
А) Эъломия дар бораи истиқлолияти ҶТ
Б) Конститутсияи ҶТ
В) Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф”
Г) Барномаи ислоҳоти иқтисодии ҶТ