§32. Типи бугумпойҳо ё бандпойхо
Тавсифи умумии тип. Бугумиойхо хайвонхои бадана-
шон таносуби дутарафадор буда, ба бугумхо таксим шу
дааст. Руйпуши бадани онхо сахт буда, аз моддаи хитинй
ва пойхояшон ба бугумхо таксим шудаанд. Баръакси
халкакирмхо, бадани аксарияти бугумпойхо ба се кием чудо
шудааст: cap, сина ва шикам. Ба типи бугумпойхо харчан-
ги дарёй, крабхо, креветкахо, тортанакшаклхо, бисёрпойхо,
шапалакхо, магасхо, гамбускхо ва гайрахо дохил мешаванд
Типи бугумпойхо калонтарин типи олами хайвонот буда,
дар замони хозира зиёда аз 1,5 млн намуди онхо маълум аст.
Аз ин микдор дар Точикистон на камтар аз 10-12 хазор на
мудашон вомехуранд. Бугумпойхоро дар хама гуна шароити
мухити зист дидан мумкин аст. Эхтимол дар кураи Замин чое
Бисёршаклии бугумпойхо
нест, ки ин ё он намояндаи ин тип вонахурад. Бугумпойхо ба
туфайли руйпуши хитинии бадан, пойхои аз бугумхо иборат
буда ва тараккй кардани узвхои хис барои дар мухити обй ва
хушкй зиндагй кардан хеле хуб мутобик шудаанд.
Типи бугумпойхо ба се чертип чудо мешавад. Сохти беру-
нии бугумпойхо. Дар бугумпойхо, баръакси халкакирмхо,
халтаи пустию мушакй набуда, ба чойи он системаи мушакхо
тараккй кардааст. Мушакхои онхо кундаланги рах-рах буда,
дар кирмхо суфта мебошанд.
Руйпуши бадан. Якчанд бугумпойро бо хамдигар мукоиса
мекунем: харчанги дарёй, тортанаки салибдор ва гамбуски
саврй Бадани ин хайвонхо аз берун руйпуши сахти хитинй доранд, ки онро хучайрахои пуст хосил мекунанд. К^исми асосии руйпуши бадан аз моддаи мураккаби органикии хитин иборат аст. Руйпуши хитинй хеле мустахкам аст ва хатто нисбат ба таъсири кислотахо устувор аст. Вай бадани бугумпойхоро аз таъсирхои механикй ва кимиёвии мухити беруна химоя мекунад. Ба гайр аз ин, хитин бугумпойхои дар хушкй зиндагй мекардагиро аз зиёд бухоршавии оби организм мухофизат мекунад. Дар баъзе бугумпойхо (харчанги дарёй, крабхо) руйпуши хитинй намакхои охакинро чабида, ба сипари сахт табдил меёбад. Аз дарун ба руйпуши хитинй мушакхо махкам шуда, хитин гуё вазифаи скелети берунаро ичро мекунад.
Дар вакти инкишофи бугумпойхо руйпуши бадан танг ме
шавад ва онхо калон шуда наметавонанд. Барои калон шудан,
баъди хар чанд вакт хатман бояд руйпуши кухнаро партоянд.
Барои хамин аз таги руйпуши кухна аз хисоби пуст руйпуши
нави тунуки хитинй хосил мешавад. Руйпуши нав якчанд
вакт мулоим буда, кашиш мехурад, дар натича хайвон тез ка
лон мешавад, яъне калоншавии андозаи бадани бугумпойхо
факат ба давраи пустпартой рост меояд.
Ба бугумхо нудошавии бадан. Бадани харчанги дарёй,
тортанаки салибдор, гамбуски саврй ва дигар бугумпойхо аз
бугумхо иборат аст. Дар бисёр намояндагони ин тип бугумхо
як кисми муайяни баданро хосил мекунанд: сарсина ва ши-
кам ё cap, сина, шикам. Кисмҳои бадани бугумпойхо
Дар кисми сина аз тарафи шикам пойхои аз бугумхо ибо-
ратбуда чойгиранд (номи тип аз хамин чост). Микдори пойхо
дар намояндагони ин тип гуногун аст. Масалан, дар харчанги
дарёй панч чуфт пойи рохгардй, дар тортанаки хонагй чор чуфт,
дар гамбуски саврй се чуфт пой мавчуд аст. Пойи бугумпойхо
на факат вазифаи рох гаштан, балки вазифаи доштани хурок,
совидани он ва нафаскаширо ичро мекунад. Дар кисми синаи
тарафи пушти хашарот болхо чой гирифтаанд.