СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Вирусҳо ва барномаҳои зиддивирусӣ

Категория: Информатика

Нажмите, чтобы узнать подробности

Презентация "Вирусҳо ва барномаҳои зиддивирусӣ" технологияи иттилоотӣ синфи 7

Просмотр содержимого документа
«Вирусҳо ва барномаҳои зиддивирусӣ»

 «Вирусҳои компютерӣ ва барномаҳои зиддивирусӣ»

«Вирусҳои компютерӣ ва барномаҳои зиддивирусӣ»

Вируси компютерӣ чист? Вируси компютерӣ – барномаи ҳаҷман хурде мебошад, ки ноаён ба таркиби объектҳои системавӣ ва татбиқии компютер ворид мешавад ва онҳоро қисман ё пурра хароб месозад.

Вируси компютерӣ чист?

Вируси компютерӣ – барномаи ҳаҷман хурде мебошад, ки ноаён ба таркиби

объектҳои системавӣ ва татбиқии компютер ворид мешавад ва

онҳоро қисман ё пурра хароб месозад.

Таърихи пайдоиши вирусҳои компютерӣ   Соли 1986 аввалин вирус бо номи Brain «ихтироъ» шуд. Вай ба воситаи диск аз як компютери фардӣ ба дигар компютер гузашта, онҳоро «сироят» мекард. Дар натиҷа  амали сироятёбӣ аз ин вируси компютерӣ характери оммавӣ гирифт. Танҳо дар ИМА ин вирус беш аз 18 ҳазор компютерро фаро гирифтааст.

Таърихи пайдоиши вирусҳои компютерӣ

Соли 1986 аввалин вирус бо номи Brain «ихтироъ» шуд. Вай ба воситаи диск аз як

компютери фардӣ ба дигар компютер гузашта, онҳоро «сироят» мекард. Дар натиҷа

амали сироятёбӣ аз ин вируси компютерӣ характери оммавӣ гирифт. Танҳо дар ИМА ин вирус беш аз 18 ҳазор компютерро фаро гирифтааст.

Аломатҳои сирояти компютер:  Баъзе барномаҳо кор карданро қатъ мекунанд ё бо хатогиҳо кор мекунанд;  Андозаи баъзе парвандаҳо тағйир меёбад.  Аломатҳо ва паёмҳои бегона дар экран нишон дода мешаванд;  Кори компютер суст мешавад ва андозаи хотираи RAM кам мешавад;  Баъзе парвандаҳо ва дискҳо ҳазв карда мешаванд;  Компютер боркуниро аз диски сахт бозмедорад.

Аломатҳои сирояти компютер:

  • Баъзе барномаҳо кор карданро қатъ мекунанд ё бо хатогиҳо кор мекунанд;
  • Андозаи баъзе парвандаҳо тағйир меёбад.
  • Аломатҳо ва паёмҳои бегона дар экран нишон дода мешаванд;
  • Кори компютер суст мешавад ва андозаи хотираи RAM кам мешавад;
  • Баъзе парвандаҳо ва дискҳо ҳазв карда мешаванд;
  • Компютер боркуниро аз диски сахт бозмедорад.
Зарари вирусҳо табиати гуногун дорад. Натиҷаи фаъолияти онҳо – аз пайдо шудани ҳар гуна навиштаҷоти ногаҳонию бегона дар экрани монитор сар карда, то дуздӣ ва нобудсозии иттилоот мебошад. Зарари молиявии аз вирусҳо танҳо дар соли 2003 расида тақрибан 12 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Яке аз сабабҳои «диверсияҳои» иттилоотии имрӯза ҳарчӣ бештар истифода бурдани шабакаи компютерии Интернет мебошад.

Зарари вирусҳо табиати гуногун дорад. Натиҷаи фаъолияти онҳо – аз пайдо шудани ҳар гуна навиштаҷоти ногаҳонию бегона дар экрани монитор сар карда, то дуздӣ ва нобудсозии иттилоот мебошад. Зарари молиявии аз вирусҳо танҳо дар соли 2003 расида тақрибан 12 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Яке аз сабабҳои «диверсияҳои» иттилоотии имрӯза ҳарчӣ бештар истифода бурдани шабакаи компютерии Интернет мебошад.

Ҳангоми кор бо почтаи электронӣ, барномаҳои ройгон, бозиҳои компютерӣ ва ғайра вирусҳои компютерӣ метавонанд озодона ворид гарданд. Яке аз хосиятҳои асосии вирусҳои компютерӣ аз он иборат аст, ки онҳо ҳангоми сирояткунӣ ҳар дафъа нусхаашонро афзун мегардонанд ва ноаён ба таркиби парвандаву дискҳои компютер, хусусан ба сектори боркунандаи диски системавӣ ворид мегарданд. Маҳз бо сабаби хосияти худафзуншавии ин барномаҳо ба онҳо ВИРУС ном гузоштаанд.

Ҳангоми кор бо почтаи электронӣ, барномаҳои ройгон, бозиҳои компютерӣ ва ғайра вирусҳои компютерӣ метавонанд озодона ворид гарданд. Яке аз хосиятҳои асосии вирусҳои компютерӣ аз он иборат аст, ки онҳо ҳангоми сирояткунӣ ҳар дафъа нусхаашонро афзун мегардонанд ва ноаён ба таркиби парвандаву дискҳои компютер, хусусан ба сектори боркунандаи диски системавӣ ворид мегарданд.

Маҳз бо сабаби хосияти худафзуншавии ин барномаҳо ба онҳо ВИРУС ном гузоштаанд.

Намудҳои вирусҳои компютерӣ Оқибатҳои амалиёти сироятии вирусҳо хеле гуногуну рангин аст. Онҳоро аз рӯйи дараҷаи зарарашон ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд:  Вирусҳои бехатар; Вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон паст; Вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон миёна; Вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон баланд;

Намудҳои вирусҳои компютерӣ

Оқибатҳои амалиёти сироятии вирусҳо хеле гуногуну рангин аст. Онҳоро аз рӯйи дараҷаи зарарашон ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд:

  • Вирусҳои бехатар;
  • Вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон паст;
  • Вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон миёна;
  • Вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон баланд;
Вирусҳои бехатар ба раванди кори компютер ҷиддан таъсир нарасонида, танҳо аз ҳисоби зудафзуншавиашон қисми озоди хотираи дискро ишғол менамоянд, ки дар натиҷа суръати кори компютер суст мегардад;  Вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон паст низ ба раванди асосии кори комютер таъсир намерасонанд. Онҳо ба экран ҳар гуна маълумоти нолозим ва тасвирҳои гуногунро инъикос менамояд; Вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон миёна сабабгори бозистӣ ва кори нодурусти компютеру барномаҳо шуда метавонанд. Онҳо иттилооти дар дискҳо маҳфузбударо қисман хароб месозанд. Вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон баланд ба зуд аз кормонӣ ва нобудшавии барномаву додаҳо, тағйирёбӣ ё гумшавии парвандаву ҷузвдонҳо оварда мерасонад. Дар чунин ҳолатҳо винчестер ё дигар дискҳои компютерро аз нав формат кардан лозим меояд.

Вирусҳои бехатар ба раванди кори компютер ҷиддан

таъсир нарасонида, танҳо аз ҳисоби зудафзуншавиашон

қисми озоди хотираи дискро ишғол менамоянд, ки дар

натиҷа суръати кори компютер суст мегардад;

Вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон паст низ ба раванди

асосии кори комютер таъсир намерасонанд. Онҳо ба

экран ҳар гуна маълумоти нолозим ва тасвирҳои

гуногунро

инъикос менамояд;

Вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон миёна сабабгори бозистӣ ва кори нодурусти компютеру барномаҳо шуда

метавонанд. Онҳо иттилооти дар дискҳо маҳфузбударо

қисман хароб месозанд.

Вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон баланд ба

зуд аз кормонӣ ва нобудшавии барномаву додаҳо, тағйирёбӣ ё гумшавии парвандаву ҷузвдонҳо оварда

мерасонад. Дар чунин ҳолатҳо винчестер ё дигар дискҳои

компютерро аз нав формат кардан лозим меояд.

Намудҳои вирусҳои компютерӣ Аз рӯйи намуди сирояткунӣ ба объектҳо, муҳит ва мавқеи ҷойгиршавӣ вирусҳоро ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд:  Вирусҳои парвандаӣ; Вирусҳои боркунанда; Макровирусҳо; Вирусҳои шабакавӣ;

Намудҳои вирусҳои компютерӣ

Аз рӯйи намуди сирояткунӣ ба объектҳо, муҳит ва мавқеи

ҷойгиршавӣ вирусҳоро ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд:

  • Вирусҳои парвандаӣ;
  • Вирусҳои боркунанда;
  • Макровирусҳо;
  • Вирусҳои шабакавӣ;
Вирусҳои парвандаӣ бо роҳҳои гуногун ба парвандаҳои иҷроӣ (.exe ё .com) дохил шуда, ҳангоми оғози кори онҳо фаъол мегарданд ва дар хотираи фаврӣ боқӣ мемонанд. Дар мавриди ба хотира ҷеғ задани парвандаи нав вирус зуд ба сирояткунии он машғул мешавад. Вирусҳои боркунанда нусхаҳои худро дар сектори омодасози кори CD-и системавӣ зиёд менамоянд. Ҳангоми оғози кори системаи амалиётӣ вирусҳо ба хотираи фаврии компютер дохил мешаванд ва ба мисли вирусҳои парвандаӣ рафтор мекунанд. Макровирусҳо сирояткунандагони асосии парвандаву санадҳои бо ёрии дастаи барномаҳои MS Office эҷодшуда мебошанд. Онҳо ҳамчун макрофармонҳо (макросҳо) дар таркиби санад ҷой мегиранд ва раванди корро бо он душвор мегардонанд. Вирусҳои шабакавӣ ба воситаи шабакаҳои компютерӣ паҳн гардида, метавонанд ҳамаи компютерҳои бо онҳо пайвастро сироят кунанд. Чунин вирусҳо бештар ба воситаи почтаи электронӣ ва шабакаи ҷаҳонии Интернет паҳн карда мешаванд.
  • Вирусҳои парвандаӣ бо роҳҳои гуногун ба парвандаҳои иҷроӣ (.exe ё .com) дохил шуда, ҳангоми оғози кори онҳо фаъол мегарданд ва дар хотираи фаврӣ боқӣ мемонанд. Дар мавриди ба хотира ҷеғ задани парвандаи нав вирус зуд ба сирояткунии он машғул мешавад.
  • Вирусҳои боркунанда нусхаҳои худро дар сектори омодасози кори CD-и системавӣ зиёд менамоянд. Ҳангоми оғози кори системаи амалиётӣ вирусҳо ба хотираи фаврии компютер дохил мешаванд ва ба мисли вирусҳои парвандаӣ рафтор мекунанд.
  • Макровирусҳо сирояткунандагони асосии парвандаву санадҳои бо ёрии дастаи барномаҳои MS Office эҷодшуда мебошанд. Онҳо ҳамчун макрофармонҳо (макросҳо) дар таркиби санад ҷой мегиранд ва раванди корро бо он душвор мегардонанд.
  • Вирусҳои шабакавӣ ба воситаи шабакаҳои компютерӣ паҳн гардида, метавонанд ҳамаи компютерҳои бо онҳо пайвастро сироят кунанд. Чунин вирусҳо бештар ба воситаи почтаи электронӣ ва шабакаи ҷаҳонии Интернет паҳн карда мешаванд.
Барномаҳои зиддивирусӣ

Барномаҳои зиддивирусӣ

Барномаҳои зиддивирусӣ. Барои аз вирусҳои компютерӣ тоза кардани парвандаву санадҳо барномаҳои махсуси зиддивирусӣ сохта шудаанд. Ин барномаҳо вирусҳоро ёфта, онро муайян намуда, диску парвандаҳои сироятёфтаро «табобат» мекунанд. Барои кам намудани эҳтимолияти фалаҷшавии диску парвандаҳои компютер дар қатори чорабиниҳои профилактикӣ бояд ба таври системавӣ аз барномаҳои зиддивирусӣ истифода бурд.  Барномаи зиддивирусӣ барои аз вирусҳо «табобат» кардани объектҳои компютерӣ пешбинӣ шудааст.

Барномаҳои зиддивирусӣ. Барои аз вирусҳои

компютерӣ тоза кардани парвандаву санадҳо

барномаҳои махсуси зиддивирусӣ сохта шудаанд.

Ин барномаҳо вирусҳоро ёфта, онро муайян намуда,

диску парвандаҳои сироятёфтаро «табобат» мекунанд.

Барои кам намудани эҳтимолияти фалаҷшавии диску

парвандаҳои компютер дар қатори чорабиниҳои

профилактикӣ бояд ба таври системавӣ аз

барномаҳои зиддивирусӣ истифода бурд.

Барномаи зиддивирусӣ барои аз вирусҳо «табобат»

кардани объектҳои компютерӣ пешбинӣ шудааст.

Барномаҳои зиддивирусӣ Азбаски зиддивирусҳо ҳам ба мисли вирусҳо хеле зиёду гуногунанд, бинобар ин  онҳоро аз рӯйи вазифа ва тарзи ҷустуҷӯю табобати санадҳо ба намудҳо ҷудо мекунанд: полифагҳо нозирон (ревизорҳо) муҳосирачиён (блокировшикҳо)

Барномаҳои зиддивирусӣ

Азбаски зиддивирусҳо ҳам ба мисли вирусҳо хеле зиёду гуногунанд, бинобар ин

онҳоро аз рӯйи вазифа ва тарзи ҷустуҷӯю табобати санадҳо ба намудҳо ҷудо мекунанд:

  • полифагҳо
  • нозирон (ревизорҳо)
  • муҳосирачиён (блокировшикҳо)
Барномаҳои зиддивирусӣ  Полифагҳо – машҳуртарин барномаҳои зиддивирусӣ ба ҳисоб мераванд. Масалан, барномаи Antivirus Toolkit Pro полифаг аст. Вазифаи полифагҳо аз тафтиши сектори боркунандаи диски системавӣ, санҷидани хотираи фаврӣ, ҷузвдону парвандаҳо, ҷустуҷӯи вирусҳои маълум ва нав иборат аст.  Полифагҳо тамоми тафтиши парвандаҳоро дар оғози кори онҳо анҷом медиҳанд;

Барномаҳои зиддивирусӣ

Полифагҳо – машҳуртарин барномаҳои зиддивирусӣ ба ҳисоб мераванд. Масалан, барномаи Antivirus Toolkit Pro полифаг аст. Вазифаи полифагҳо аз тафтиши сектори боркунандаи диски системавӣ, санҷидани хотираи фаврӣ, ҷузвдону парвандаҳо, ҷустуҷӯи

вирусҳои маълум ва нав иборат аст. Полифагҳо тамоми тафтиши парвандаҳоро дар оғози кори онҳо анҷом

медиҳанд;

Барномаҳои зиддивирусӣ Усули кори нозирон (ревизорҳо) аз баҳисобгирии суммаи назоратии иттилооти парвандаҳои диск иборат аст. Ҳангоми оғози кори компютер нозир додаҳои пойгоҳи зиддивирусиро бо қимати аслии иттилооти парвандаҳои диск муқоиса мекунад.  Агар миқдори иттилооти ягон парвандаи дар пойгоҳ маҳфузбуда бо қимати аслии он мувофиқат накунад, он гоҳ нозир ин парвандаро ҳамчун парвандаи тағйирдодашуда ё сироятёфта ба қайд мегирад;

Барномаҳои зиддивирусӣ

Усули кори нозирон (ревизорҳо) аз баҳисобгирии суммаи назоратии иттилооти парвандаҳои диск иборат аст. Ҳангоми оғози кори компютер нозир додаҳои

пойгоҳи зиддивирусиро бо қимати аслии иттилооти парвандаҳои диск муқоиса мекунад.

Агар миқдори иттилооти ягон парвандаи дар пойгоҳ маҳфузбуда бо қимати аслии он мувофиқат накунад, он гоҳ нозир ин парвандаро ҳамчун парвандаи тағйирдодашуда ё

сироятёфта ба қайд мегирад;

Барномаҳои зиддивирусӣ Муҳосирачиён (блокировшикҳо ) -вазъи хатарнокро дар диск пай бурда, барои пешгирӣ аз паҳншавии он чораҳо меандешанд ва оид ба хатари вирусӣ ба истифо- дабаранда маълумот медиҳанд. Масалан, яке аз хатарҳои маъмули вирусӣ – ин сабт дар сектори боркунандаи диск ба ҳисоб меравад. Вале ба воситаи барномаи BIOS Setup системаи BIOS-ро чунон танзим намудан мумкин аст, ки ба сектори боркунандаи диск сабти ҳар гуна иттилооти нолозим ғайриимкон гардад.

Барномаҳои зиддивирусӣ

Муҳосирачиён (блокировшикҳо ) -вазъи

хатарнокро дар диск пай бурда, барои пешгирӣ аз паҳншавии он чораҳо меандешанд ва

оид ба хатари вирусӣ ба истифо- дабаранда маълумот медиҳанд. Масалан, яке аз хатарҳои маъмули вирусӣ – ин сабт дар сектори боркунандаи диск ба ҳисоб меравад. Вале ба воситаи барномаи BIOS Setup системаи BIOS-ро чунон танзим намудан мумкин аст, ки ба сектори боркунандаи диск

сабти ҳар гуна иттилооти нолозим ғайриимкон гардад.

МУСТАҲКАМКУНӢ Саволҳо: 1. Вируси компютерӣ чист? 2. Чӣ тавр вирусҳо ба диску парвандаҳои компютер сироят мекунанд? 3. Аз рӯйи дараҷаи зараррасонӣ вирусҳоро ба чанд намуд ҷудо мекунанд? Онҳо кадомҳоянд? 4. Зиддивируси компютерӣ гуфта чиро мефаҳмед? 5. Полифагҳо чӣ гуна барнома аст? Муҳосирачиён чӣ? 5. Боз кадом намуди зиддивирусҳо ба шумо маълуманд?

МУСТАҲКАМКУНӢ

Саволҳо:

1. Вируси компютерӣ чист?

2. Чӣ тавр вирусҳо ба диску парвандаҳои компютер сироят мекунанд?

3. Аз рӯйи дараҷаи зараррасонӣ вирусҳоро ба чанд намуд ҷудо мекунанд? Онҳо

кадомҳоянд?

4. Зиддивируси компютерӣ гуфта чиро мефаҳмед?

5. Полифагҳо чӣ гуна барнома аст? Муҳосирачиён чӣ?

5. Боз кадом намуди зиддивирусҳо ба шумо маълуманд?

Вазифаи хонагӣ

Вазифаи хонагӣ