Дарси геометрия дар синфи 7 Мавзуъ :Нимхати рост Нимхамвори .
Коркарди дарс бо методикаи таълими салохиятнок.
Барнома: Нимхамвори. Нимхати рост.
Салохиятхо: Медонанд: Мафхуми геометрия,шаклхои геометри,шаклхои асосии геометри ба монанди нукта ва хати рост,инчунин баъзе хосиятхои асосии ин шаклхо,ишорахояшон. Аз ухдаи сохтанхои оддитарини ин шаклхо мебароянд.
Максадхои таълим: Дар бораи мафхуми нимхамвори ва нимхати рост маълумот пайдо кунанд.Ишорахоро омузанд.Хосиятхои ин шаклхоро тадкик намоянд,аз худ кунанд ва дар амал истифода бурда тавонанд.Сохтанхои геометриро доир ба мавзуъ тавонанд.
Истилохот: Нимхамвори, нимхати рост, нур.
Методикаи таълим:
Ташкили дарс.(омода намудани маводи таълими, назорати тайёрии хонандагон ба дарс.)
Фаъолгардонии донишхои пешина ва арзёбии вазифаи хонаги.
Саволхо:
1.Шаклхои асосии геометриро номбар кунед.
2.Чаро онхо шаклхои асоси ном гирифтаанд.
3. Шаклхои геометри дар кучо тасвир меёбанд.
4. Оё хамвориро ба ду кисм таксим кардан мумкин аст?
5.Хамворихое ки шумо дар натичаи тасвир кардани хати рост пайдо кардед, оё хосиятхои хамвории пештараро дорад?
6.Хамвории асоси ва хамвории сохтаи шумо чи гуна фаркиятхо дорад?
7.Хамвории хосилкардаатонро шумо чи ном мегузоштед?
8.Чадвал созед ва дар он хосиятхои хамвори ва нимхамвориро дарч намоед.
ХАМВОРИ | НИМХАМВОРИ |
Сатхе ки сархад надорад. Онро метавонем ба чор самт беохир давом дихем. Шакле ки дар хамвори тасвир ёфтааст ба он таалук дорад,нуктахои шакл хам пурра ба он таалук дорад. Мисол: Агар порча ба хамвори таалук дошта бошад нугхои он хам ба хамвори таалук дорад. Ишораи хамвори: Харфхои лотини. Хамвориро бо хати рост ба ду нимхамвори чудо кардан мумкин. | Хати рост хамвориро ба ду нимхамвори таксим мекунад. Нимхамвории хосилшударо ба се самт давом додан мумкин аст. Шаклхо метавонанд дар як нимхамвори чойгир бошанд метавонанд дар ду нимхамвори чойгир шаванд. Агар нуктахои шакл ба ду нимхамвори таалук дошта бошад мегуянд ки он ба ду нимхамвори таалук дорад. Мисол: Агар нугхои порча дар ду нимхамвори хобад,он гох гуфтан мумкин аст ки порча сархади нимхамворихоро мебурад.ё ки ба ду нимхамвории хамсоя таалук дорад. |
9.Хати рост чист?
10.Хосиятхои хати рост.
11.Маълумот дар бораи таалукияти нукта ва хати рост.
12. Агар дар хати рост ду нукта гузорем чи хосил мешавад?
13. Агар як нукта гузорем чи?
14. Шакле ки дар натичаи як нукта гузоштан хосил мешавад аз хати рост ва порча чи фаркият дорад?
15.Онро чи ном мегузоштед.
16.Агар ибтидои нимхатхои ростро хамчоя кунем чи хосил мешавад?
17. Ин гуна нимхатхоро чи меномем?
18.Хосиятхои хатхои рост ва нимхатхои ростро дар чадвал оред.
Хати рост | Нимхати рост.(нур) |
Шакле ки аз нуктахои бо тартиби муайян чойгирифта сохта шудааст. Хати рост якченака аст. Онро ба ду самт беохир давом додан мумкин аст. Хати рост аввалу охир надорад. Дар хати рост микдори беохири нуктахоро гузоштан мумкин. Кисми хати рост,ки бо ду нукта махдуд аст порча ном дорад. Агар дар хати рост ду нукта гузошта шавад нимхатхои рост хосил мешавад | Нимхати рост дар натичаи дар хати рост нукта гузоштан хосил мешавад. Нимхати рост кисми хати рост аст ки аввал дораду охир не. Дар нимхати рост низ микдори беохири нуктахоро гузоштан мумкин нест. Дар нимхати рост низ ду нукта гузошта порча хосил кардан мумкин аст. Нимхати ростро нур хам меноманд ва у дарозии муайян надорад. Нимхати ростро бо ду харфи калони лотини ишора мекунанд. |
Баъзе ишорахоро такрор менамоем ва меомузем.
|AB|-хати рости АВ
–порчаи АВ
)-нури АВ
(
-нури ВА
а
-Нуктахои А; В; С ва О ба хати рости а таалук дорад.
Супоришхо:
1.Хати рост кашед. Ягон нуктаи А-ро кайд кунед,ки дар ин хати рост таалук надорад.Акнун чунон ду нуктаи В ва С-ро гузоред,ки порчаи АВ хати ростро бураду порчаи ВС онро набурад.
2.Хати рост ва се нуктаи дар ин хати рост нахобанда А,В,С дода шудааст.Маълум аст ки порчаи АВ хати ростро мебурад,вале АС не.Оё хати ростро порчаи АС мебурад?
3.Ду нуктаи А ва В-ро ишора кунед. Нимхати АВ-ро гузаронед.
4.Дар порчаи АВ нуктаи С гузошта шудааст. Аз байни нимхатхои АВ, АС, СА, СВ кадоме нимхатхои хамчояшаванда ва кадом нимхатхои пуркунанда мешаванд.
5.Панч нукта ва хати рости аз ин нуктахо нагузаранда дода шудааст.Маълум аст ки сетои ин нуктахо дар як нихамвори ва ду нуктаи дигар дар нимхамвории дуюм вокеъанд . Нуктахоро чуфт – чуфт пайваст кунед. Чанд порча хосил шуд? Чанд порча хати ростро мебурад?
Тестхо
Нимхамвори чи гуна хосил карда мешавад
А) Нимхамвори дар натичаи аз хамвори гузаштани хати рост хосил мешавад.
В) Агар нисфи росткунчаро тасвир кунем он нимхамвори мешавад.
С)Хамаи нуктахои нисбат ба хати рост дар як тараф хобида нимхамвориро ташкил медиханд.
2) Нимхати рост чист?
А)Кисми хати рост ки байни ду нукта мавчуд аст.
В)кисми хати рост ки аввалу охир надорад.
С) Кисми хати рост ки аввал дораду охир не.
3) Ишораи нур
А)|AB| В) АВ С)
)
4) Ишораи хамвори
А) А В) АВ С) W
5)Хосияти нимхамвори
А) Нимхавори масохати муайян дорад.
В) Нимхамвори аз як тараф махдуд аст.
С) Дар нимхамвори шакл пурра чойгир шуда наметавонад.
6)Хосияти нимхати рост.
А)Нимхати ростро чен кардан мумкин аст.
В)Нимхати рост дорои самт аст.
С)Нимхати ростро ба порчахо таксим кардан мумкин нест.
7) Нимхатхои рости пуркунанда.
А) Ду нуре ки якдигарро то хати рост пурра мекунанд
В) Ду порчаи паи хам хобида.
С) Агар ду хати рост хамчоя шаванд.
8)Агар дар хати рост се нукта гузорем чанд нимхати рост хосил мешавад
А) 6-то В) 8-то С) 9-то
9) Се нуктаи А,В,С дода шудаанд ки порчахои АВ, ВС ваАС-ро ташкил медиханд.Маълум аст,ки хати рост порчахои АВ ва ВС-ро мебурад.Кадоме аз нуктахо дар як нимхамвори мехобанд.
А) А ва В В) А ва С С) В ва С
10) Чор нукта дода шудааст А, В, С, М. Нуктахои А.В,ва С дар як нимхамвори мехобанд , нуктаи М дар нимхамвории дигар Кадоме аз порчахо хати ростро мебуранд.
А) АВ в) ВС С)СМ.
Супориши хонаги.