СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Дарси математика дар синфи 6

Категория: Математика

Нажмите, чтобы узнать подробности

Коркарди накшаи яксоатаи дарси  математика дар синфи 6 . Мавзуъ: "Чамъи ададхои гуногуналомат"

Просмотр содержимого документа
«Дарси математика дар синфи 6»

Дарси математика дар синфи 6.

Мавзуъ: Чамъи ададхои гуногуналомат.

Максади дарс: Омузонидани тарзи чамъи ададхои гуногуналомат.

Ташаккули махорат ва малака дар амалхо бо ададхои ратсионали.

Вазифахои дарс: Максаднокгардонии омузиш.

Омузонидани кори гурухи.

Такмили тафаккури мантики.

Максади тарбиявии дарс: Фикри хамдигарро гуш карда тавонистан.

Ба кори худ ва кори дигарон бахои хакики гузошта тавонистан.

Эчодкор будан.

Ташкили дарс: Суханхои ибтидоии омузгор : Хирадманде гуфтааст: На барои мактаб, балки барои хаёт мо меомузем . Фалес яке аз риёзидонхои бузург чунин мухокимарони намудааст:

--- Чи дар дунё бештар хаст? Фазо.

--- Чи аз хама босуръатттар аст? Акл.

--- Чи аз хама хирадмандтар аст? Вакт.

--- Чи аз хама маъкултар аст? Ба максад расидан.

Яъне максади мо имруз чи аст? Дониши нав андухтан!

Фаъолгардонии хонандагон:

Такрори мазуъхои гузашта:

(Ин кисми дарсро дар шакли бози мегузаронем. Бози : « + : - « яъне саволхо бо чавобхои дуруст (+) ва нодуруст (-) тартиб дода шудаанд. Хангоми дуруст будани чумла хонандагон аломати (+) ва хангоми нодуруст будани чумла хонандагон аломати (-) ро боло мебардоранд.)

  1. Ададхои ратсионали манфи ва мусбат мешаванд.

  2. 0 адади мусбат аст

  3. Ададхои манфи дар пешашон аломати (-) доранд

  4. Маънои геометрии модул – масофа аст.

  5. Хангоми чамъи ду адади манфи модулхои онхоро чамъ мекунем

  6. Хангоми чамъи ду адади манфи модулхои онхоро чамъ карда дар назди хосили чамъ аломати (- мегузорем.

  7. Модули адади манфи адади мусбат аст.

  8. Модули адади мусбат адади манфи аст.

  9. Ададхои мусбат дар тири адади нисбат ба ибтидои координата дар тарафи рост вокеъ аст.

  10. Адади мусбат аз харгуна адади манфи калон аст.

  11. Аз ду адади манфи хамонаш калон аст ки модулаш калон бошад.

  12. Ададхои касри манфи ё мусбат буда наметавонанд.

  13. Агар нукта аз -9 ба нуктаи координатааш 5 кучад пас вай 14 порчаи вохиди ба тарафи рост чой иваз кардааст.

  14. Агар нукта аз -9 ба тарафи рост ба 5 порчаи вохиди чой иваз кунад пас мавкеи вай дар порчаи вохидии -4 аст.

  15. Дар байни ададхои -8 ва -12 ададхои -9 , -10, -11 чойгиранд.

Мисолхо (дахони)

  1. Мукоиса кунед: 26 ва 74 , -26 ва 76, 26 ва -76 -26 ва 0 0 ва 76.

  2. Чамъро ичро кунед: 26 +74 , (-26)+(-74) , |-24|+|78| , |-24|+|-76|.

Баёни мавзуи нав:

Халли якчанд мисолхоро мушохида карда хулоса мебарорем:

-23+10=-13 -5+10=5

23-38=-15 67+(-17)=50

12+ (-23)=-11 72+(-12)=60

(-45)+10=-35 14+(-4)=10.

Савол: Кадом амал ичро шудааст.?

Чавоб: Амали тарх.

Савол: Барои чи назди баъзе чавобхо аломати манфи дида мешавад?

Чавоб:Аломати адади модулаш калон.

Супориш: Таърифи чамъи ададхои аломаташон гуногунро тартиб дихед.

Чавоб: Кадами 1: Аз адади модулаш калон адади модулаш хурдро тарх мекунем.

Кадами 2: Дар назди чавоб аломати адади модулаш калонро мегузрем.

Супориши мустакилона:

( Синфро ба шаш гурух –шаш катор чудо намуда супориш медихем. Хар хонандае ки аз каторе пеш аз хама супоришро дуруст ичро карда пешниходи омузгор мекунад, вазифаи ёрдамчиро гирифта ба хамсабакони худ (аз катори худ) ёри дода нофахмихоро бартараф мекунанд.

Намуна: 26+(-6) 5/9+(-8/9) -3,8564+(-0,8397)+7,84

-17+30 3/4 + (-2/3) -0,083+(-6,378)+3,9834

80+(-120) -5/8 +3/4 -0,0085+0,00354+(-0,00921)

0,3+(-1,2) -4/5 +2/3 3,75+(-2,11)+1,36.

Баъди ичрои супориши аввал ва бахогузори гуруххои чорнафари ташкил карда супориш медихем

Гурухе ки пеш аз хама бомуваффакият аз ухдаи ичрои супориш мебарояд , ичрои онро барраси мекунад ва ба саволхои дигарон чавобхо медихад.Баъди ин амал гуруххои хамсоя корхои хамдигарро мукоиса карда бахогузори мекунанд. Супоришхоро метавон аз китоби дарси интихоб кард.

Дар охир омузгор дарсро чамъбаст ва бахогузори мекунад.

« Мо аз донишхои нав андухтаи математикии худ лаззат мебарем.У моро хамчун шукуфоии гули нилуфар ба вачд меорад» Арасту