СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Геометрия 7. Мавзуъ: Хатхои рости параллел.

Категория: Геометрия

Нажмите, чтобы узнать подробности

Коркарди накшаи дарси яксоата аз геометрия. Мавзуъ: Хатхои рости параллел.

Просмотр содержимого документа
«Геометрия 7. Мавзуъ: Хатхои рости параллел.»

Коркарди накшаи дарси яксоата.

Мавзуъ: Хатхои рости параллел (геометрия 7)

Максади ва вазифахои дарс: Такрори мафхуми хатхои рости параллел аз синфи 6. Омузиш ва тадкики дурустии хосиятхо , таърифи хатхои рости параллел. Шиносои бо ишорахои геометрии хатхои рости параллел.

Ташакули махорат ва малака дар халли машкхо.Такмил додани кобилияти фикррони,шуурнокона кабул намудани маводи таълими.Инкишофи нуткронии математики,фаъолгардонии хонандагон.

Максади тарбиявии дарс: Максаднок дониш андухтан, шахсият ва фикри атрофиёнро хурмат кардан.Ба кори худ бахои дуруст дода тавонистан.

Равиши дарс:

Фаъолгардонии хонандагон омузиши мавзуи нав: (саволу чавоб)

Намудхои хатхо? Рост, морпеч, шикаста….

Хате ки дар тасвири шаклхо ба монанди секунча чоркунча ва гайра бештар истифода бурда мешавад?

-Хати рост.

Ин хатхо нисбати хамдигар чигуна чойгир мешаванд?

-Онхо якдигарро мебуранд, болои хам хоб мераванд, хамдигарро намебуранд.

Холати сеюме ки шумо гуфтед тасвир кунед

а







в





Дар синфи 6 мо бо чунин хатхо шинос шуда будем,онхо чи ном доранд?

-Хатхои рости параллел

Таърифи хатхои рости параллелро баён кунед.

-Ду хати росте ки дар як хамвори мехобанд ва нуктаи умуми надоранд хатхои рости параллел ном доранд.

-Ду хати росте ки хамдигарро намебуранд ва дар як хамвори мехобанд хатхои рости параллел ном доранд.

Дар таърифи аввал кайд карда шуд ки агар хатхои рост нуктаи умуми надошта бошанд,инро шарх дихед

-Агар онхо як нуктаи умуми дошта бошанд онхо хамдигарро мебуранд,агар болои хам хоб раванд хама нуктахояшон умуми мешавад.Дар ду холат онхоро параллел номидан мумкин нест.

Хам дар таърифи якум ва хам дар таърифи дуюм шумо кайд кардед ки онхо танхо дар холати дар як хамвори хобидан ва якдигарро набуридан хатхои рости параллеланд. Чумларо шарх дихед.

-Хатхои рост метавонанд дар хамвори ва дар як вакт дар фазо чойгир буда метавонанд.Агар онхо дар фазо бошанд дар ду хамвори чойгир шуда метавонанд якдигарро набуранд, лекин параллел шуда наметавонанд зеро дар ягон хамвории дигар якдигарро мебуранд.

Хатхои рости параллел чи гуна хосиятхо доранд?

-Аз нуктаи додашуда ба хати рости додашуда хати рости параллел гузаронидан мумкин ва факат якто.

Чавобро шарх дихед .

-Агар аз нуктаи додашуда хати дигари параллел гузаронем он гох ин ду хат дорои нуктаи умуми мешаванд.

Боз хосият медонед?

-Агар яке аз хатхои рости параллел ба хати рости сеюм параллел бошанд , онгох хати дигар хам бо хати рости сеюм параллел аст.

Ишораи параллелии хатхои рост чунин аст «||». Инро ба назар гирифта хосияти охиронро бо ишорахои геометри нависед.

-- агар a||b ва a||c, он гох b||c аст.

Кори гурухи( чорнафара ду варианти супориш)

Варианти 1

1 Оё метавонад хати росте ки яке аз хатхои рости параллелро мебурад хати рости дигарро набурад?

2. Аз расм хатхои рости параллелро нишон дихед.



а

в с м







3.Шакли геометриеро тасвир кунед ки тарафхои параллел дошта бошанд. Онхоро бо ишорахо нависед.

Варианти 2

1 Ду хати хамдигарро буранда дода шудаанд . Оё хати рости сеюмро тасвир кардан мумкинаст ки ба хардуи ин хатхо параллел бошад?

2.Аз расм хатхои рости параллелро нишон дихед.



а с



в к







3. Шакли геометриеро тасвир кунед ки танхо ду тарафаш параллел бошад онро бо ишорахо нависед.

Бараси ва тахлили кори гуруххо.

Халли тестхо(дунафара)

1.Хатхои рости параллел

А)Ду хате ки нуктаи умуми надоранд.

В)Ду хате ки хамаи нуктаояшон умуми аст

С) Ду хати росте ки танхо як нуктаи умуми доранд.

2.Дар росткунча чанд тараф бо хам параллеланд?

А) 2 В) 0 С) 1.

3. Дар секунча чанд тараф бо хам параллеланд.

А) 3 в)0 С)1.

4.Кадоме аз чумлахои зерин дуруст аст.

А) Чунин хати росте мавчуд аст ки ба яке аз хатхои рости хамдигарро буранда параллел аст.

В) Чунин хати росте мавчуд аст ки ба хар як хати рости хамдигарро буранда параллел аст.

С)Агар хати рост яке аз хатхои ба хамдигар параллелро бурад, он гох ва ба дигараш параллел мешавад .

5.Ишораи хатхои рости параллел

А) = В) || C) \\

6. Секунчаи АВС дода шудааст . Аз куллаи А ба тарафхои секунча чанд хати рости параллел гузаронидан мумкин аст?

А) беохир В) 1 С) 0

7.Нуктахои А, В, С дар як хати рост мехобанд ,нуктахои В, С, О низ дар як хати рост мехобанд. Оё метавонанд хатхои рости АВ ва СО бо хам параллел бошанд.

А) Ха В) не С)баъзан

8. Кадоме аз мисолхои зерин ифодакунандагони хатхои рости параллел нестанд?

А)Шоххои дарахтон.

В) Релсхои рохи охан.

С) Симхои барк аз симчуб ба симчуб.

9. Чумларо пурра кунед: Аз …… додашуда ба хати рости додашуда хати рости …… гузаронидан мумкин ва факат…..

А) параллел, нукта, якто В) нукта, параллел, якто С) якто, нукта, параллел.

10. Калимаи параллел чи маъно дорад?

А) пахлуи хам равона, В) чуфти хатхои рост С) ду хати рости хамдигарро набуранда.

Тафтиши тестхо.Чавобхои дурусти тестхо дода мешавад.Хонандагон худашон чавобхои худро тафтиш намуда бахогузори мекунанд.

Супоришхои эчоди.

  1. Дар синф предметхоеро муайян кунед ки байнихам параллеланд.

  2. Оё дар омузиши дигар фанхо шумо бо калимаи параллел вохурдаед? Онхо аз руи кадом хосиятхояшон ба хосияти хатхои рости параллел монанданд?

  3. Мохияти омузиши хатхои рости параллел

Арзёби

Имруз шумо чи омухтед?

Кадом савол барои шумо нофахмо монд?

Чиро дар атрофи ин мавзуъ боз мехостед донед?

Кадом лахзаи дарс ба шумо маъкул нашуд?

Супориши хонаги: Омухтани таъриф ва хосияти хатхои рости параллел.Тасвири хатхои рости параллел ва хатхои рости нопараллел бо ишораашон, Тасвири шакл ё чисми геометрие ки хар чи бештар хатхои рости параллелро дорост.