СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Инкишофи тафаккури муштарак

Категория: Прочее

Нажмите, чтобы узнать подробности

инкишофи тафаккури муштарак.

Просмотр содержимого документа
«Инкишофи тафаккури муштарак»

Инкишофи тафаккури муштарак (ассоциативное мышление)

Тафаккури муштарак ин махорати алокаманд намудани ду ходиса , ду мавхум, ду предмет аст.Инкишофи он барои дар хотир доштани ягон маълумот мухим аст. Имруз ки мо дар асри иттилооти зиндаги мекунем ва атрофи моро фактхо, ракамхо умуман маълумотхои зиёде ихота кардаанд бояд сохиби хотираи мустахкам бошем. Бинобар ин усулхои осонтари ба хотир гирифтанро ба кудакон омузонидан аз манфиат холи нест.

Барои машки инкишофи хотира чунин машкхоро пешниходи шумо, мегардонам:

1.Якчанд калимаро номбар кунед (китоб, себ, замин, миз, адад, барф,модар, хунук, мехр ва гайра) .

2.Ин калимахоро алокаманд кунед (китоб-миз-адад,замин-себ,модар-мехр,барф-хунук)

3. Акнун сабаби алокамандии ин калимахоро шарх дихед.

4.Боз ягон калимаи дигарро ном гиред,ки бо ин калимахо алокаманданд (китоб-миз-адад-харф, замин-себ-мева, модар-мехр-гарми, барф –хунук-сафед).

Хамин хел бози низ мавчуд аст (имаджинариум).Шумо калимаеро мегуед, харифатон калимаеро номбар мекунад ки якум ба фикраш меояд .Баъд чаро махсус хамин калима номбар шуд тахлил карда мешавад.

Машки дигар: Саволу чавоб.

Ба якдигар савол дихед.Шарт ин аст ки ба савол тез чавоб додан лозим аст.

Мисол: Савол: Соат барои чи лозим?

Чавоб: Вактро донистан.

Савол: Имруз чанд руз шуд?

Чавоб: Се руз.(савол ба миён меояд чаро се руз?)

Агар саволхо ва чавобхо хандаовар шаванд боз бехтар аст,яъне чанд дакикаи шумо ки бо максади варзиши акл равона шуда буд, боз ба лахзаи дамгири низ табдил меёбад.

Боз дигар намуди машки инкишофи акл.

Ду калимае ки бо якдигар тамоман алокаманди надоранд интихоб мекунем (мактаб-гурба) Супориш чунин аст:Занчири алокамандиро байни ин ду мафхум созед (мактаб-дарс-биология-зоология-ширхурахо-гурба).

Мумкин аст чунин машк барои инкишофи тафаккур истифода бурд:Предметеро интихоб менамоем (миз) Доир ба он 20 савол месозем (1.Миз хурд аст ё калон. 2.Миз барои чи лозим аст. 3.Ранги миз чигуна аст. 4. Шакли он чигуна аст. 5. Он чанд поя дорад…..ва гайра)

Ё ки ба саволе 10 чавоб мегуем ( савол: имруз хаво чи гуна аст? Чавоб: Хаво соф аст. Дар осмон абр дида намешавад. Офтоб дурахшон аст. Хаво гарм аст. Имруз абрнок нест. Харорати хаво гарм аст.Монанди дируза. Рузи гузашта низ чунин буд.Имруз хунук нест.Хунуки хис карда намешавад ва гайра.)

Акнун мегузарем ба максад : Чи гуна дар мактаб ин гуфтахоро татбик кард?

Татбики методи асотсиативи дар дарсхо ба инкишофи кобилияти эчоди,тафаккури мантики мутобикат карда,механизми ба хотиргириро такмил медихад ва фонди лугавиро бой мегардонад.

Азбаски асотсиатсияхои хар як шахс фарди аст, хонанда аз хато кардан хангоми баёни фикри худ наметарсад. Муаллимро низ зарур аст ки хонандаро побанди фикри худ накунад.

Ин тарз барои хосиятхоро омухтан дар дарсхои фанхои дакик ёрии амалии худро мерасонад.

Яъне калимаи аввалро омузгор номбар мекунад, илова аз тарафи хонанда кабул карда мешавад.

Мисол:

Адад-натурали-касри –ратсионали-ирратсионали….

Чоркунча-росткунча-квадрат-ромб-трапетсия….

Каср-одди –дахи-адади омехта-даври…..

Хосиятхо:

Росткунча-кунчхояш рост-тарафхои мукобил баробар-чор тараф-чор кунч-диагоналхо баробар

Функсия-у ва х- f(x)-бузурги-вобастаги-аргумент-график-хат-парабола….

Омузгор метавонад ягон мафхумро номбар кунад ва аз хонанда талаб кунад ки доир ба он дах савол созад, ё ба саволе дах хел чавоб дихад.

Мисол:

Муодила: Муодила чист? Муодила чанд хел мешавад? Омухтани халли муодила барои чи лозим аст? Номаълум дар муодила чи рол бози мекунад? Ёфтани номаълум дар муодила чи маъно дорад? Оё муодила хамеша хал дорад? Муодила чанд хал дошта метавонад?

Шумораи халхои муодила чи тавр муайян карда мешавад?Кадом вакт муодила хал надорад? Кадом вакт муодила халли бешумор дорад?

Мисоли дигар: Савол: Чи гуна хатхоро хатхои рости параллел мегуянд? Чавобхо: Ду хати росте ки хамдигарро намебуранд. Ду хати росте ки нуктаи умуми надоранд.Ду хати росте ки масофаи байни нуктахои онхо баробар аст.Агар нуктае мавчуд набошад,ки дар як вакт ба хар ду хати рост таалук дошта бошад.Агар ду хати рост дар як хамвори хобанд ва якдигарро набуранд. Агар нурхои дар ин ду хати рост хобида ибтидои умуми надошта бошанд.Хатхои буранда наметавонанд параллел бошанд. Ду хати рости нуктаи умумидошта наметавонанд бо хам параллел бошанд.Хатхои рости параллел хатхое мебошанд,ки аз як нукта намегузаранд.Агар нуктае мавчуд бошад ки ба ду хати рост таалук дорад, он гох ин хатхо наметавонанд параллел бошанд.

Барои аз худ намудани таъриф ё хосияте ду хонандаро назди тахта даъват намуда чунин бози ташкил намудан мумкин аст:

Хар як калимаи таърифро дар варакахои алохида менависем. Хонандаи якум калимаро аз варакхо бо тартиб менависад, хонандаи дуюм ба хар калима асотсиатсияи худро:

Таъриф асотсиатсия

Квадрати дучанди

гипотенуза секунча

ба ва

суммаи чамъи

квадрати дучанди

катетхо тарафхо

баробар айнан

аст мебошад

Бинед аз асотсиатсия мо чихел чумла хосил кардем: дучанди секунча ва чамъи дучанди тарафхо айнан мебошад. Чумлаи хосилшударо тахлил намуда ба он иловахо дохил намуда хосияти дигареро хосил намудан мумкин аст, ба инкишофи тафаккури эчоди сабаб мешавад.

Ин буд фикрхои ман доир ба инкишофи тафаккури муштарак.