МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ
« КОЛЛЕҶИ ТИББИИ Ш. КӮРҒОНТЕППА»
НОКИ ЗАМИНӢ
КАФЕДРАИ «ФАРМАТСЕВТӢ»
ТОПИНАМУБР
Топинамбур - ноки замин , решаи офтоби, ба организми одам таъсири фоидабахш расонида аз нигоҳи аввал қади дароз, ранги аxиб дорад, аммо растани дар ҳамма иқлим тобовар буда аз ҷиҳати изоноки аз зироатҳои полези ба монанди картошка, лаблабу, турб, шалғам ва ғайра садҳо маротиба афзалнок ба ҳисоб мераванд.
Баргҳо, гулҳо ва лундамеваи он давои бисёр бемориҳо ба ҳисоб рафта организмро ҷавон нигоҳ медорад ва ба организм бисёр моддаҳои лозимаро ворид намуда ба он қувват мебахшад.
Аз намуди зоҳири ба офтобпараст монанди дорад, аз ин лиҳоз онро офтобпарасти лундамевадор низ меноманд.
Қадаш аз 70см то 4 метр, қадаш рост, гулҳояш зарди ҷилодор, баргҳояш ба баргҳои офтобпараст монанд мебошанд.
Қисмати таги заминии он дорои лундамеваҳое, ки аз ҷиҳати андоза , шакл ва ранг гуногун буда ба картошка ҳамшабеҳи дорад. Растани асосан бо воситаи лундамева афзоиш меёбанд.
Растании топинамбур ба хунукию сарди тобовар мебошад, ҳар қадар , ки лундамева дур чида шавад ҳамон қадар таркиби он қиматнокиаш меафзояд.
ХОСИЯТҲОИ ТОПИНАМБУР ХОСИЯТҲОИ ШИФОБАХШӢ
Хосияти ба худ хоси топинамбур ҳамчун зироати полезӣ:
А) Ба нигоҳубини махсус муҳтоҷ нест, зеро дар ҳамма намуди хок мерӯяд.
Б) Ба он ягон намуди зарароварандагон таъсир намерасонанд.
В) Ҳам дар рӯшнои ва ҳам дар сояги нағз мерӯяд.
Г) Боқимондаҳои нитратҳоро не дар лундамева ва не дар навдаю баргҳо ҷамъ намекунад.
Д) Аз рӯи тамъ ба спаржа ва карами ранга монанди дошта аз рӯи ғизоноки ба картошка монанди дорад.
Хосиятҳои фоидабахши ва табобатии топинамбур.
Топинамбур ин як коктейли табии табобатиеро мемонад ,ки дар таркибаш қариб, ки ҳаммаи маводҳои ба организм лозимаро дорад. Онҳо дар таркибашон пектин, миқдори зиёди намакҳои минерали –калий,кремний, руҳ, оҳан ва ғайра доранд. Дар таркиби он сафедаҳо,аминакислотаҳо,витаминҳо ба монанди витаминҳои гурӯҳи В ва С, Инулин , ки организми инсонро бо фруктоза бой мекунад ва барои маризони бемории дулоби қад лозим аст дида мешаванд.
ТОПИНАМБУР БАРОИ ПЕШГИРИ ВА ТАБОБАТИ БЕМОРИҲОИ ДАР ПОЁН ЗИКРШУДА ИСТИФОДА МЕШАВАД
ДУЛОБИ ҚАНД
ДАРД ДАР СИСТЕМАИ ҲОЗИМА
ОРГАНИЗМИ ИНСОНРО АЗ ВИРУСҲО ЭМИН МЕДОРАД
ҲАР ГУНА ЗАРАРҲОРО АЗ ОРГАНИЗМ МЕБАРОРАД
МИҚДОРИ ГЕМОГЛОБИНРО ДАР ХУН БАЛАНД МЕНАМОЯД
ИНУЛИНИ ТАРКИБИ ТОПИНАМБУР
Инулине, ки дар таркиби топинамбур мавҷуд аст,барои беморони дулоби қанд маводи ивазнашаванда ба ҳисоб меравад. Ҳангоми доими истифодабарии топинамбур дар ғизо миқдори қанд дар хун паст мефарояд. Шахсоне, ки дар авлоди онҳо низ бемории қанд дида мешавад бояд бо тарзи доими ноки заминиро дар ғизо истифода баранд. Ҳангоми 2-3 лундамеваги 3 маротиба дар як рӯз истифодабарии он 10 дақиқа пеш аз хӯрок эфекти табобатии хуб нишон медиҳад. Барои пешгири ва табобати фишорбаланди ва дулоби қанд ба ғайр аз лундамева боз баргҳои ҷавони ноки заминӣ низ истифода мешаванд, барои ин баргҳои ҷавонро тоза чида баъдан онро ба хӯришҳои гуногуни сабзавоти бо илова намудани равғанҳои набототи истеъмол менамоянд.
ДИГАР ХОСИЯТХОҲИ ШИФОБАХШӢ
Ин лӯндамева системаҳои ҳозима, фаъолияти талхаронии ин системаро ба танзим медарорад. Дар табобати реши меъда , газаки меъда (гастрит),дуоденит,ва ҳамчунин дар табобати бемориҳои рӯдаи дувоздаҳангушта, панкреатит, энтерит, зардаxeш, қабзият ва шикамрави таъсири табобаткунандаги мерасонад.
Ноки заминӣ қодираст дилбеҳузури, қайовари ва талхии даҳонро бартараф намояд. Агар ҳангоми табобат дар якҷояги бо маводҳои доруворие, ки духтур таъин намудааст ноки замини низ таъин гардад дар ин ҳол ба табобат то як-ду ҳафта тезтар ноил мегарданд. Ба занҳои ҳомила низ таъин намудани ноки замини аз руи мақсад мебошад, зеро ки топинамбур дар таркибаш маводҳои бисёре дорад , ки ҳам ба модар ва ҳам ба тифли дар батн буда фоидаовар мебошад.
ТОПИНАМБУР