
Роххои дарёфт ва рушди дониши хонандагони боистеъдод аз фанни математика ва тайёр намудани онхо ба озмунхои фанни.
Назирова Фируза- омузгори фанни математика ва физика дар МТМУ № 1-и ба номи
И. П. Разин
САРСУХАН
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 қайд намудаанд, ки “... аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои азбар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд. Дар баробари ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ташкил намудани марказу маҳфилҳои техникҳои ҷавон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва инкишоф додани марказҳои дастгирии хонандагони болаёқат тадбирҳо андешанд”. Солҳои охир ба дарёфт ва рушди кудакони болаёкат хусусан дар самти илмхои дакик ахамияти махсус дода мешавад. Бо ин максад дар ҷумҳурӣ теъдоди литсей, гимназия мактабҳои Президентӣ, ки барномаи кор бо кӯдакони болаёқатро амалӣ менамоянд, зиёд ва иштироки хонандагони ин муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳои гуногун, олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ афзун гардидаанд. Ба ин, пеш аз ҳама, Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015, Стратегияи рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст, мусоидат мекунад. Барнома афзалият ва самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф дар самти дарёфт ва рушди истеъдодҳо муайян менамояд. Барномаи мазкур принсипҳои заминавии сохтор ва вазифаҳои асосии низоми дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон, инчунин, роҳҳои асосии амалишавии онро муайян менамояд. Зарурияти қабули барнома вобаста ба пешрафти ҷомеа ва ҷаҳони муосир ба миён омада, иқтисодиёти муосир ҳарчи зиёдтар ба мутахассисоне, ки дониши амиқ ва қобилияти навоварӣ доранд, эҳтиёҷманд аст. Аз ин сабаб яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат дар соҳаи маориф таъсиси низоми муассири таҳсилот, муҳайё намудани шароит барои таълиму тарбия, дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони боистеъдод мебошад. Сохаи маориф ки хама зинахои таълимиро дар бар мегирад , барои ба максад расидан вазифаи асосиро ба муассисахои тахсилоти миёнаи умуми супоридааст, чун ин муассисахо метавонанд хар як кудакро омузанд ва уро ба самти дуруст пешбари кунанд.
«ЛАЁКАТМАНД»-КИСТ
---------------------------------------------------------------------------------------------------
“Таҳлили мазмуни мафҳуми “лаёқатмандӣ” ҳамчун қобилияти ноилгардӣ ба дастовардҳи баланд” ҷанбаҳои таърихии омӯзиши мафҳуми лаёқатмандӣ баррасӣ шуда, таҳқиқоти ватанӣ ва хориҷӣ дар бораи масъалаи мазкур таҳлил гардида, мафҳуми лаёқатмандӣ шарҳ дода шудааст ва равишҳои муосири омӯзиши ин зуҳурот мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Қайд намудан бамаврид аст, ки дар хусуси мазмуни мафҳуми “лаёқатмандӣ” назарияҳои гуногуни олимону муҳаққиқони илмҳои равоншиносӣ ва педагогӣ баён гардидаанд. Равоншиноси маъруфи рус Д.В. Ушаков дар ин маврид мегӯяд, ки «Мо метавонем шахсеро боистеъдод ҳисоб намоем, ки маҳсулоти фарҳангии арзишманд, масалан, асарҳои санъат, назарияҳои илмӣ, сохторҳои муҳандисӣ, ҳаракатҳои идеологӣ ё ташкилотҳои одамонро офарида тавонад. Лаёқат ҳамчун истеъдоди потенсиалӣ фаҳмида мешавад, ки метавонад дар марҳилаҳои минбаъдаи ҳаёти инсон зоҳир шавад. Лаёқат бар хилофи истеъдод ба дастовардҳои маълуми ҷомеа таъсир намерасонад, он аз худи шахс ва атрофиёнаш метавонад пинҳон бошад. Барои муайян кардани он аксар вақт усулҳои илмӣ лозиманд». Мувофиқи маълумоти ӯ лаёқатмандии кӯдак танҳо қобилияти кӯдакро нишон медиҳад ва маънои онро надорад, ки ӯ ҳама чизро медонад. Ин бори дигар тасдиқ мекунад, ки новобаста ба он ки кӯдак то чӣ андоза лаёқатманд аст, бояд ба ӯ таълим дода шавад ва барои ёфтани роҳи худ мусоидат сурат гирад.
Гуфтаҳои равоншиносонро нисбат ба масъалаи мазкур таҳлил намуда, хулоса намудан мумкин аст, ки «фарзияи лаёқат» вуҷуд дорад, яъне ҳама одамон лаёқатманд мебошанд ва муҳимтар аз ҳама – ин истеъдод дар ҳаёт таҳия ва татбиқ мешавад. Одами боистеъдод дар як намуди муайяни фаъолият дастовардҳои ғайриоддӣ дорад, ки дар баъзе маҳсулотҳои воқеӣ, объективӣ нав, то андозае маводди моддӣ ё идеалии маъмул таҷассум меёбанд. Дар ин маврид саволҳои муҳим барои таҳқиқоти мо ба миён меояд: «чаро кӯдакон бо нишонаҳои возеҳи лаёқат ба калонсолони лаёқатманд табдил намеёбанд?», «чаро кӯдакони оддӣ калонсолони лаёқатманд мешаванд?». Мо чунин меҳисобем, ки сабаби ин дар нодуруст муайян кардани лаёқат дар кӯдакӣ ва хусусиятҳои лаёқатмандии кӯдакон дар муқоиса бо хусусиятҳои лаёқатмандии шахси калонсол мебошад. Ин ба мо имкон медиҳад, ки аҳамияти таҳқиқотҳои худро мустаҳкам намоем.
Омӯзгор-равоншиноси амрикоӣ Ҷ. Рензулли чунин мешуморад, ки лаёқат натиҷаи омезиши се хусусият мебошад: ақл, ки аз сатҳи миёна зиёд аст, эҷодкорӣ ва ангеза. Вай онро «модели даврии лаёқатмандӣ» меномад . Равоншиноси ҳолландӣ Ф. Мокс қисман бо модели лаёқатмандии Ҷ.Рензулли розӣ аст ва ба он омилҳои иҷтимоиро илова намуд, ки ба он: оила, мактаб ва ҳамсолон дохил мешаванд. Ба андешаи ӯ, шахс маҳсулоти иҷтимоӣ аст, аз ин рӯ, вай ба муносибатҳои хуб, пеш аз ҳама, бо оила, мактаб ва дӯстон ниёз дорад ва барои рушди истеъдодҳо ҷузъи шахсӣ низ лозим аст. Ӯ инро «модели бисёрҷанбаи лаёқат» номидааст. Мувофиқи гуфтаҳои Ф. Монкс, қобилиятҳои зеҳнии аз ҳисоби миёна баланди ақл, ин дараҷае мебошад, ки тавассути истифодаи тестҳо чен карда шуда, дар IQ тақрибан 130 ва ё он баландтар ифода шудааст, ҳарчанд муайян кардани сарҳади дақиқ имконнопазир аст. Эҷодиётро ӯ ҳамчун қобилияти дарёфт намудани қарори мумтоз ва шево муайян менамояд; ҳавасмандиро бо иродаи қавӣ, суботкорона ва хушнудона ҳал кардани мушкилот («ҷузъи эҳсосӣ» ҳавасмандӣ), қобилияти гузоштани мақсадҳо ва ноил шудан ба онҳо («ҷузъи маърифатӣ» ҳавасмандӣ) пайваст мекунад.
Модели сеқутбии лаёқатмандии Ҷ. Рензулли
1 - қобилияти зеҳнии аз миёна баландтар; 2 - завқ ба супориш;
3 - қобилиятҳои эҷодкорӣ.
Таҳлили пешниҳодшудаи адабиёти фалсафӣ, психологӣ ва педагогӣ оид ба мушкилотҳои лаёқатмандӣ ба хулосае омад, ки кӯдаки лаёқатманд дорои хосиятҳои хос мебошад, мутаносибан кор бо чунин кӯдак хусусиятҳои худро дорад ва истеъдоди худро танҳо дар ҷараёни фаъолияти маърифатӣ мушоҳида, зоҳир ва инкишоф додан мумкин аст.
Дар «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» ба сифати яке аз вазифаҳои асосии сиёсати таълимӣ дар Тоҷикистон вазифаи «ташкили низоми муайянсозӣ ва дастгирӣ намудани кӯдакони лаёқатманд ва ҷавонони боистеъдод» гузошта шудааст, ки масоили рушди лаёқатмандии хонандагони мактабро муҳим мегардонад.
Дар таҳқиқотҳои соҳаи равоншиносӣ лаёқатмандӣ ҳамчун таркиби психофизиологӣ, фарқияти равонӣ ва иҷтимоию равонии шахс баррасӣ мешавад. Ин як мафҳуми доманадоре мебошад, ки он тавсифи умумии соҳаи қобилиятҳо ба ҳисоб меравад. Дар адабиёти равоншиносӣ зери мафҳуми қобилиятҳо хусусиятҳои рӯҳии шахсро мефаҳманд, ки барои иҷрои ҳама гуна фаъолият муваффақ мебошад. Қобилиятҳо зуҳуроти фарқиятҳои инфиродӣ (фардӣ-равонӣ) мебошанд, ки хусусиятҳои падидаҳои рӯҳӣ (равандҳо, вазъият ва хосиятҳо) мебошанд, ки одамонро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Фарқиятҳои инфиродӣ, ки заминаи табиии онҳо хусусиятҳои низоми асаб ва майна баромад мекунанд, дар тӯли ҳаёт, дар фаъолият ва иртибот, дар зери таъсири тарбия ва таълим, дар раванди ҳамкории инсон бо муҳити зист эҷод ва ташаккул меёбанд.
Мушоҳидаҳои равоншиносон ва омӯзгорон ба мо имкон медиҳанд, ки хусусиятҳои маъмулии хоси кӯдакони лаёқатмандро тасвир намоем. “Лаёқатмандӣ асосан аз рӯи се параметри ба ҳам алоқаманд муайян карда мешавад: рушди нобаҳангоми маърифат, рушди равонӣ ва маълумоти ҷисмонӣ”.
Волидайне, ки лаёқатмандии фарзандони худро аввалин шуда пай мебаранд, хусусиятҳои зерини рафтори онҳоро тавсиф мекунанд: суханронии барвақтӣ; истифодаи калимаҳои мураккаб; азхудкунии барвақти ҳисоб ё хондан; кунҷковии беандоза; хотираи пурарзиш; дарк ва хаёлоти фаврӣ.
Аз консепсияҳои гуногуни лаёқатмандӣ, ки ҷузъҳои сохтории лаёқатмандии кӯдакӣ ва наврасиро баррасӣ месозанд, дар ин таҳқиқоти диссертатсионӣ мо ҷузъҳои марбут ба фаъолияти зеҳниро ҷудо месозем: инҳо алалхусус тафаккур, суръати бошитоби равандҳои тафаккур, низомнокии ақлонӣ, баландбардории имкониятҳои таҳлил ва хулосабарорӣ, ҳосилнокии баланди фаъолияти ақлонӣ, нақши пешсафи ҳавасмандкунӣ ва фаъолнокии таҳқиқоти эҷодӣ. Ин ҷузъҳои сохторӣ табиати лаёқатмандии синнусолиро тавсиф мекунанд.
Ҳамин тариқ, дилхоҳ ҳолати инфиродии лёқатмандии кӯдакона аз нигоҳи ҳамаи меъёрҳои дар боло зикршуда барои таснифи намудҳои лаёқатмандӣ арзёбӣ карда мешавад. Ҳамин тавр, лаёқатмандӣ як падидаи бисёрҷанба аст.
Таҳлили хусусиятҳои лаёқатмандӣ, ки аз ҷониби равоншиносони мактаб пешниҳод карда шудааст, ба мо имкон фароҳам оварданд, то ба хулосае оем, ки барои синну соли калони мактабӣ дар охири асри ХХ тамоюли ҷудо кардани лаёқатмандӣ дар соҳаи муайяни фанҳо вуҷуд дорад.
Дар педагогикаи муосир якчанд консепсияҳои бунёдӣ мавҷуданд, ки дар онҳо ба таври кофӣ барномаҳо ва усулҳои зиёд барои таълими кӯдакони лаёқатманд таҳия шудаанд. Аз нуқтаи назари педагогӣ дар барномаҳои таълимӣ ё тарбиявӣ барои кӯдакони лаёқатманд метавон мақсадҳои гуногунро пешниҳод намуд. Ин метавонад рушди зеҳн дар кӯдакони лаёқатманд, рушд ва такмили малакаҳои иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ, ё рушди мақсадноки қобилиятҳо ва майлҳо бошад.
Муҳаққиқ М. Лутфуллоев менависад, ки “мо хотираи талабаҳоро аз қонуну қоида, таърифот ва далелу рақамҳои шахшуда пур мекунему татбиқи амалии онҳоро намеандешем. Ҳол он ки каллаи талабаро на чун хум пур кардан, балки чун шамъ афрӯхтан, тафаккур ва эҳсосро барангехтан, онҳоро ба худомӯзӣ ва фаъолияти амалӣ бештар тайёр кардан лозим аст.” Ин фикрро У. Зубайдов тақвият дода, яке аз деворҳои бузургеро, ки дар пеши роҳи ташаккули қобилияти эҷодӣ ва лаёқатнокии кӯдакон меистад, дар тарси хато кардан мебинад. Бинобар ин ӯ менависад, ки ба калонсолон, педагогон, падарону модарон зарур аст, ки дар ҳолати рӯй додани нокомиҳои кӯдакон на танҳо бомулоҳиза бошанд, инчунин баъзе эҳсосоти номатлуби худро низ зоҳир насозанд. Бо кӯдак оид ба баъзе ҳолатҳои мазмуннокии фаъолияташ бояд бомулоҳиза андеша ронанд. Шахси лаёқатманд мустақил аст. Гарчанде, ки ҳар як экосистема бо сабаби гуногунрангии худ рушд мекунад, маҳз шахсиятҳои барҷаста, рушди ин равандро муайян намуда, фишорҳои шадидро эҳсос карда, аз таҷрибаи худ ҳимоят мекунанд. Омӯзгор аввалин муттахассис мегардад, ки толибилми лаёқатманд бо он рӯ ба рӯ мегардад ва фаъолияти ӯ ҳар рӯз аз ҷониби хонандагон мавриди мушоҳида қарор мегирад. Дар фаъолияти муштарак бо омӯзгор ҷаҳонбинии хонандагон оид ба маҳорат ва усулҳои рушди он ташаккул меёбанд. Рушди босуръати илму фанноварӣ ва ҷараёни ҷаҳонишавӣ моро водор месозад, ки ҳамқадами замона бошем, ба равандҳои ҷаҳон аз мавқеи тафаккури навини миллӣ назар афканем. Бо ҷаҳони муосир ҳамсадову ҳамнаво гардем. Аз ин рӯ, масъалаи таълиму тарбияи насли ҷавони лаёқатманд аз ҳадафҳои асосии кормандони соҳаи маориф маҳсуб меёбад.
ТЕХНОЛОГИЯИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ЛАЁКАТМАНДИ
Технологияи тадричан инкишофи кобилияти хонандаи болаёкат тавассути ворид намудани он ба фаъолияти касбии эчоди, мувофик ба навъи лаёкат ба рох монда мешавад.
Шартхои педагогии татбики ин технология чунинанд:
- хайрхохи ва кабули ичтимоии иштироки кудак дар фаъолияти эчоди;
- мувофиксозии хусусияти эчодии фаъолияти пешниходшуда бо суръати рушди истеъдоди кудак;
- иштироки ихтиёри (розигии хонанда, омузгор, падару модар) ва имконияти ихтиёран баромадан аз барнома дар вакти дилхох;
- тачхизоти техникии пойгохи касби ё шароити то хадди имкон наздик;
- иштирок дар барномаи мутахассисон - мутахассисони баландихтисоси сохахои дахлдор;
- назорати доимии дастовардхои кудак;
- хавасмандкунии ичтимоии кудак ва омузгори у, машварати коллективи дар кабули карорхо. Тадбики ин технологияхо ахамияти ичтимои ва чамъиятиро доро буда, чихати рушди фаъолияти зехниву эчодии хонанда замина мухим мегузорад.
Эхтиёчоти тадкикотии хонандаи лаёкатманд аксар вакт хангоми инъикоси фаъолияти тадкикотиаш дар асоси донишхо ташаккул дода мешавад. Кобилияти мунтазам зохир намудани истеъдод аз имкониятхои шахси, шароитхои педагогию психологии раванди тахсил, фаъолияти тахкикотию эчодии омузгор ва дастгирии волидон вобаста мебошад.
Тачрибаи фаъолияти эчоди дар ин масъала худ як хадаф нест. Ин як имконияти хубест барои конеъ кардани хусусиятхои психологии хонандагони болаёкат, ки аксар вакт боиси рад дар мухити мукаррари мегарданд. Мухим аст, ки кудак бевосита дар мухити хаёти вокеи гардиш намояд, дар он чое, ки эчодкорй бо хаёти хамаруза робита пайдо мекунад. У бартараф намудани душворихои вокеиро меомузад ва аз имкониятхои худ огох мегардад, лоихаи онро тартиб медихад. Хамин тавр, ангезаи асосии эчодиёти кудаки боистеъдод ташаккул дода мешавад. Яъне дар у хохиши муаррифии неруи дохилии худ ба атрофиён, зохир намудани кобилиятхо, мохияти худро дарк намудан, яъне хохиши худшиносй ва худтакмилдихи дар эчодиёт ташаккул меёбад.
Дониш, махорат ва малакахо бо тачрибаи фаъолияти мустакилона якчоя мешаванд, яъне фаъолияти эчодй (тахкикотй) ва хисси масъулиятнокй дар як радиф ташаккул меёбад, ки ин барои пайдо намудани нуктаи назари худ, мавкеи худ байни одамон ва доро будан ба услуби хоси тахсилу фаъолият мусоидат менамояд.
Бачаи болаёкат бо шавку завки зиёд худро мутобик ба манфиатхои чомеа конеъ мегардонад, ки ин уро ба худтакмилдихй хидоят менамояд. Дар даврахои гуногуни инкишофи кудаки лаёкатманд, вай метавонад дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумй ва дар мактабхои махсус тахсил намояд, инчунин мувофики кобилияту истеъдоднокиаш ба муассисахои тахсилоти иловагй чалб гардад.
Хамин тавр, бачагони болаёкат аз чихати хусусиятхои равонии шахсии худ, ба таври сифатй аз хамсолон фар; мекунанд ва аз чихати кобилиятхояшон ба якдигар монанд нестанд. Фаъолияти асосии хонандаи болаёкат - фаъолияти зехниву эчодй мебошад. Аз ин лихоз, унсури пешбарандаи мундаричаи таълим тачрибаи фаъолияти эчоди мебошад. Бехдошти мархилахои тачрибаи фаъолияти эчодии хонандаи лаёкатманд ба худтакмилдихи ва рушди он мусоидат менамояд.
Муносибати оромона ва созгорона нисбат ба истеъдод, чихати вусъатёбии инкишофи мувозинатии зехни ва ичтимои шароит фарохам меорад.
ТАХСИЛОТИ ИЛОВАГИ-ОМИЛИ РУШДИ ИСТЕЪДОДХО
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таҳсилоти иловагиро барои хонандагон махсус қайд намуда, ҳангоми суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30 августи соли 2017 аз ҷумла зикр намуданд, ки: “Ба таҳсилоти иловагӣ ҳамчун қисми таркибии раванди донишомӯзӣ ва интихоби касб эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро ҳадафи он, пеш аз ҳама, рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон ва наврасону ҷавонон мебошад. Мо бояд натанҳо аз марказҳои таҳсилоти иловагӣ самаранок истифода намоем, балки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфилҳои гуногуни эҷодиёти техникиву бадеӣ, санъати амаливу ороишӣ, варзишӣ, шоҳмотбозӣ, сайёҳиву кишваршиносӣ, биологиву экологӣ, гуманитарӣ ва монанди инҳоро ба роҳ монем”.
Ҳадаф аз ташкили корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ фароҳам овардани шароит барои ташаккули донишандӯзӣ, касбомӯзӣ ва забономӯзии таълимгирандагон дар муҳити мусоиди педагогӣ мебошад. Таҳсилоти иловагӣ дар фарҳанги мо аз замонҳои хеле пеш маълум буд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ-адабӣ мисолҳои зиёде овардан мумкин аст, ки ниёгони мо дар тарбия ва инкишофи кӯдак ба ғайр аз тадрис дар мадрасаҳо, инчунин барои фарзандони худ устодони дигари шахсиро ҷиҳати ташаккули малакаҳои шиновариву тирандозӣ, асптозиву чавгонбозӣ ва амсоли он ҷалб намуда, дарсҳои иловагӣ ташкил менамуданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти иловагӣ ҷузъи таркибии низоми таҳсилот буда, мақсади он инкишофи қобилияти зеҳнию эҷодӣ ва истеъдоди таълимгирандагон, қонеъ гардонидани рағбат, эҳтиёҷоти маънавӣ ва талаботи онҳо ба интихоб ва гирифтани касб ҳангоми фориғ будан аз таълим дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Яке аз ҳадафҳои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020 ин таъсиси марказҳои рушди истеъдодҳо буда, бо таъсис ёфтани марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ташкил гардида, марказҳои мазкур барои дарёфти хонандагони лаёқатманд ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, алалхусус, дар мактабҳои президентӣ, гимназияву литсейҳо барои хонандагони болаёқат, ки дарёфт ва рушди онҳоро таъмин менамоянд. Аз ҷумла, ташкил намудани дарсҳои иловагию корҳои лабораторӣ ҷиҳати боло рафтани сатҳи дониши хонандагон барои вусъати ҳаракати олимпӣ, дарёфт ва шинохти истеъдодҳо ва ба ин васила, дар оянда муайян намудани захираҳои зеҳнӣ мусоидат менамояд. Ҳамин тавр, дар ҷумҳурӣ 72 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо 650 маҳфили фаннӣ ташкил шуда, дар онҳо 9610 нафар хонандагони болаёқат ба таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта шудаанд.
Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҳамчун муассисаи таҳсилоти иловагӣ соли 2007 таъсис ёфта, дар вилоятҳо ва 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои таълимиву илмии махсусгардонидашуда ва марказҳои эҷодиёти техникӣ барои хонандагони лаёқатманд таъсис дода, дар онҳо шароити муосири таълиму тарбия муҳайё карда шудааст, ки самти асосии кори онҳо ба таҳсилоти иловаги фаро гирифтани хонандагони болаёқат ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои фаннӣ мебошад.
ОЛИМПИАДА
Ба андешаи мо, олимпиадаҳоро аз ду ҷиҳат баррасӣ бояд кард. Дар Низомномаи олимпиадаҳои фаннӣ, ки бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2018, таҳти №17/2 тасдиқ шудааст, олимпиадаҳои фаннӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати таълим ва дарёфту рушди қобилияти хонандагоне мебошад, ки инкишофи зеҳнии онҳо ба самти фаъолияти илмӣ-таҳқиқот нигаронида шудааст, муайян шудаанд. Дар баробари ин, олимпиадаи фаннӣ мусобиқаест, ки ба хонанда ва омӯзгор имкон медиҳад, то тавоноӣ ва нерӯи худро вобаста ба омӯзиши амиқи ягон фанни таълимӣ ба таври ғайримустақим санҷанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низомномаҳои дахлдор намудҳои зерини олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони болаёқат гузаронида мешавад:
1. Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
2. Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
3. Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
4. Олимпиадаи даставии хонандагони мактабҳои президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат;
5. Олимпиадаи фаннӣ барои наврасон.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими ҳаракати олимпӣ, фаъол гардонидани намудҳои нави олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва таъмини иштироки хонандагони кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ мунтазам тадбирҳои судманд андешида, барои ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мақсад аз баргузор намудани олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дарёфти хонандагони болаёқат барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалию ҷаҳонӣ буда, бедор намудани шавқу завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои мураккаби фанҳои дақиқ, баёни озодонаи фикр, аз худ намудани илми интихобгардида мебошад.
Тайи чанд соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати олимпӣ дар кишвари мо вусъати тоза пайдо кардааст. Барои мардуми Тоҷикистон ифтихор аст, ки имрӯз фарзандони онҳо дар дилхоҳ озмуну олимпиадаҳои рақобатпазири байналмилалӣ байни чандин кишварҳои дунё ширкат кардаву Парчами давлати худро баланд мебардоранд. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори шоҳҷоиза (Гран-при), медали тилло, нуқра ва биринҷӣ мегарданд. Боиси сарфарозист, ки хонандагони болаёқати тоҷик бо дониши ҷавобгӯй ба талаботи илми муосир тавонистанд Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ намуда, шараф ва парчами Ватани азизи худро на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар миқёси давлатҳои пешқадами ҷаҳон баланд бардоранд.
Максаду мароми баргузории олимпиада аслан дарки маводи барномави, бедор намудану ташаккул додани хисси эчодкори, чори намудани фаъолиятхои навоварона дар вакти омузишу азхудкуни, таквияти мустакилона кор карда тавонистани хонандагон мебошад. Пушида нест, ки вактхои охир омузгорони аслан дар дарс хонандагони сатхи дониши миёнадоштаро ба инобат гирифта, дарсро матрах, менамоянд. Хеле кам дучор омадан мумкин аст, ки муаллим дар дарс тафрикаро (дифферен-сатсияро) дар муносибат бо хонандагони донишашон кави, риоя кунад. Ва агар чунин амал сурат гирад хам он барои кушодани тамоилхои имконпазири хонанда равона намешавад.
Олимпиадахо барои инкишофи махорати хонандагон кумак мекунад. Аксари хонандагон дар дарсхо бахои 3 мегиранд, каму беш 4 ва ё 2. Ба озмун омада махорати худро месанчанд. Охир ин шавковар аст ва яку якбора мо шохиди он мешавем, ки онхо супоришхои «барои заковат», машкхои «маргуб» ро бо сарбаландй хал мекунанд. Бовари хаст, ки пас аз олимпиада хонандагони нисбатан сустхон ба омузиши математика чиддй машгул мешаванд. Бинобар ин барои бо муваффакият баргузор шудани олимпиада талаботи зеринро риоя намудан зарур аст:
1. Ба таври системави доир намудани машгулиятхои беруназсинфи оид ба фанни математика;
2. Тайёрии хамачониба кабл аз огози олимпиада;
3. Ба таври хуб ташкил ва гузаронидани олимпиада;
4. Мухтавои маргуби математикй доштани мусобикот.
Олимпиадахо имкон медиханд, ки хонандагони бомахорати ба фанни математика таваччухи махсус-доштаро муайян намоем
Интихоби дурусти хонандагони болаёқат дар Олимпиадаҳо
Барои интихоб ва омода намудани хонанда ба олимпиадахо пеш аз хама зарур аст, ки худи омузгор омода бошад. Вай бояд дониш зиёд, махорати баён намудани фикри худ,махорати дуруст итихоб кардан, маҳорати педагогӣ барои тайёр кардани хонандагон дар олимпиадаҳо дошта бошад
Барои интихоби хонандагони болаёқат омӯзгор бояд ба хатогӣ роҳ надиҳад. Бо онҳо суҳбат гузаронида, завқу шавқи хонандагонро нисбат ба ин фан муайян намояд. Хонандаи ба Олимпида интихобшуда бояд одобу ахлоқи хуб, ростгў, меҳнатдўст ва маҳорати хуби масъалахалкуни ва фикронии инкишофёфтаи мантики бошад. Инчунин фанни математикаро дӯст дорад.
Интихоби дурусти хонандаи болаёқат ,ошкор намудани кӯдакони боистеъдод, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва зехни мантикии хонанда , фароҳам овардани шароити зарурӣ барои дастгирии хонандагони лаёқатманд, паҳн намудани донишҳои илмии хонандагони лаёқатманд ин аст омилхои асоси ки ба максад мувофик аст.
Омилҳое, ки донистани хонандагон ҳатмист: Барои ҳалли мисолу масъалаҳои математикӣ шавқу рағбати зиёд пайдо кардан. Нағз азхудкунии формулахову конуниятхо. Тайёрии индивидуалии ҳаррўза дар халли масъалахои душвору мантики; Ҳалли масъалаҳо доир ба ҳама мавзўъҳо; Ҳалли масъалаҳо аз Олимпиадаи байналхалқӣ; Сари вақт бо омўзгор ёфтани роҳҳои беҳтарини ҳалли масъала.
Интихоби дурусти омузгор , робитаи мустахками байни омузгору шогирд, дарки дурусти вазифаи худ хам аз тарафи омузгор ва хам аз тарафи шогирд омили асосии мувафакият аст.
ХОТИМА
Дар хотима кайд менамоем, ки огози кадамхои нахустини хонандаи болаёкат зери назорати омузгор аст. Омузгор уро илхом мебахшад, рохбалади мекунад, ба суи куллахои илму дониш равона месозад. Бинобар ин омузгорро зарур аст, ки пеш аз хама худ рушд намояд, худомузи кунад, технологияи на Роҳҳои омода намудани хонандагони болаёқат дар Олимпиадаҳовини таълимро омузад, бо замона хамкадам бошад. Аз навгонихои илми бохабар бошад, мунтазам адабиётхои илми ва бадеи мутолиа намояд , то тафаккури худро инкишоф дихад.