ЧОРЯКИ 4
1. Ҷопон аз руйи истеҳсоли чӣ дар ҷаҳон дар ҷойи аввал меистад?
А) Кишоварзӣ Б) Киштисози В) Автомобил Г) Чорводорӣ
2. Интегратсия дар соли чанд оғоз ёфт?
А) Соли 1957 Б) Соли 1675 В) Соли 1958 Г) Соли 1998
3. Дар давраи ҳозира дар инқилоби илму техника чанд хусусияти асосиро ҷудо кардаанд?
А) 1 то Б) 2 то В) 3 то Г) 4 то
4. Таъсири ИИТ-ро ба таркиби қаламравии хоҷагӣ чанд омил аст?
А) 7 омил Б) 8 омил В) 9 омил Г) 10 омил
5. Саноат соҳаи асосии истеҳсолоти моддӣ буда дар он беш аз чанд нафар шуғл доштанд?
А) 500 млн Б) 400 млн В) 300 млн Г) 600 млн
6. Истеҳсоли истеъмоли ҷаҳонии захираҳои аввалини энергетикӣ аз 1 млрд тонна сӯзишвории шартӣ (СШ) – и соли 1900 дар солҳои 1990 то ба чанд млрд тонна расидааст?
А) 12 – 14 млрд тонна Б) 1 – 2 млрд тонна
В) 10 - 11 млрд тонна Г) 4 млрд тонна
7. Нафтро чанд мамлакати ҷаҳон истихроҷ мекунад.
А) 200 мамлакат Б) 300 мамлакат В) 100 мамлакат Г) 400 мамлакат
8. Чанд дарсади газро худи мамлакатҳои истироҷкунанда истеъмол мекунанд.
А)80% Б)85% В)90% Г)50%
9. Дар байни давлатҳои рӯ ба инкишоф кадом давлат зиёдтар ангишт истихроҷ мекунанд?
А)Ҳиндустон Б)Қазоқистон В)Руссия Г)Америка
10. Истгоҳҳои барқии атомӣ дар чанд мамлакати дунё амал мекунанд?
А)32 Б)33 В)30 Г)31
11. Аз мамлакатҳои тараққикарда дар саноати сабук кадом давлатҳо пешсаф мебошанд?
А)Руссия ва Туркия Б)ИМА ва Ҷопон
В)Узбекистон ва Туркманистон Г)Руссия ва ИМА
12. Истеҳсоли солонаи нахи пахта 25 млн тонна буда аз ҷиҳати ҳосилғундорӣ дар ҷойи якум куҷо меистад?
А)Осиё Б)Аврупо В)Австралия Г)Африка
13. Дар нақлёти ҷаҳонӣ беш аз чанд млн нафар одамон шуғл доранд?
А)50 Б)75 В)100 Г)110
14. Аз рӯйи ҳисоботҳои олимон дар дунё чанд ҳазор ҷанг шуда гузаштааст?
А)10 Б)15 В)20 Г)25
15. Ҳоло дар сайёраи мо чӣ қадар одамон аз гуруснагиву нимсерӣ азият мекашанд?
А) 100 млн Б)950 млн В)1 млрд Г)1,5 млрд
16.Солҳои охир ҳаҷми боркашонии баҳрӣ ниҳоят зиёд гардида, борғунҷонии киштиҳо то ба чанд ҳазор тонна расид?
А)100 – 200 Б)200 – 400 В)250 – 300 Г)200 – 500
17. Аз сарватҳои рекреатсионӣ кадом давлатҳо бой мебошанд?
А)Испания, Фаронса, Юнон, Швейтсария
Б)Швейтсария, Руссия, ИМА, Португалия
В)Фаронса, Миср, Арабистон, Норвегия
Г)Миср, Оман, Испания, Руссия
18. Шумораи умумии аҳолии мамлакатҳои Аврупо қариб чанд млн нафарро ташкил медиҳад?
А)230 млн Б)350 млн В)500 млн Г)550 млн
19.Дар Олмон чанд млн автомобил дида мешавад?
А)46 млн Б)26 млн В)40 млн Г)42 млн
20. Шумораи умумии Аврупои Ғарбӣ аз чанд млн нафар зиёд буда, афзоиши он суст аст?
А)390 млн Б)400 млн В)250 млн Г)200 млн
21. Ҳоло дар Аврупои Ғарбӣ шумораи коргарони хориҷӣ аз чанд нафар зиёд аст, ки онҳо ҳуқуқи шаҳрвандӣ надоранд?
А)10 млн Б)15 млн В)20 млн Г)25 млн
22. Дар Аврупои Ғарбӣ бо ҳисоби миёна дар 1 километри мураббаъ чанд нафар рост меояд?
А)1100 Б)1200 В)1000 Г)800
23. Солҳои чандуми асри ХХ, баъди афзоиши хеле зиёди шаҳрҳои калон дар Аврупои Ғарбӣ ҳам зерурбанизатсия оғоз ёфт?
А)70 – 80 Б)80 – 90 В)90 – 100 Г)100 – 110
24. Дарёи ифлостарини дунё кадом дарё аст?
А) Сир Б)Волга В)Нил Г)Рейн
25. Дар соҳилҳои дарёи Рейн чанд млн нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд?
А)20 млн Б)25 млн В)30 млн Г)35 млн