Геометрия. Дарс дар синфи 7
Мавзуъ:Геометрия.
Максади дарс:Омухтани мафхуми геометрия. Додани маълумот доир ба таърихи пайдоиши он.
Ба хонандагон фахмонидани кисмхои геометрияи мактаби ва мундаричаи омузиши ин кисмхо.
Инчунин ба тарзи фахмо додани донишхои иловаги дар бораи геометрия бо максади баланд бардоштани чахонбини ва шавку хаваси хонандагон , водор намудани хонандагон ба худомузи ва чустучу.
Шакли дарс: Дарс сухбат.
Сухани ибтидоии омузгор: хонандагони азиз имруз мо омузиши геометрияро огоз мекунем. Он дарси математика ки то имруз мо меомухтем имруз ба ду кисм: алгебра ва геометрия чудо мешавад. Яке аз онхо геометрия- кисми мухими математика аст ки имкон медихад конуниятхо ба таври аёни мушохида шаванд .Дар дарси геометрия мо хосиятхо ва шаклхои геометриро меомузем, андозахои онхоро чен мекунем, сохтанхои геометриро ичро мекунем ва масохатхо ва хачмро хисоб мекунем.
Омузиши геометрия мантики фикррони , фикри худро асоснок баён намудан, хосиятхоро вобаста намудан, дониши назариявиро дар амал татбик карданро меомузонад.
Шумо алакай баъзе шаклхои геометриро медонед онхоро баён кунед:
Хонандагон:Секунча, росткунча, куб, пирамида.
Омузгор : Фаркиятро байни секунчаю росткунча ва кубу пирамида муайян кунед.
Хонандагон:Секунчаю росткунча дар хамвори чойгиранд . Кубу пирамида бошад бошад фазоро ишгол мекунанд.
Омузгор : Шаклхои геометри метавонанд дар хамвори хобанд ва метавонанд дар фазо чойгир бошанд , бинобар ин геометрияи мактаби ба ду кисм чудо мешавад: планиметрия (кисми геометрия ки шаклхои хамвориро меомузад) стреометрия (кисми геометрия ки шаклхои фазогиро меомузад)
Геометрия яке аз илмхои кадимтарин буда аз калимахои гео---замин ва метрия---ченкуни, яъне маънои заминченкуниро дорад. Ватани геометрия Юнони кадим буда асосгузори он Евклид аст, ки аввалин китоб ки аксиомахои геометриро дар бар мегирад «Ибтидо»-ро навиштааст . Асархои дигари у: «Додашудахо», «Ходисахо», «Оптика», « Буришхои каноники» маъмуланд.Худи Евклид соли 325 то милод тавлид шудааст ва шогирди Платон буд ки дар Александрия мактаби нотиконро таъсис дода буд(Платон) Дар пештоки ин мактаб навишта шуда буд «Касе аз илми геометрия хабар надорад ба ин дар надарояд»
Геометрия хамеша моро ихота мекунад .Хам илм хам санъат умуман хама сохахо ба геометрия эхтиёч доранд.Хозир ман якчанд калимахоро номбар мекунам шумо умумияти ин предметхоро бо геометрия ёбед:
Омузгор: 1телевизор, телефони мобили, миз, тиреза,
Хонандагон: росткунча
Омузгор: 2) пирамидаи Хеопс, делтоплан,ситораи панчгуша чазирахои Бермуда.
Хонандагон: секунча.
Омузгор: 3)Офтоб, туб, глобус , Замин
Хонандагон: кура
Омузгор:4)Аквариум, кутти,хона, чевон
Хонандагон:параллелепипед.
Омузгор:5)чуби дарахт, изи мор, ришта,тори муй
Хонандагон: хати кач.
Омузгор: бале мебинам бо геометрия дусти доред,акнун якчанд тестхоро доир ба маводи омухта пешкаши шумо мекунам ва мебинем ки оё дониши имрузаи шумо басандааст ё не?
1)Геометрия.
А)Илм дар бораи шаклхои геометри.
Б)Илм дар бораи шаклхо ва хосиятхои онхо.
С)Илм дар бораи чен кардани андозахои шаклхои геометри.
2)Маънои калимаи геометрия.
А)Заминченкуни
Б)шаклченкуни
С)Илм дар бораи шаклхо
3)Геометрияе ки дар мактаб омухта мешавад.
А)Геометрияи Евклиди
Б)Геометрияи Лобачевский
С)Геометрияи Хайём
4)Аввалин китоби геометрия
А)геометрия
Б)Евклид
С)Ибтидо
5)Шаклхое ки онхоро геометрия меомузад
А)Хама гуна шаклхо дар фазо ва хамвори
Б)Танхо шаклхои маъмул:секунча, росткунча….
С)Шаклхое ки хосиятхои онхо дар амал омухта мешавад.
6)Кисмхои геометрияи мактаби
А)планиметрия ва стреометрия
Б)секунчахо , чоркунчахо ва даврашаклхо
С)геометрияи Лобачевский ва геометрияи Евклид.
7)Он кисми геометрия ки шаклхои дар хамвори хобидаро меомузад
А)Планиметрия
Б)геометрияи Евклид
С)Стреометрия
8)Он кисми геометрия ки шаклхои фазогиро меомузад
А)планиметрия
Б)геометрияи Лобачевский
С) Стреометрия
9)Планиметрия чист?
А) Он кисми геометрия ки шаклхои дар хамвори хобидаро меомузад
Б) Он кисми геометрия ки шаклхои фазогиро меомузад
С) Ин кисм танхо хосиятхои секунча чоркунча ва давраро меомузад
10)Стреометрия чист?
А) Он кисми геометрия ки шаклхо дар хамвори хобидаро меомузад.
Б) Он кисми геометрия ки шаклхои фазогиро меомузад
С) Ин кисм хосиятхои куб параллелепипед ва курраро мемузад
Омузгор : Саволхои охир дар бораи кисмхои геометрия буд.Таъкид карда шудки дар мактаб геометрия ба чунин кисмхо чудо карда шуда омухта мешавад.Яъне он хамчун илм кисми бештаре дорад:
1.Геометрияи бисёрченака
2.Геометрияи гайриевклиди
3. Геометрияи сферики
4.Геометрияи Риман
5,Геометрияи бисёршакла
6.Геометрияи Лобачевский
7.Топология
8.Геометрияи аналитики
9.Геометрияи алгебрави
10. Геометрияи дифференсиали.
Геометрияе ки мо дар мактаб меомузем геометрияи Евклиди аст. Дар аввал он танхо аз хосиятхое ки бе исбот кабул карда мешаванд иборат буд.Баъдтар аввалин шуда Фалес нишон дод ки баъзе конуниятхоро бо мухокимарони кабул кардан лозим аст.Геометрия ин санъат аст Танхо геометрия метавонад дуруст мухокима ронда бо воситаи он хак будани исбот карданро омузонад.
Дар охир бози ташкил мекунем Агар шумо муаммохое дошта бошед ки ба геометрия вобаста аст пешнход кунед.
Хате ки аввалу охир надорад
Аз 6 гугирдчуб чор квадрат созед
Аз се гугирдчуб чор секунча созед
Аз се секунча чоркунча созед
Аз ду секунча квадрат созед (секунчахо бояд чих ел бошанд)
Супориши хонаги .Эълони бахо.