Мавзуъ: Таксими касрхои одди
Максад ва вазифахои дарс:
Такрори хосиятхо ва амалхо бо касрхои одди.
Омузиши тарзи таксими касрхои одди.
Такмили махорат ва малака дар амалхо бо касрхои одди.
Такмили фикрронии мантики.
Салохиятхо: Хонандагон дар бораи хосиятхои касрхо маълумот доранд. Онхо касрхои оддиро чамъ, тарх ва зарб карда метавонанд.
Адади ба адади додашуда баръаксро ёфта метавонанд.
РАВИШИ ДАРС:
Ташкили дарс:
Тафтиш ва чобачогузориии маводи дарси.
Тафтиши тайёрии хонандагон ба дарс.
Пурсиши мафхумхои асоси,ки ба мавзуи нав вобастаанд : (ба тарзи умуми)
1.Касри одди чист?
2. Тарзи касри нодурустро ба адади омехта овардан ва баръакс. ( бо мисолхо)
3. Хосияти асосии касрхои одди.
4. Ихтисори касрхо.
5. Чамъ ва тархи касрхои оддии махрачашон гуногун.(бо мисолхо)
6. Зарби касрхои одди.
7. Ададхои баръакс.
8.Тарзи ёфтани адади ба адади додашуда баръакс.
9. Халли муодилаи 4/5х=4
10. Мохияти донистани хосиятхо ва амалхо бо касрхои одди.
Омузиши мавзуъи нав:
Омузгор: Кушиш мекунем ки муодилаи зеринро хал кунем.
5/6х=2/3
(хонандагон фикри худро пешниход мекунанд)
Х=2/3*6/5
Х=12/15
Х=4/5
Санчиш:
5/6*4/5=20/30=2/3
Омузгор: Шакли муодилае ки хал кардем нишон дихед:
Хонандагон: Ах=В
Х=В:А
Омузгор: Яъне амале ки мо ичро кардем (барои халли муодилаи боло ) амали таксим аст. Мо касрхои оддиро таксим кардем.Пас хулосаи шумо дар бораи таксими касрхои одди:
Хонандагон: Барои таксими касри одди таксимкунандаро ба адади баръаксаш иваз карда онро ба касри додашуда зарб намудан лозим аст.
Омузгор: Бале , барои таксими касрхои одди касри авваларо бетагир гузошта касри дуюмро ба адади баръаксаш иваз карда амали зарбро ичро мекунем.
Акнун якчанд мисолхоро дида мебароем:
5/9:6/13
5:6/7
7/10:6
6
:8
8:5
5
:
:7
:1
Мустахкамкунии мавзуи нав:
Омузгор мувофики микдори хонандагон варакчахоро бо мисолхои ба мисолхои боло монандро руи миз мегузорад.Хонандагонро ба се гурух (се катор ) таксим карда чунин супориш медихад : аз хар як гурух як нафари дар тахтаи синф мисолеро гирифта хал мекунанд , баъд навбатро ба хамгурухи худ медиханд.Вакте ки хама хонандагон ин амалро ичро карданд,омузгор фаъолияти хонандагонро каме тахлил карда ба кисми дигари дарс мегузарад.
Бозихои математики:
Хонандагони синфро чор нафари ба гуруххо таксим намуда чунин бози пешниход карда мешаванд.Барои сарфаи вакт тарзи ичрои бозихо дар маводхо навишта шудаанд.
№1
Дар конверт дар варакчахо як микдор ададхо (сода ва таркиби) навишта шудааст.Супориш:Ададхоро аз руи хосияташон ба ду гурух чудо кунед.Агар шумо хосиятро дуруст муайян кунед, он гох микдори ададхои хар ду гурух баробари мешаванд.
№2
Дар варак расми дарахт тасвир шудааст. Мевахо дар шакли доирачахо кашида шудаанд.Дар доирачахо касрхои одди навишта шудаанд. Мевахои пухтаро чамъ кунед.Касрхо ихтисоршаванда ва ихтисорнашавандаанд.Касрхои ихтисорнашаванда мевахои пухта хисобида мешаванд.
№3
«Харгушакхоро чудо кунед»
Якчанд харгушакхоеро ки дар пушташон касрхо навишта шудаанд тайёр намуда ба конверт меандозем. Хонандагон онхоро ба гуруххо бояд чудо кунанд.Албатта бояд корашон мантики бошад. Зеро дар пушти харгушакхо чунин касрхо навишта шудаанд: ¾; ½; 0,75; 0,5; 4/3; 2 ; 9/8; 4/8 . онгох чунин гуруххо пайдо мешаванд.
¾; 0,75; 4/3; 9/8. 2) ½;0,5; 4/3; 4/8.
№4
Мозаика
Дар вараки сахт (картон) мисолеро бо халлаш навишта , сипас онро ба шаклхои хархела бурида супориш медихем ки навиштаро баркарор кунанд ва дурустии онро санчанд.
№5
Рохи баромадро ёбед:
0 | 7/8+1/8 | 3/4+5/4 | 6/2 |
½+1/2 | 2,5-1/2 | 9,5+0.5 | 0*3.8 |
90:10 | 3/4*4 | 1/4:1/8 | 33:10 |
2,5-2,5 | 2,5+2,5 | 7/9-2/3 | 2/9:4/9 |
8/7+7/8 | 2/3*9 | 1/6 баръаксаш? | 9,5+5/10 |
4/7+5 | 9-4/6 | 3/7*1/3 | 14/2 |
Шарт чунин аст. Барои рохро ёфтан мисолхои додашударо хал бояд кард.Даромад аз 0 огоз меёбад.Рох аз руи ададхои пайдарпай муайян карда шудааст (яъне 0,1 ,2, 3,…..) хоначае ки халли мисоли он адади калонтарини натурали аст рохи баромад аст.
Дар охир бозихо чамъбаст карда мешавад.
Кори мустакилона :Супориши якчанд мисол аз китоби дарси.
Арзёби ва супориши хонаги: Омузгор дарсро чамъбаст мекунад.
Имруз чиро омухтем?
Кадом чиз барои шумо нофахмо монд?
Аз чи шумо норозиед?
Оё дарс ба шумо писанд омад?
Кадом лахзаи дарсро шумо мехостед дигаргун созед?