СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Метод шакл ва воситахои омузиши интерактиви.

Категория: Прочее

Нажмите, чтобы узнать подробности

Таълим бо усули интерактиви(хамфаъол) яке аз тарзхои натичабахш аст ва онро омухтан аз манфиат дур нест.кушиш кардаам каме дар бораи ин усул маълумот дихам.Маколахои ояндаро ба намунахои стратегияхои таълими интерактиви мебахшам.

Просмотр содержимого документа
«Метод шакл ва воситахои омузиши интерактиви.»

Метод шакл ва воситахои омузиши интерактиви(хамфаъол)

Имруз ки иктисодиёти кишварамон ру ба инкишоф аст , талабот ба мутахасисони баландмартабаро ба миён меорад.Ин аст ки мо бояд сифати таълимро дар мактаб баланд бардорем.

Хонандаи имруза аз чихати психологи куллан аз хонандаи солхои 80-ум ,2000-ум ва хатто 2010-ум фарк мекунад. Ба у он тарзи анъанавие,ки он солхо барои таълим ва тарбия мувофик буданд тамоман маъкул нест.Ин аст, омузгорон дар таълим мушкилихо доранд,ба мисоли: идора кардани хонандагон дар дарс,ба тарзи фахмо баён кардани дарс, конеъ кардани талаботи хонанда бо донишхои худ ва гайра.Хонандаи имруза баъзан хатто намехохад ки дар хона дарс омузад.Вай инчунин бо вучуди камии дониши худ аз омузгор бахои баланд мехохад.(инфлятсияи бахо) Ин хама аз он шаходат медихад ки дар сохаи таълим бояд револютсия ба амал ояд.Курси таърихро ба хотир оред: Табакаи поёни намехохад чун пештара кор ва фаъолият кунад,табакаи болои наметавонад чун пештара рохбари кунад!Яъне хонандагон намехоханд ба тарзи анъанави хонанд ва бахо гиранд,омузгорон наметавонанд бо тарзи кухна дарс гуянд.

Хозир вобаста ба ин холат усулхои зиёди таълимро пешниходи омузгорон карда истодаанд: усули фаъоли таълим, усули хамфаъол, усули таълими салохиятнок,….Агар ин усулхоро омузем онхо ба хамдигар шабохат доранд.Татбики ин усулхо дар мактабхои мо барои омузгорони мо басо мушкил аст.

Онхо (асосан омузгорони собикаи кориашон зиёд) намехоханд ин тарзи таълимро кабул кунанд.Онхо хамеша бартарии усули пештараро исбот мекунанд ва камбудихои методхои навинро нишон медиханд.

Албатта онхо дар натичаи татбики дониши худ як катор мувафакиятхоро ноил гаштаанд , бинобар ин бо онхо дар ин бора бахс нашояд.Лекин бояд ба назар гирифт ки донише ки дар натичаи шунидан ба даст меори 100% намешад. Баъзе фактхо аз хотир мебарояд,баъзе чумлахои дур аз мавзуъ илова мешавад,Мазмуни мавзуъ дар доираи фахмиши омузгор аз худ мешавад.Барои мисол бозии «гушаки»-ро бо 15-20 кас ичро кунед: Чумлае фикр кунед (мисол:Имруз соати 10 мо ба оббози ба Искандаркул бо мошини Собир меравем)Онро ба шахси дар наздатон буда гуед ва талаб кунед ки ба шахси дигар расонад, лекин факат як бор.Ин амал бояд гирд гардад ва хама иштирокчиён ин хабарро ба якдигар гушаки кунанд. Шахси охирон хабарро баланд такрор мекунад.Он гох фахмидан мумкин аст,ки хабар чи хел то охири давра расид. Мумкин ин хабар ба тарзи шикаста (Сахари ба Айни мошини Сотим мебарад) расад.Гуфтан чоиз аст ки ин хам яке аз усулхои интерактив аст. Яъне метавонед ба дарс дароеду то кайди журнали синф ба гуши хонандаи дар пеш нишаста теоремаи Пифагорро гуед ва хохиш кунед онро ба ахли синф гушаки кунад.Хам тамоми хонандагон ба он марок зохир мекунанд,ки муаллими мо ба гуши у чи гуфта бошад,ва хам як маротиба теоремаро такрор мекунанд.Шахси охирон теоремаро баланд мегуяд.Се маротиба шунидани як чумла барои хонандаи имруза басанда аст то онро ба хотир гирад.

Тарзи анъанави дар холати сахтгири ва серталабии омузгор инчунин асосан дар холати аз тарс ба дарсхони мачбур шудани хонанда ба мувафакият ноил мегардад .Дар дарси анъанави бояд синф ором бошад, хама як нафарро (ё омузгорро ё хонандаи дарсгуфтаистодаро) гуш диханд, танхо фикрхои омузгорро такрор кунанд,гуфтахои уро ичро кунанд,дар дарс бештари вактро бе фаъолият хамчун тамошобин гузаронанд.Ин амалхо албата натичабахш аст.Лек ба талаботи имруза мувофик нест.Мо шахсияти фармонбардор,беирода,тарсуро тарбия карда истодаем. Инкор мекунед? Шумо як бор шахсоне ки дар асри бист бо ин тарз тарбия ёфтаанд бо насли асри бистуяк мукоиса кунед.Фаркиятро мебинед?Ха албатта шахси гапгир хамеша бехтар аст.Лекин мо одат кардаем хамеша як хел кор кунем .Фикри худро надорем.Хатто хангоми сохтани накшаи таквими ба хусусиятхои синф нигох накарда аз якдигар рубардор мекунем: микдори соатхо баробар ,микдори корхои хатти баробар,китоби таълими якхела.Синфхона бояд як хел чихозонида шавад,гушахои синфи якхела,хозир хатто маводхои мактабиро низ якхела карда истодаанд…Фармон хаст,ки ба мактаб оварда фурухтани билету лотореяхо манъ аст.Вале ким кадом шахси болонишин ичозат медихад,дурусттараш фармони Вазири маорифро сарфи назар мекунад ва мо омузгорони хуштарбия уро дастгири карда бо вучуди будани фармон билетхоро дастраси хонандагон мегардонем.Ин як кушиш буд барои нишон додани яке аз натичахои таълими анъанави.

Вазифаи омузгори имруза ин на додан донишхои тайёр ба хонандагон , балки такмил додани фаъолияти худомузии у,ташаккули махорат ва малака дар ин самт,инчунин тарбияи мустакилият,максаднок амал кардан,фикри худро баён карда тавонистан,инкишофи шахсият аст.

Татбики усулхои нави таълим барои омузгорон як катор мушкилихо, нобарорихо ва нофахмихо меорад.Сабаби хамаи ин набудани дониши кофи аз методикаи таълим, набудани махорату малака дар ин самт, набудани маводхои зарури,набудани амал(практика).Ба хотир оред кадамхои аввалини омузгории худро оё хамон тарзи анъанавиро ба осони татбик карда будед?Не албата баъди нобарорихо, худомузихо як микдор тачриба пайдо кардеду мувафак шудед!Усули нав хам хамин маротибаи аввал ба шумо натича намедихад.Чи хеле ки шумо ба кабули ин усул тайёр нестед ,хонандаи шумо низ тайёр нест.Лекин дар натичаи ин тарзро пай дар пай (на танхо дар дарсхои кушод)истифода будан албата бартарии онро хис мекунед ва дарсхои дилгиру якранги шумо ба дарсхои марокангез ва сермахсул иваз мегардад.

Мехохам якчанд усули интерактивиро п

Ба методхои интерактиви бозии кории таълими (учебная деловая игра), мусобика,хучум ба майнаи сар(мозговой штурм),кори гурухи,эчодкори ва гайра дохил мешаванд.

(давом дорад).