Саволномаи 1
1 Иттилоот маълумоти нав дар бораи ягон ашёи муҳити атроф аст, ки сатҳи номуайянии дониши инсонро дар бораи хосиятҳои ҳамон ашё кам менамояд. Дар ҳама маврид иттилоот бояд саҳеҳ, мукаммал, муҳим, рӯзмарра, дастрас ва кутоҳ бошад, ки ин тавсифҳоро хосиятҳои иттилоот мегӯянд.
Мафҳуми иттилоот пеш аз ҳама бо амалҳои дарёфт, қабул, ғункунӣ, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, сабт, ирсол ва истифода алоқаманд аст. Маҷмӯи ин амалҳоро равандҳои иттилоотӣ мегӯянд.
Технология маҷмӯи амалҳое мебошад, ки барои расидан ба хадафҳои гузошташуда равона гардидааст.
Дониш шакли мавҷудият ва танзимноки натиҷаҳои фаъолияти маърифатӣ ва зеҳни инсон мебошад.
2 Блоки системави кисми асоситарини компютер ба хисоб меравад. Дар дохили блоки системави манбаи барк, микропротсессор, хотира ва дигар элементхои идоракунанда ва таъминкунандаи кори компютер чойгир шудааст.
Монитор. Монитор, ки онро баъзан дисплей низ меноманд, барои инъикоси матни барномахо дар дисплей истифода шуда, яке аз кисмхои хоричкунии компютер ба шумор меравад.
Клавиатура – тачхизотест, ки аз тугмачахо иборат буда, барои дохил намудани рамзхои алифбои, раками, китобати ва инчунин, барои дохил намудани фармонхои идоракунии компютерхои фарди пешбини шудааст
Мушак низ тачхизотест ки асосан барои ба компютер ворид намудани иттилоот ва идора кардани раванди кори компютер пешбини шудааст
Саволномаи 2
1 Хаҷми хотираи компютерҳои фардӣ бо байтҳо чен карда мешавад. Як байти хотираи компютерҳои фардӣ ин як қисми хотираи он аст, ки қобилияти ҳифз кардани як аломатро дорад. Бинобар ин байтро воҳиди асосии ченаки иттилоот меноманд. Воҳиди хурдтарини ченаки иттилоот ба 1 бит баробар аст. Маънои калимаи («бит»: «binary digit» яъне разряди дуӣ) мебошад.
1 Байт = 8 бит
1 Килобайт (Кбайт) = 1024 байт ;
1 Мегабайт (Мбайт) = 1024 Кбайт;
1 Гигабайт (Гбайт) = 1024 Мбайт ;
1 Терабайт (Тбайт) = 1024 Гбайт;
1 Петабайт (Пбайт) = 1024 Тбайт.
2 Блоки системави кисми асоситарини компютер ба хисоб меравад. Дар дохили блоки системави манбаи барк, микропротсессор, хотира ва дигар элементхои идоракунанда ва таъминкунандаи кори компютер чойгир шудааст.
Манбаи барк – барои чараёни электрики тагйирёбандаро ба чараёни доими додан хизмат мекунад.
Микропросессор – элементи марказии коммпютер ба хисоб меравад, ки онро низ майнаи компютер хам меноманд. Микропросессор барои ичрои амалхои арифметикию мантики, нигох доштани барномахо ва маълумоти ба онхо зарур ва идоракунии хамаи кисмхои компютер истифода мешаванд
Хотираи компютер барои сабт, нигохдори ва интиколи маълумот кор фармуда мешавад.
Хотираи компютер пас аз микропросессор элементи дуюми асоси ба хисоб меравад. Хотира ду хел мешавад: хотираи фаври ва хотираи доими.
Хотираи фаври барои муваккатан нигох доштани маълумотхо хизмат мерасонад.Микропросессор ахборотхоро махз аз хамин хотира мехонад, бо онхо амалиётхои дар барнома пешбинишударо мегузаронад ва натичахои хосилшударо боз ба хамин хотира равона месозад.
Хотираи доими барои ба муддати дуру дароз нигох доштани маълумотхо ва барномахо хизмат мерасонад. Ба хотираи доими дискхои каиш (3,5 дюйм), мудаввар (CD - дискхо), дискхои дурушт ва монанди инхо мансубанд.
Чудокунии хотираи компютер ба хотираи фаври ва хотираи доими бо суръати коркарди маълумот алокаманд аст. Дар хотираи фаври суръати коркард тезтар ва дар хотираи доими бошад, нисбатан сустар ичро мешавад. Дар хотираи доими маълумот факат ба воситаи хотираи доими сабт шуда метавонад.
Саволномаи 3
1.Чузвдони системави – пойгохи барномавии мухимтарин парвандахои системаи амалиёти ба хисоб мравад. Парвандахои чузвдони ситемави асоси системаи амалиётиро ташкил дода дар фаъолияти таъминоти барномави(кули нармаафзор)-и комптер накши калиди мебозад. Воридоти дилхох тагйирот ба мазмуни ин навъ парвандахо, метавонад ба садамахои барномавии тачхизоти гуногуни компютери ва фурупошии кулли Системаи Амалиёт оварда расонад. Ба чузвдонхои системавии СА MS Windows чузвдонхои “Компютер”, “Windows”, “Сабад”, “Шабака”, “Санадхо” ва гайра, ки таври ошкор ё ноошкор дар мизи кори система чойгир, дохил мешаванд. Восбаста аз СА, номхои ин чузвдонхо метавонанд каме дигаргун бошанд.
Чузвдони системавии «Компютер» Дар ин чузвдонхпайрохахои дастраси ба дискхои сахти компютери («С:», «D:», «E:») ва дигар барандагони иттилоот ба кайд гирифта мешавад
Чузвдони системавии «Windows» бе ягон муболига мухимтарин чузвдони СА ба хисоб рафта дар кисми фаъоли диски винчестер диски мантикии «С:» чой дода мешавад
Чузвдони системавии «Сабад» одатан дар мизи кории СА чойгир буда, парвандахоеро инъикос менамояд, ки онро аз система хазф карда шуда, барои истифодабаранда мувакатан ё абадан нолозим гаштаанд.
2. Дар компютерҳои фардӣ ба ғайр аз таҷҳизоти комплекти асосӣ боз имконияти пайваст кардани таҷҳизоти иловагӣ низ вуҷуд дорад.
Модем ва факс-модем. Барои тавассути компютер аз шабакаи саросарии Интернет (Internet) ё маҳаллии корхона истифода бурдан, бо почтаи электронӣ кор кардан, равон ё қабул намудани факс ва ғайра зарур аст
Сканер. (scanner) – таҷҳизотест, ки ба таври худкор иттилооти матниву графикиро аз коғаз ба компютер дохил менамояд.
Фотокамераи рақамӣ. аз дастгоҳи аккосии муқаррарӣ бо он фарқ мекунад, ки тасвир на дар фотонавор (усули кимиёвӣ), балки дар микросхемаи хотираи он (усули рақамӣ) ба қайд гирифта мешавад.
Плоттер. таҷҳизоти графиксоз буда, барои дар коғаз ва лӯлаҳои полиэтиленӣ тасвир намудани расм, навиштаҷот ва графику нақшаҳои компютерӣ хизмат мерасонад.
Дигитайзер низ таҷҳизоти графиксоз аст, вале вай барои ба компютер дохил намудани тасвири эҷодшудаистода хизмат мерасонад.
Саволномаи 4
1. Воситаҳои нигаҳдорӣ ва сабти иттилоотро барандагони иттилоот ном мебаранд. Одамон барои нигоҳ доштани иттилоот дар ҳар давру замон аз воситаҳои гуногун истифода бурдаанд. Аз ин рӯ, онҳо мувофиқи имкониятҳои техникии замони худ ба сифати барандаи иттилоот санг, дарахт, девор, пӯст, коғаз, фиттаи навор, дискҳои магнитӣ, нурй, лазерй, флэшкорт ва дигар воситаҳоро мавриди истифода қарор додаанд.
2. Иртибот байни сахтафзорҳои гуногуни дохилкунӣ ва хориҷкунии иттилоот бо блоки системавии компютер тавассути слотҳои (портҳои) махсус, ки онҳоро бандар мегӯянд амалӣ мегардад. Барои баъзе сахтафзорҳои аз берун бо компютер пайвастшаванда ҷойҳои махсус ҷудо карда шудааст, ки онҳоро низ бандар мегӯянд. Ин мавзеъҳо одатан дар паси (пушти) блоки системавии компютери фардӣ ҷойгир шудаанд. Дискдонҳои дискҳои чандирии магнитӣ, винчестер ва дискҳои нурӣ (лазерӣ) бошанд асосан дар дохили блоки системавӣ насб карда мешаванд.
Саволномаи 5
1. Дар ибтидо ком пютерҳо хаҷман хеле бузург будаанд. Масалам, компютери ENlAC (соли 1946) 30 тонна вазн ва 30 метр дарози доштааст. Баъдтар ширкатхои компютср- исзехсолкунанда бо истифода аз дастовардхои иави технологи ба хурд гардонидани ҳаҷми компютерҳо шурӯъ карданд. Қадами аввалин дар хурдгардонии ҳаҷми компютер ба ихтирои транзистор (соли 1948) вобаста аст. Транзисторҳо лампаҳои электрониро иваз карданд Соли 1958 Ҷек Килби усули дар як тахтачаи (пластинаи) нимнокилй насб намудани якчанд транзисторро кор карда баромад. Соли 1959 Роберт Нойс - асосгузори ширкати Intel (Интел), дар як тахтачаи беҳад хурд транзисторхои хеле зиёдро ба ҳам пайваст, ки он «нақшаи интегралй» ё «чип» ном гирифт. Соли 1970 бошад, корманди хамин ширкат Маршиан Эдвард Хофф нақшаи интегралие хосил кард, ки он аз рӯии иазифахояш ба протссссори марказии компютер монанд буд. Ин накша микропротсессори Intel-4004 номида шуд, ки он 4 бит иттилоотро кор карда баромада метавонист.
2. Барномахои стандарти дар системаи амалиётии Windows –мачмуи барномахои муфид ва маъруфе мебошад ки хангоми дар компютер насб намудани СА ба таври худкор дар компютер насб мегардад. Ба программаҳои стандартии Windows таҳриргари матнии Блокнот, таҳриргари графики Paint, протсессори матнии WordPad, программаи Калкулятор, программаи Internet Explorer, Ёрии фаври, Кайчи, ва ғайра дохил мешаванд. Файлҳои ин программаҳо дар папкаи Windows маҳфуз буда, ба воситаи Менюи асосии система ё программаҳои Компютерӣ ман ва Роҳбалад ба кор дароварда мешаванд.
Саволномаи 6
1. Дар байни хамаи барномахои системави ки истифодабарандагони компютерхо бо онхо сару кор доранд. Системахои амалиёти мавкеи махсус доранд. Системахои амалиёти барои ичрои вазифахои гуногун ба монанди идоракуни компютер ба кор омодакуни барномахо таъмини мухофизати ахбор ва ичрои хар гунна амалиётхои дигар аз руйи дархости истифодабаранда ва барномахо истифода мешаванд. Дар компютерхои хозиразамон бисёртар системахои амалиёти зерин истифода мешаванд.
2. Муҳимтарин дастгоҳҳои хориҷкунии иттилоот аз компютер (output devices) монитор ва чопгар ба ҳисоб мераванд. Монитор яке аз қисмҳои асосии компютери фардӣ буда, барои ба экран баровардани иттилооти матнӣ ва графикӣ хизмат мерасонад. Чопгар (printer – принтер) дастгоҳест, ки барои дар коғаз чоп намудани иттилоот хизмат мерасонад. Ба воситаи чопгар натанҳо иттилооти матнӣ, балки графикиро низ хориҷ намудан мумкин аст. Чопгарҳо низ ба мисли мониторҳо иттилооти тасвиршавандаро ҳам дар намуди ранга ва ҳам сиёҳу сафед хориҷ карда метавонанд. Чопгарҳо вобаста аз тарзи корашон матритсавӣ, рангпошанда ва лазерӣ мешаванд.
Саволномаи 7
1.Наслхои МЭХ. МЭХ – хо вобаста аз базаи омили, зудкори, хачми хотира ба наслхо чудо карда мешаванд. Ин чудокуни хеле шарти буда, компютер метавонад, аз рўйи базаи омилиаш ба як насл ва аз рўйи хосиятхои сохтор ба насли дигар мансуб бошад.
Дар замони хозира панч насл маълум аст:
Насли якум. Насли якуми МЭХ ба солхои 40 – 50-ум рост меояд. Базаи омили – лампахои элоктрони, зудкори – такрибан 100 амал/сония, хачми хотираи фаври – такрибан 100 калима, речаи истифодабари – монополи: захирахои мошини ва идоракунии он дар ихтиёри як шахс мебошад.
Насли дуюм. Насли дуюми МЭХ ба солхои 50 – 60-ум рост меояд. Базаи омили – транзисторхо, зудкори – такрибан 10 000 амал/сония, хачми хотираи фаври – такрибан 10 000 калима, хачми хотираи беруни (дискхо, лентахои магнити) – такрибан 10 млн.калима, речаи истифодабари – коркарди пакети, навишти барнома – забонхои алгоритми.
Насли сеюм. Насли сеюми МЭХ ба солхои 60 – 70-ум рост меояд. Базаи омили – схемахои интегралии калон, зудкори – такрибан 10 млн. амал/сония, хачми хотираи фаври – такрибан 10 млн. калима, хачми хотираи беруни – такрибан 10 млрд. калима, усули истифодабари – речаи вакти таксимкардашуда бо коркарди пакети.
Насли чорум. Аз солхои 70-ум сар карда насли чоруми МЭХ ба истехсолот рох ёфт. Базаи омили – схемахои интегралии аз хад калон, зудкори – такрибан як млрд. амал/сония, хачми хотираи фаври – такрибан 10 млн. калима. Усули кор – истифодабарии шаклхои шабакави ва алохидаи компютерхо.
Насли панчум. Лоихаи мошинахои насли панчум дар зинаи амалишави мебошад. Вале аллакай аз ин лоиха ва нусхахои тачрибавии МЭХ хулоса баровардан мумкин аст, ки дар ин чо зудкори бо хулосабарорихои мантики омехта гардонида мешавад. Усули муносибати байни истифодабаранда ва МЭХ – мубохиса бо усули мукаррарии муоширати байниодами мубаддал мегардад. Фанни барномасози хамчун илм дар оянда барои истифодабарандагони МЭХ ахамияти актуалии худро гум мекунад.
2. Бо боварии том метавон гуфт, ки соҳаи басо ҳам дастрасу маъмул ва васеътарини татбиқи компютери фардии ҷаҳони имрӯза - ин эҷодкунӣ, нигаҳдорӣ ва расонидани санадҳои матнӣ, ба монанди мактубу мақолаҳо, варақаву ҳисоботҳо, роману достонҳо ва ғайра ба шумор меравад. Барои тайѐр кардани санадҳои матнӣ ду гурӯҳи барномаҳо – виройишгарони матнӣ ва протсессорони матнӣ хизмат мерасонанд. Тавассути виройишгари матнӣ санад сохта, таҳрир карда, аз назар гузаронида ва дар хотира сабт карда мешавад. Виройишгарон хусусан ҳангоми навиштани матни барномаҳои компютерӣ беҳамтоянд. Протсессорони матнӣ дар баробари иҷрои амалиѐти зикршуда, инчунин матнро форматбандӣ мекунанд
Саволномаи 8
1. Яке аз мафхуми асосии дигари системаи Windows равзана мебошад, ки он тарчумаи калимаи англисии window (тиреза, равзана) аст. Номи системаи оператсионии Windows низ махз бо хамин мафхум вобаста аст. Хамин тарик, равзана, папка, хуччат ва программа он мафхумхоеро ташкил медиханд, ки истифодабарандаи МЭХ дар вакти кор бо системаи Windows доимо бо онхо сару кор дорад. Ин мафхумхоро хамчун объектхои кории Windows низ ном бурдан мумкин аст. равзана – объекти графикии Windows буда, барои идоракуни ва коркарди информатсияи объектхои дохилиаш хизмат мерасонад;
2. Соҳаи аз ҳама васеътарини тадбиқи компютерҳо ин сохтан ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои матнӣ аст. Қисми зиёди компютерҳои ҷаҳони имрўза ба офариниши мактубҳо, факсҳо, мақолаҳо, роману достонҳо, бланкаҳо, ҳисоботҳо ва ғайра банданд. Барои тайёр намудани ин гунна ҳуҷҷатҳо, барномаҳои махсус хизмат мерасонанд, ки онҳоро таҳриргари матнӣ меноманд. Дар байни таҳриргарони матнӣ барономаи MS Word – яке аз пуриқтидортарин ва машҳуртарини матнӣ ба ҳисоб меравад. Он ба гурўҳи барномаҳои MS Offiсе дохил мешавад. Ин барномаро, ки вазифаҳои беандоза зиёдро иҷро карда метавонад,протсессори матнӣ ҳам мегуянд.
Саволномаи 9
1….Барномахои хидмати низ ба мисли барномахои стандарти барномахои муфиди ва шинохтаи СА Windows ба хисоб меравад. Онхо низ хангоми дар компютер насб намудани СА, ба таври худкор дар компютер насб мегардад. Онхо низ хадафхои гуногуни хизматрасони ба система ва чузъхои алохида онро амали мегарданд.
Барномахои хидмати дар кисмати Хидмати Windows-и номгуи замимахои СА чой дода шудаанд. Дар ин кисмат истифодабаранда метавонад ва функсияхо ва параметрхои гуногуни СА дасраси пайдо намуда, тавассти барномахои мазкур ба дискхои компютер ва худи СА хар гуна амалиёт гузаронад.
2…. Агар хоҳем, ки матни санад дар варақи коғаз тибқи талаботи пешниҳодшуда чоп шавад, бояд интихобҳои муносиби саҳифаи чопиро муайян намоем. Барои амалӣ гаштани ин мақсад афзорҳои зерини блоки Интихобҳои саҳифа (Параметры страницы), ки ба банди Нишонагузори саҳифа (Разметка страницы)-и менюи равзанаи барнома тааллуқ доранд. Чопи матни санад дар коғаз. Барои чопи санад бояд аз байни зербандҳои банди Парвандаи менюи барнома зербанди Чоп кардан (Печать) интихоб ва пахш карда шавад.
Саволномаи 10
1..Тавре ки кайд карда шуд, дар Панели масъалахои Мизи кории системаи Windows тугмаи Пуск мавчуд аст. Пас аз пахш кардани тугмаи чапи муш дар экран пайдарпайии нишонахои номдоре пайдо мешавад, ки онро Менюи асосии системаи Windows меноманд Менюи асосии Windows яке аз элементхои асоситарини идоракунии система ба хисоб меравад. Бо ёрии бандхои Менюи асоси тамоми амалиёти ба система вобастаро ичро намудан мумкин аст.
2…Виростори графикӣ — воситаи сохтан, корбурд, таҳрир, пешниҳод, интиқол ва чопи иттилооти графикӣ мебошад. графиксозии компютерӣ яке аз самтҳои зудрушдёбанда ва муосири технологияи иттилоотӣ ба ҳисоб рафта, виросторони графикӣ бошанд, ба абзори асосии натанҳо рассомон ва зебоисозон (дизайнерон)-и касбӣ табдил ёфтаанд, балки онҳо дастраси ҳар як истифодабарандаи одии компютери фардӣ гаштаанд.
Саволномаи 11
Одатан хангоми тасвирсозӣ дар компютер ба ғайр аз донистани андозаи тасвир, боз дастрас намудани маълумот оид ба миқдори рангҳои, ки дар парванда рамзбандӣ карда
шудаанд, хеле муҳим аст Дар графиксозии компютери се модели ранги - RGB, CMYK ва HSB истифода бурда мешавад. Модели рангии RGB. Усули аз ҳама маъмули рамзбандии рангҳо ин модели RGB мебошад. Дар ин модел ранги дилхох бо ёрии комбинатсияи тобишҳо ва ҷилои се ранги асосӣ - сурх (red), сабз (green) ва кабуд (blue) сохта мешавад. Тарзи корбарӣ бо модели рангии CMYK ба мисли расмкашии мукаррарӣ аст, яъне бо истифода аз маҷмааи рангҳо ва варақи қоғаз. Аз ин модел бештар вақте истифода мебаранд, ки агар тасвирро дар қоғаз чоп кардан зарур бошад. Рангҳои таркибии (асосии) модели CMYK рангҳои осмонӣ (cyan), гулобӣ (magenta), зард (yellow) ва сиёх (black) ба ҳисоб мераванд. Ин рангҳо дар натичаи аз ранги сафед кам намудани тобиши рангҳои таркибии модели RGB хосил мешаванд.
Саволномаи 12
Таҳриргарони графикӣ барои сохтан ва таҳрир на- мудани расму графикҳо пешбинӣ карда шудаанд. Программаи Paint – яке аз таҳриргарони оддитарини графикӣ ба шумор меравад. Гарчанде воситаҳои ин программа имкониятҳои васеи сохтани расмҳои дараҷаи касбиро надошта бошанд ҳам, вале омўзиши он ҳамчун про граммаи стандартии Windows дар истифодабарии таҳриргарони пуриқтидори CorelDraw, Fotoshop ва ғайра беандоза калон мебошад. Равзанаи таҳриргари графикии Paint Панели асбобҳо Сатри меню Сатри сарлавҳа Палитраи танзимсози асбобҳо Палитраи танзимсози рангҳо Майдони корӣ
ғайр аз донистани ному тарзи навишти амалҳои арифметикй, ададхо ё мафхуму калимахои забонхо, боз донистани қоидаҳои мушаххаси ич