СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Маълумоти умуми дар бораи пешоб

Нажмите, чтобы узнать подробности

II.Байёни ва фаҳмонидани мавзўи нав:1 слайд

Ташхиси таҳлилгоҳū дар айни ҳол яке аз ҷойҳои пешбаранда дар илми тиб ва маҳсусан дар таҷрибаи клиникū ишғол менамоянд.

Таҳлилҳои гуногуне, ки дар таҳлилгоҳҳои клиникū – диагностикū гузаронида мешавад, иловагū мебошанд, баъзе вақт бошад усулҳои нотакрори муоинаи одами бемор мебошад.

Ташхиси таҳлилгоҳū мавҷудияти худро аз ташаккули тиб аз охирҳои асри 18 ва авали асри 19 оғоз меёбад.

Пайравҳои вафодори ақидаҳои М.В.Ломоносов дар илми тиби Россияи он вақта С.Г.Забелин(1735-1802), Д.С.Самойлович(1744-1805), А.М.Шумлянскиū (1749-1795) ва дигарон буданд, ки меҳнати худро дар таъсиси тиби ватанū гузоштанд. Дар миёнаи асри 19 дар Россия соҳаҳои зерини табиатшиносū: биология, анатомия, физиология, химия (кимиё) инкишофи худро ёфтанд.

Намояндагони калонтарини тиби клиникū дар Россия дар аввалу миёнаи дуввуми асри 19 М.Я.Мудров (1776-1831), Г.А.Захарьин (1829-1897), С.П.Боткин (1832-1889), А.А.Остроумов (1844-1908) буданд.

Таҳлилгоҳи клиникū – ташхисū барои гузаронидани таҳлил, ки дар бораи вазъи саломатии шахси бемор маълумоти объективū медиҳад, хизмат мекунад. Дар аксарияти таҳлилгоҳҳои (озмоишгоҳҳои) клиникū,

кимиёвū, биокимиёвū, гематологū, серологū ва бактериологū гузаронида мешаванд: аз қабили таҳли пешоб, наҷосат, оганаи меъдавū ва дуоденалū, хун, сабзонидани микробҳоро дар ғизои махсуси тайёршуда ва ғ-ра, ҳайати тибии миёна – фелдшерҳо, лаборантҳо (озмоишгарҳо, таҳлилгарҳо), ҳамшираҳои тиббū мегузаронанд.

Мавод барои таҳқиқ метавонад ҳар гуна мабдаъи (субстракт) биологū яъне хориҷҳои гуногуне, ки организми инсон ҷудо мекунад: пешоб, наҷосат, оби даҳон, арақи бадан, ҷудошавандаҳои узви таносулли ҷинсū, шир, дар ҳолати беморū – балғам, инчунин ҳар гуна моеҳои биологū, ки бо роҳи сўзанзанū гирифта ё ин, ки бо роҳи кашида гирифта мешаванд, ба монанди хун, моеи ҳароммағз, оганаи (содержимое) варамҳо, эксудатҳо, трансудатҳо, ғадудҳо, мағзи устухонҳо,мавҷудияти меъдавū ва дуоденалū (оби меъда ва шираи рўдаи борик) ва ғайра. Ба ғайр аз ин мўй сар, нохун, пораҳои пўсти бадан, ҷудошавандаҳои захми пўст ва ғайра таҳти таҳлил қарор гирифта метавонанд.

Ихроҷ

Раванди озод шавии организм аз маҳсулоти мубодила, ки организм истифода бурда наметавонад моддаҳои бегона ва заҳр дор, оби барзиёд, намакҳо, пайвастагиҳои органикие мебшанд. Ба узвҳои ихроҷ гурдаҳо, шуш, пуст ( ғадудҳои арақ ва чарбу), роҳи ҳозима ва ғадудҳои ҳозима дохил мешаванд. Аҳамияти асосии узвҳои ихроҷ аз нигоҳдориии доимияти таркиб ва ҳаҷми моеъҳои дохили организм, пеш аз ҳама хун иборат мебошад. ВАЗИФАҲОИ ГУРДА- гурдаҳо узви асосии хориҷ кунанда буда, вакзифаи асосии гурдаҳо аз инҳ ибрат аст:

Танзими ҳаҷми хун ва дигар моеъҳои организум, таркиби иони моеъҳои мҳити дохили, муовзинати атсиду алкал фишори шараёни ва эритропоэез:

Берун намудани маҳсулоти интиҳоли мубодилаи нитроген ва барзиёди моддаҳои органики бо ғизо дохил шаванда ё дар рафти мубодилаи (метаболизм) ҳосил шуда.

Иштирок дар инкретсияи ферментҳо ба моддаҳои фаъоли физиологи (гемопоетинҳо, ренин, брадикинин, простогландинҳо, витамини Д3)

Чунин навъҳои таҳқиқи пешоб мавҷуданд: 2 слайд

Клиникū

Биохимикū

Бактериологū

Миқдори пешоб

Дар вақти гузаронидани таҳлили умумии пешоб миқдори овардашудаи онро чен намекунанд, зеро ченкунии якмаротибагии портсияи саҳарū, ки барои таҳлил оварда шудааст, аҳамият надорад. Агар духтур диурези шабонарўзиро таҳлил карданū бошад, пас, бояд пешоби дар муддати як шабона рўз хориҷшуда чамъ оварда шавад. Дар роҳхат бояд зарурати муайян намудани миқдори пешоб таъкид шуда бошад.

Диурези шабонарўзаи шахси солим 1100-1600 мл.-ро ташкил менамояд. Миқдори тарашшуҳоти (ҷудошавии) пешоб дар як шабонарўз каму зиёд (тағūир) шуданаш мумкин аст. Кўдакон вобаста ба синну сол миқдори пешобашон гуногун аст: то 1 соларо 500–700мл, аз 1 сола то 5 соларо 600 – 900 мл, аз 5 сола то 10 соларо 700 –1200мл, аз 10 сола то 14 соларо 1000–1500мл, дар як шабонарўз. Миқдори он ба ҳолати гурдаҳо ва системаи пешобҷудокунū, инчунин аз миқдори чизҳои моеъи нўшидашуда вобастааст.

Полиурия - хориҷ гардидани миқдори зиёди пешоб. Ин ҳодиса дар ҳолатҳои дар ҳаҷми зиёд истеъмол намудани чизҳои моеъ, ҳангоми истеъмоли хўроки хушк, табларза, гирифторū ба бемории диабети қанд ва

ғайриқанд, вайрон шудани реабсорбатсияи (ҷаббидани) об дар роҳҳои гурда ба амал меояд.

Олигурия - яку якбора кам гардидани миқдори пешоб. Ҳангоми хўрдани хўроки хушк, гирифторū ба бемории табларза, қайкунū, дарунравū, варам кардани узвҳои бадан, дар вақти бемориҳои невроз (чунун), неврит (илтиҳоби асаб) рўй медиҳад.

Анурия - қатъ гардидани ҷудошавии пешоб. Ин ҳодиса ҳангоми гирифтор шудан ба шакли вазнин ва шадиди бемории неврит, невроз, дар натиҷаи варам кардан ё бо сабаби пайдо шудани санг баста гардидани роҳҳои пешобгузар ба амал омада метавонад.

Никтурия - шабона хеле зиёд гардидани хориҷшавии пешоб. Ин ҳодиса ҳангоми бемориҳои дил, невросклероз, систопиелит мушоҳида мешавад.

Ранги пешоб. 3 слайд

Ранги пешоби солим зард, зарди сафедранг (нимранг зард) ё зарди каҳранг мешавад. Дар ҳолатҳои беморū ранги пешоб тағйир ёфта метавонад.

Пешоби сафедтоб ё беранг дар вақти мубтало гардидан ба касалиҳои диабети қанд, диабети ғайриқанд, невросклероз, зуд нест шудани варамҳо, баъди истеъмоли зиёди нўшокū ё воситаҳои дигари пешоброн дучор меояд.

Ҳангоми арақкунии шадид, қайкунū, дарунравū ва умуман дар ҳолатҳои аз организм хориҷ гардидани об ранги пешоб зарди баланд шуда метавонад.

Пешобе, ки ранги пиворо дорад, яъне сиёҳи қаҳваранг аст, ҳангоми бемориҳои зардпарварин ва зардпарвини механикū дучор меояд. Дар ҳолатҳои ба бемориҳои хун гирифтор гардидан ранги пешоб ба ранги чойи фомили баланд монанд мешавад. Дар вақти бемории шадиди неврити гурда, сил ё лат хўрдан ранги пешоб метавонад ба ранги оби гўшт монанд шавад. Баъзе доруҳо ранги пешобро тағйир медиҳанд. Дар суръати истеъмол намудани синкаи метилинū ранги пешоб кабуд ё сабз мешавад.

Шаффофии пешоб.

Дар пешоби муқарари ҳамаи моддаҳои таркиби он дар шакли ҳал шуда, буда бинобари ин он шафофо аст. Агар пешоб ҳангоми хориҷ шави ношафоф бошад ин аз мавҷудияти миқдори зиёди намакҳо, ҷузъиётҳои ҳуҷайра ( эротросит ва лейкотсит) бактерияҳо луоб ва қатраҳои чарбу шаҳодат медиҳад. Сабаби ношафофии пешоб тахминан бо чунин роҳҳо муаян карда мешава: агар ҳангоми гарм кардани 4-5мл пешоб ранги он шафоф гардад ин тираги аз ҳисоби намакҳои турши уратҳо ба амал омадааст. Агар пас аз гарм кардани ранги тираи пешоб тағйир наёбад, ба он 10-15 қатра тезоби сирко илова карда мешавад, агар тиргаии урра ва ё қисман нест шавад, сабаби тираги мавҷудияти фосфато аст. Агар шафофоияти пурраи пешобро ба даст наорем, пас тарибби чунин пешоб ишқори буда, дар он микробҳо ва ҷузъиётҳои ҳуҷайра мавҷуданд. Шафофшавии пешоб ҳангоми илова намудани 4-5 қатра тезоби хлорид аз мавҷудияти оксалати калсиӣ шаҳодат медиҳад.

Бўйи пешоб. 4 слайд

Бўйи пешоб барои ташхиси беморū қариб аҳамияте надорад. Ҳангоми муддате истодан пешоб турш шуда, бўйи тез ва нагуворро, ки ба бўйи навшодир монанд аст, мегирад. Дар ҳолати дар таркиби пешоб мавҷуд будани атсетон бўйи он мисли бўйи мева, вино ё атсетон мешавад.

Реаксияи пешоб.

Реаксияи пешоби одами солим ҳангоми истеъмоли хўрокиҳои гуногун андаке турш ё нейтралū, ҳангоми истеъмоли фақат гўшт – турш, дар вақти истеъмоли хўрокиҳои растанū – ишқорū мебошад. pH пешоб дар меъёр аз 4,5 то 8,4. Реаксияи пешоб аз бисёр ҷиҳат ба фосфатҳои турш ва

ишқорū вобастааст. Муҳити пешоби одами солим дар ҳолати истеъмоли муқарари ба ҳисоби миёна рН=6,25+6,36 (аз 5 то 7) аст. Барои муайян намудани реаксияи пешоб метавон аз индикатор, яъне аз коғази лакмусū, бромтимолсин, маҳлули 1% спирт истифода бурд. Агар ранги индикатор зард шавад, реаксияи пешоб турш аст, агар ранги индиктор бўр (сиёҳтоб) гардад, пас рекасияи пешоб турши сабук мебошад. Дар сурати ранги сабз, ранги алаф гирифтани индикатор реаксияи пешоб нейтралū, ҳангоми ранги бўри сабзтоб ҳосил кардани индикатор рексияи пешоб ишқории сабук шуморида мешавад. Агар ранги индикатор сабз ё кабуд шавад, реаксияи пешоб ишқорū мебошад.

Таҳшин

Баъди муддате истодан дар пешоб пардаи сабуке пайдо мешавад, ки аз намакҳои гуногун иборат аст. Баъди сахт хунук шудани пешоб дар он аз намакҳои турш таҳшини ғализ пайдо мешавад. Таҳшин метавонад аморфū, яъне ғайри кристаллū, кристаллū, сафедранг, қирмизū ё сурх, фаровон ё кам бошад. Агар дар таркиби таҳшин уратҳо мавҷуд бошанд, он ҳангоми гарм кардан ва ҳамроҳ кардани ишқори 10% хуб ҳал мешавад. Уратҳо танҳо дар муҳити туршū хориҷ мешаванд.

Таҳшинҳои ғайримуташаккил.

Ба таҳшинҳои ғайримуташаккил намакҳо ва ташкилаҳои дигари кристаллҳо дохил мешаванд. Вобаста ба реаксияи пешоб таҳшинҳои намак дар пешоб гуногун мешаванд. Баъзе намакҳо ҳам дар пешоби турш ва ҳам дар пешоби ишқорū дучор меоянд.

Дар пешоби турш оксалатҳо, уратҳо ва кислотаи пешоб мушоҳида мешаванд. Уратҳо намаки пешоби турш мебошанд, ки баъди муддате истодани пешоб таҳшини аморфии рангаш сафед ё гулобū ҳосил менамоянд. Уратҳо дар ишқор ё ҳангоми гармкунии пешоб ҳал шуда, вақте ки пешоб хунук шуд, боз пайдо мешаванд.

Уратҳо ҳангоми зиёд истеъмол намудани хўроки гўштū, ба бемориҳои табларза, подагра, касалиҳои гурда гирифтор шудани одам таҳшин мешаванд.

Кислотаи пешобро бо усули микроскопҳо ошкор мекунанд. Кислотаи

пешоб намуди регрезаҳои кристаллиро дошта, рангаш бўр мебошад. Он дар ишқор ҳал мешавад. Дар зери микроскоп кислотаи пешоб ба шакли ромб, шашкунҷаҳо, бочкачаҳо ва ғайра, ки рангашон зард аст, намудор мегардад.

Оксалатҳо шакли чоркунча доранд ва дар кислотаи хлорид халал мешаванд. Оксалатҳо дар пешоб ҳангоми хўрдани ғизои растанū ё дар гурда пайдо шудани санг дучор меоянд.

Дар пешоби ишқорū фосфатҳо, трипельфосфатҳо ва амонийи пешоби турш вомехўранд. Онҳо дар кислотаҳо ҳал мешаванд. Дар зери микроскоп ба шакли доначаҳои беранги дар як ҷо ҷамъшуда вомехўранд.

Трипельфосфатҳо, ки шаклашон дарозрўя аст, ҳангоми як муддат истодани пешоб пайдо мешаванд.

Таҳшинҳои муташаккил. 5 слайд

Ба таҳшинҳои муташаккил инҳо дохил мешаванд:

Ҳуҷайраҳои ҳақиқии хун – (эритроситҳо ва лейкоситҳо).

Ҳуҷайраҳои пўст (ҳуҷайраҳои эпителū).

Силиндрҳо

Таҳшинҳои муташаккили пешоб бо ду усул – тахминū ва миқдорū таҳқиқ карда мешаванд.

Усули тахминū усули хеле маъмул буда, аз он бисёр истифода мекунанд, аммо ин усул натиҷаҳои аниқ намедиҳад. Маълумотҳои гирифташуда ба миқдори пешоб, гардиши сентрифуга, ба то кадом андоза дуруст гирифта шудани пешоб ва чū тавр тайёр шудани реактив вобаста мебошанд.

Лейкоситҳо дар пешоб ба шакли ҳуҷайраҳои донашакли лўндаи рангашон хокистарū ошкор мешаванд. Инҳо асосан нейтрофилҳо мебошанд. Дар пешоби одами солим лейкоситҳо ба миқдори кам дучор меоянд ҳангоми касал шудани гурда ва роҳҳои пешобгузар миқдори лейкоситҳо хеле меафзояд.

Эритроситҳо дар пешоби одами солим ба шакли ҳуҷайраҳои танҳо дучор меоянд. Онҳо метавонанд тағйирнаёбанда (яъне дар таркиби худ гемоглобин дошта) ё тағйирёбанда (гемоглобин надошта) бошанд. Эритроситҳо ҳангоми бемориҳои нефрит, инфракти гурда, сили гурда, пиелит, систит, уретрит ошкор мешаванд.

Дар таҳшинҳои пешоб ҳучайраҳои эпителияи паҳн, эпителияи масона (пешобдон) ва эпителияи гурдаро ошкор кардан мумкин аст. Эпителияи роҳҳои пешобгузар чунин нишонаҳо дорад: ҳучайраҳо ҳаҷм ва

шакли гуногун доранд, рангашон зардтоб аст, дар давраи тағйиротҳои

дегенеративū қарор доранд. Онҳо дар пешоби одами солим хеле кам дучор мешаванд.

Дар пешоби одами солим эпителияи гурда ошкор карда намешавад. Он дар вақти касалиҳои нефрит ва нефроз вомехўрад.

Силиндрҳо одатан дар пешобе, ки сафеда дорад, дучор меоянд.

Силиндрҳо гиалинū, донашакл, ба шакли мум (восковидные), эритроситарū, лейкоситарū, эпителиалū мешаванд. Онҳо ҳангоми бемориҳои нефроз, нефрит, протеинурия, зиёд хасташавии чисмонии одам ошкор мегарданд. Силиндрҳои донашакл танҳо ҳангоми бемориҳои гурда ба назар мерасанд. Дар ҳолатҳои ба бемориҳои нефроз ва нефрити кўҳна мубтало гардидан, заҳролудшавии одам силиндрҳои мумшакл пайдо шуда метавонанд.

Силиндрҳои эритроситарū ҳангоми шаклҳои гуногуни гематурияи гурда дучор меоянд ҳангоми нефрити шадиди геморрагū (геморрагический нефрит) силиндрҳои гемоглобиниро метавон мушоҳида кард.

Муайян намудани вазни қиёсии пешоб 6 слайд

Вазни қиёсии пешоб ба воситаи урометр муайян карда мешавад. Урометр асбоби ариометрū буда, барои муайян намудани вазни қиёсие, ки ба вазни қиёсии об наздик аст, пешбинū шудааст. Одатан аз урометри универсалū истифода мебаранд, ки ҷадвали (шкалаи) аз 1,000 то 1,060

дорад. Нишондиҳандаи аз ҳама ками зичии нисбū дар болои ҷадвал, нишондиҳандаи аз ҳама зиёд дар поёни ҷадвал ҷой гиронида шудааст. Чуқурии ғўтонидани урометр ба зичии моеъ вобастааст. Агар зичии нисбū кам бошад, урометр чуқуртар ғўтонида мешавад.

Ҳолати паст шудани вазни қиёсии пешоб дар ҳангоми касалиҳои гуногуни асаб, ҳолатҳое, ки гурдаҳо қобилияти тамаркуз намудани пешобро гум мекунанд. Дар вақти бемории диабети ғайриқанд вазни қиёсии пешоб ба 1,001 – 1,004 баробар мешавад.

Ҳолати баланд шудани вазни қиёсии пешоб дар ҳангоми бемориҳои диабети қанд, табларза, дар вақти тасб кардан, варам овардан, бемориҳои гурда ва ғайра. Дар вақти бемории диабети қанд вазни қиёсии пешоб ба 1,030 – 1,040 баробар мешавад.

Мувофиқи меъёр вазни қиёсии пешоб дар одами солим дар давоми як шабонарўз аз 1,014 – 1,025 баробар мешавад.

Изостенурия - қобилияти тамаркуз намудани пешобро гум кардани гурдаҳо. Дар вақти изостенурия муддати дурудароз вазни қиёсии пешоб ба (1,010 – 1,011) баробар мешавад.

Гипостенурия – кам шудани вазни қиёсии пешоб. Дар вақти гипостенурия муддати дурудароз вазни қиёсии пешоб ба (1,007 – 1,015) баробар мешавад.

Гиперстенурия – зиёд шудани вазни қиёсии пешоб.

Техникаи муайян намудани вазни қиёсии пешоб.

Пешобро ба силиндри борик резед. Қутри (диаметри) силиндр бояд

1 - 2 сантиметр аз қутри урометр калонтар бошад. Пешобро аз паҳлўи

силиндр тарзе резед, ки кафк пайдо нашавад. Агар кафк пайдо шавад, онро ба воситаи коғази полоиш (филтр) бартараф намоед. Урометрро оҳиста-оҳиста ворид кардан лозим аст, то ин ки қисми аз сатҳи пешоб боло будаи он тар нашавад. Вақте ки воридшавии урометр қатъ гардид, ба он аз боло андаке фишор овардан лозим аст. Ҳангоми ҳисобкунū силиндрро тарзе дар даст нигоҳ доштан зарур аст, ки сатҳи болоии моеъ ба сатҳи чашм баробар бошад. Агар урометр ба девори силиндр часпад, онро бароварда, тоза карда, аз нав ба цилиндр ворид мекунанд.

Таҳлили умумии пешоб. Барои таҳлили умумии пешоб пагоҳи ҳамаи иссаҳои онро баъди тоза шустани узвҳои таносул ҷамъ мекунанд. Пешоб дар зарфи тоза ва хушк ҷамъ карда шуда, на камтар аз 30 дақ баъди гирифтан бояд таҳлил карда шавад. Дуру дароз нигоҳ доштани пешоб ва тағйир ёфтани хусусиятҳои физикӣ, афзоиш кардани бактерияҳо ва вайроншавии элементҳои таҳини пешоб оварда мерасонад. Дар ҳолати зарури барои бардавом нигоҳ доштнаи пешоб ин маводҳоро истифода мебаранд:

Маҳлули мюллерӣ ( сулфати натрӣ-10г, бикарбонати калӣ-25г дар як литр об ҳал шуда), 5мл маҳлулро бо сад грам пешоб илова менамоянд.

Маҳлули хлороформ ( 3-7,3 мл хлорофорро дар 1л об ҳал мекунанд) ба миқдори 20-30мл ба 1л пешоб илова мекунанд

Дар ҳарорати паст нигоҳ доштан ( аз ҳама усули беҳтарини нигоҳдори пешоб). Таҳлили пешоб муайян кардани таркиби физики, химияви ва таҳлили микроскопиро дар бар мегирад.

Таҳлили физикӣ. Миқдори пешоби пагоҳирӯзи 150-250мл баробар аст. Пешоби муқарари ранги зарди паст дорад дар ҳолати қабули дорувориҳо ( амидопирин, салисилатҳо ва ғ) ё истеъмоли ғизо (лаблабу) ранги пешоб тағйир меёбад дар ҳолати гематоурия ранги пешоб ба обшустаи гушт монандаст ва ҳангоми билирубинурия ранги зарди баланд ва сурхчатобро мегирад.

Категория: Биология
13.05.2019 04:06


Рекомендуем курсы ПК и ППК для учителей

Вебинар для учителей

Свидетельство об участии БЕСПЛАТНО!