СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ

Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно

Скидки до 50 % на комплекты
только до

Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой

Организационный момент

Проверка знаний

Объяснение материала

Закрепление изученного

Итоги урока

Тобишҳои ранг

Нажмите, чтобы узнать подробности

Одатан хангоми тасвирсозӣ дар компютер ба ғайр аз донистани андозаи тасвир, боз дастрас намудани маълумот оид ба миқдори рангҳои, ки дар парванда рамзбандӣ карда шудаанд, хеле муҳим аст. Ранги ҳар як пиксел бо ёрии миқдори муаӣяни битҳо рамзбандӣ карда мешавад. Яъне компютер дар мавриди корбарӣ бо рангҳо низ бо вохидҳои хурдтарини иттилоот сару кор дорад. Тавре маълум аст, хар як бит метавонад яке аз ду қимат - 1 ё 0-ро қабул намояд. Вобаста ба он, ки барои ифодаи ранги як пиксел чандто бит ҷудо карда мешавад, тарзҳои гуногун ва мувофиқи рамзбандии рангҳо руӣи кор меоянд. Масалан, бе душворӣ дарк намудан мумкин аст, ки агар барои рамзбандӣ як бит иттилоот истифода бурда шавад, он гоҳ дар ҳар як пиксел танҳо ё ранги сафед (қимати 1) ва ё ранги сиёҳ (қимати 0)-ро ҷойгир намудан имконпазир асту халос. Рамзбандии рангиеро, ки дар он барои тасвири як нуқта танҳо як бит иттилоот истифода бурда мешавад, рамзбандии моноҳромӣ меноманд. Миқдори иттилоотеро, ки барои рамзбандии ранги нуқтаи тасвир истифода бурда мешавад, амиқии ранг меноманд. Амиқии ранги тасвирҳои ранга бо ёрии 4, 8, 16 ё 24 бит иттилоот чен карда мешавад. Масалан, агар дар рамзбандии нуқтаи тасвир чор бит иттилоот истифода шавад, он гоҳ бо ёрии комбинатсияи рақамҳои дуии 0000, 0001,., 1111 шонздаҳ (24=16) ранги гуногунро рамзбандӣ кардан имконпазир мегардад. Ва агар барои амиқии ранг 8 бит истифода бурда шавад, он гоҳ 28=256 (аз 00000000 то 11111111) ранги гуногунро рамзбандӣ кардан имконпазир мегардад. Агар хангоми ченкунии амиқии ранги тасвири ранга аз 16 бит иттилоот истифода бурда шавад, он гоҳ имконияти рамзбандии 216=65536 ранги гуногун мухаӣё мегардад. Дар ин маврид чунин рамзбандиро рамзбандии рангҳоӣ баланд (high colors) ном мебаранд. Ва хамин тариқ агар дар рамзбандӣ аз 24 бит истифода баранд, он гоҳ тасвирро бо ёрии 224= 16777216 ранг, тобиш ва сояҳои рангии имконпазир тавсиф додан мумкин аст. Чунин иқтидори ранги барои таъмин намудани олитарин фаъолияти касбии дилхоҳ рассоми моҳир басанда аст. Ин тарзи рамзбандиро (24 битро) рамзбандии рангҳои асил (true colors) меноманд. қайд кардан бамаврид аст, ки агар дар парванда барои рамзбандии ҳар як пиксел 24 бит иттилоот ҷудо карда шуда бошад, холо ин маънои онро надорад, ки ҳамаи рангҳои имконпазир ба пуррагӣ дар маҷмааи ранги (палитра) ҷойгир карда шудаанд. Чунки барои амалӣ гардонидани ин мақсад имкониятҳои техникии чории мониторхо низ даст намедиханд. Тарзи тақсим намудани рангҳоро ба компонентҳоӣ асосӣ модели ранги меноманд. Дар графиксозии компютери се модели ранги - RGB, CMYK ва HSB истифода бурда мешавад. Модели рангии RGB. Усули аз ҳама маъмули рамзбандии рангҳо ин модели RGB мебошад. Дар ин модел ранги дилхох бо ёрии комбинатсияи тобишҳо ва ҷилои се ранги асосӣ - сурх (red), сабз (green) ва кабуд (blue) сохта мешавад. Яъне, рангҳои сурҳ сабз ва кабуд дар модели RGB рангҳои таркибиро ташкил медиханд. қимати тобиши ҳар яке аз ин се ранг як баӣт (ададе аз фосилаи 0 то 255) ғунҷойиш дошта, ба воситаи ду рақами системаи 16-ӣ (аз 00 то FF) тасвир карда мешавад. Ва бо хамин рох ҳар як ранг ба воситаи се ҷуфт рақами 16-ӣ (ба мисли санадҳои HTML) ифода карда мешавад. Аз модели RGB бештар дар рангсозии экрани мониторҳо ва телевизорҳои хонагӣ истифода мебаранд. Мисол: Дар забони HTML рамзи ранги сиёх; - 000000, сафед - FFFFFF, зард - FFFF00 ва ғайра қабул шудааст. Барои ҳосил кардани ранги зарди тира (торик), баландии тобиши рангҳои сурх ва сабз бояд якхела кам карда шаванд, яъне А7А700. ҳар кадар қимати рамзии ранги таркиби калон бошад, худи ранг низ хамон кадар дар экран равшантар (пурҷилотар) тасвир карда мешавад. ҳангоми омехтакунии ду ранги таркибии пурҷило ранги хосилшуда низ пурҷило тазлид меёбад. Модели рангии CM YK. Тарзи корбарӣ бо модели рангии CMYK ба мисли расмкашии мукаррарӣ аст, яъне бо истифода аз маҷмааи рангҳо ва варақи қоғаз. Аз ин модел бештар вақте истифода мебаранд, ки агар тасвирро дар қоғаз чоп кардан зарур бошад. Рангҳои таркибии (асосии) модели CMYK рангҳои осмонӣ (cyan), гулобӣ (magenta), зард (yellow) ва сиёх (black) ба ҳисоб мераванд. Ин рангҳо дар натичаи аз ранги сафед кам намудани тобиши рангҳои таркибии модели RGB хосил мешаванд. Дар модели CMYK, баръакси натичаҳои модели RGB, таквият бахшидан ба тобиши рангҳои таркибӣ - ба паст гардонидани равшании ранги хосилшуда оварда мерасонад. Аз модели CMYK бештар хангоми рангсозиҳои типографӣ истифода мебаранд. Модели рангии HSB. Тавре маълум гашт системаҳои рангии RGB ва CMYK бо махдудиятҳои сахтафзорхо (монитори компютер - барои холати RGB ва рангсозии типографӣ - барои холати CMYK) мувофиқ гардонида шудаанд. Яъне ин моделхо асосан тамоюли техникӣ доранд. Модели рангии HSB бошад, хеле сода офарида шуда, асосан тамоюли зехнӣ дорад. Яъне он махз барои рушди истеъдоди инсон равона гардидааст. Модели рангии HSB дороӣ се компонента зерин мебошад: * тобиш (hue - тон) - шакли мушаххаси зухури ранг; * пуррагӣ (saturation - насыщенность) - шидҷати серии тобиши ранг; * дурахши ранг (brightness of the colour - яркость цвета) дарачаи баландии ҷилои ранг. Ин модели ранги дар он вироӣишгарони графикие татбиқ карда мешавад, ки онҳо на барои коркарди тасвирҳои таӣёр ё нимтаӣёр, балки барои ба таври дастӣ сохтани тасвирҳои нав пешбинӣ шудаанд. Ин гуна барномаҳо чунон мухити эҷодии рассомро тақлид мекунанд, ки ваӣ вокеан ба мухити аслии кории моҳир хеле шабохат дорад. Дар онҳо тамоми афзорҳои касбии рассом (қалам, мӯқалам, фломастер, хатпоккунак ва ғайра), маводҳои ранги (акварел, гуаш, равган, туш, пастел ва ғайра) ва воситаҳои тасвирсозӣ (матоъи заминавии тасвир, картон, қоғази шолӣ ва ғайра) пешбинӣ шудаанд. Дар модели рангии HSB қимати ранг хамчун векторе, ки аз маркази доӣра ибтидо мегирад, интихоб карда мешавад. нуқтаи марказии доӣра ранги сафед ва нуқтаҳои сархадии он рангҳои шаффоф доранд. Равиши вектор тобишҳои рангиро муаӣян сохта, бо дарачаҳои кунҷӣ ифода карда мешавад. Дарозии вектор пуррагии рангро ифода менамояд. Дурахши ранг бо ёрии тири алохида тасвир карда мешавад. Рассом асари бадеии худро аввал бо ёрии модели HSB эчод мекунад. Баъд вобаста аз он ки ваӣ ин асарро бо ёрии эран ба намоӣиш гузоштан мехохад ва ё дар қоғаз (матоъ) чоп намуда, фотонамоӣиш ташкил кардан мехохад, тавассути яке аз моделҳои RGB ва ё CMYK онро коркард менамояд.

Категория: Информатика
12.03.2019 04:01


Рекомендуем курсы ПК и ППК для учителей

Вебинар для учителей

Свидетельство об участии БЕСПЛАТНО!