Геометрия синфи 8
Хати шикастаи сарбастаи содаи дороӣ чор қисмро чоркунҷа меноманд.
Порчае, ки ду қуллаи муқобили чоркунҷаро пайваст мекунад, диагонали чоркунҷа номида мешавад. AC,DB
Дар чоркунҷа суммаи дарозии тарафҳоро периметр меноманд: P=AB+BC+CD+ AD
Чоркунҷае, ки нисбат ба хати рости аз тарафи дилхоҳаш гузаронидашуда дар як нимҳамворӣ мехобад, чоркунҷаи барҷаста номида мешавад.
Суммаи кунҷҳои чоркунҷаи барҷаста ба 360° баробар аст.
Кунҷе, ки ба кунҷи дохилии чоркунҷа ҳамсоя аст, кунҷи берунии чоркунҷа номида мешавад.
______________________________________________________________________________
Чоркунҷае, ки тарафхои муқобилаш ҷуфт-ҷуфт параллеланд, параллелограмм номида мешавад.
Масоҳати параллелограмм ба ҳосили зарби асос бар баландӣ баробар аст. S = a*h
периметр P=2*(a+b)
Порчае, ки аз қулла ба тарафи параллелограмм перпендикуляр фуроварда шудааст, баландии параллелограмм ном дорад.
______________________________________________________________________________
Параллелограмме, ки ҳамаи кунҳояш ростанд,росткунҷа номида мешавад.
Масоҳати росткунҷа ба ҳосили зарби бар ва дарозиаш баробар аст: S = a*b.
периметр P=2*(a+b)
______________________________________________________________________________
Параллелограмме, ки ҳамаи тарафҳояш баробаранд, ромб номида мешавад.
Масоҳати ромб ба ҳосили зарби дарозии тараф ва баландиаш баробар аст. S = a*h
Масоҳати ромб ба нисфи ҳосили зарби диагоналҳояш баробар аст. S=
п
ериметр P=4*a
Росткунҷае, ки ҳамаи тарафҳояш баробаранд, квадрат ном дорад.
Масоҳати квадрат ба квадрати тарафаш баробар аст S = a* a
периметр P=4*a
______________________________________________________________________________
Чоркунҷае, ки фақат ду тарафи муқобилаш параллеланд, трапетсия номида мешавад.
Масоҳати трапетсия ба ҳосили зарби нимсуммаи асосҳо бар баландиаш баробар аст.
S=
периметр P =a+b+c+d
______________________________________________________________________________
Хати шикастаи сарбастаи содаи дороӣ се қисмро секунҷа меноманд.
20.Масоҳати секунҷа ба нисфи ҳосили зарби дарозии асос ва баландиаш баробар аст.
S=
периметр P =a+b+c
_____________________________________________________________________________________
21. Хати шикастаи сарбастаи содаро бисёркунҷа меноманд.
22.Порчае, ки ду қуллаи ҳамсоя набудаи бисёркунҷаро мепайвандад, диагонали бисёркунҷа ном дорад.
23.Суммаи кунҷҳои дохилии п-кунҷа ба (п-2)*1800 баробар аст.
Формулаи миқдори диагоналҳои п-кунҷа d=
[email protected] tel:+992918431653