СДЕЛАЙТЕ СВОИ УРОКИ ЕЩЁ ЭФФЕКТИВНЕЕ, А ЖИЗНЬ СВОБОДНЕЕ
Благодаря готовым учебным материалам для работы в классе и дистанционно
Скидки до 50 % на комплекты
только до
Готовые ключевые этапы урока всегда будут у вас под рукой
Организационный момент
Проверка знаний
Объяснение материала
Закрепление изученного
Итоги урока
Математика шохи хамаи фанхост.
Дар асоси нақшаи нави таълими фанни Математика барои солҳои таҳсили 2016-2020 ва вобаста ба зиёд шудани соатҳои таълимӣ барои синфи 6, дар мазмуну мундариҷаи китоби дарсии ин фан баъзе тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд. Таърифҳои нишонаҳои тақсимшавии ададҳои 2,3,5,9,10 ва ғ, ки дар китоби амалкунанда нопурра буданд, пурра карда шуданд. Минбаъд,ин нишонаҳо шакли ҳам зарурӣ ва ҳам кифоягиро мегиранд. Шарти баъзе масъалаҳои китоб нопурра ва таҳрирталаб буданд.Бо баробари ислоҳ шудани камбудиҳои имлоӣ,забони китоби дарсӣ бо “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”(Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.10.2011 бо № 458) мутобиқ гардонида шуд. Дар нашрҳои пештараи китоб баъзе аз мавзӯъҳо аз барномаи таълимӣ берун монда,баъзеи дигарашон,масалан масъалаҳои матнӣ, баръакс, аз ҳад зиёд маънидод шудаанд.Мавзӯи “Нисбат ва таносуб” таҳрир карда шуда,мавзӯъҳои “Масштаб ва истифодаи он “ ба китоби дарсӣ ворид карда шуданд.Дар ин нашр мавзӯи“Аз фолклори математикӣ”илова шудааст,ки супоришҳои он барои бедор кардани шавқи донишомӯзӣ, шиносоӣ бо таърихи математикаи ниёгонамон хизмат мекунанд. Дар нашри чорум пас аз ҳар боб супоришҳои тестӣ ва корҳои санҷиширо мутобиқ ба барномаи амалкунандаи таълим илова кардаем, ки онҳо метавонанд баҳри ба таври муназзам ба роҳ мондани корҳои мустақилонаи хонандагон мусоидат намоянд. Дар охири китоби дарсӣ бобҳои V111 ва 1Х илова карда шудаанд, ки якуминашон барои бо забони математикӣ хубтару пурратар навиштану хонда тавонистани формулаҳо ва ифодаҳои математикӣ мусоидат хоҳад кард. Боби 1Х бошад давоми мантиқии мавзӯъҳои синфи 6 ба шумор меравал.Ҳама мавзӯъҳои китоб бо супоришҳо ва машқҳо пурра карда шудаанд. Китоби мазкурро барои таълими фанни математика дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тавсия додан мумкин. Хоҳишмандем, фикру мулоҳизоти хешро доир ба мазмуну мундариҷаи китоби “Математика-6” бо суроғаи ш.Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ 5, ба Литсейи равияи табиию риёзии ДМТ ирсол намоед.
© 2020, Davronov Ahmadzhon Abdukadyrovich 632